sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ МАЙИ СОЛИ 2023
2781

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Имрӯз ба ҳар тавсияе, ки пайвандон медиҳанд, гӯш дода, мувофиқи он амал намоед. Дар рушд ёфтани кор бароятон кумаки наздикон лозим меояд. Он чизеро, ки аз дӯстдоштаатон хоста будед, имрӯз иҷро мекунад. Барои бехатарии худ аз дасти одамони бегона чизе нахӯред

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Агар хоҳед, ки аз роҳбарият гап нашунавед, фориғболиро канор гузоред. Барои забон ёфтан бо рақибон ва имзои санадҳои муҳим рӯзи мувофиқ аст. Нимаи дувуми рӯз каме ташвишовар мешавад. Нисбат ба саломатиатон беаҳамиятӣ накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Имрӯз шуморо як қатор навгониҳо дар соҳаи тиҷорат интизор аст. Аввали рӯз вохӯрии муҳиме шуморо хушҳол мекунад. Ба овозаву гапҳои беасос гӯш накунед. Дар мавриди коре, бо чашми хеш надидаед, қазоват накунед. Саломатиатон давоми рӯз шуморо ташвиш намедиҳад

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз таъриф ва хушгӯиҳои роҳбар болидарӯҳ мегардед. Табъи хуш боиси рӯзи бомуваффақияти шумо мегардад. Нақшаҳои нави худро оиди пешравии касбу кор пешниҳод кунед, фурсат мувофиқ аст. Дар ҷодаи муҳаббат низ имрӯз комёб хоҳед гашт.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Аввали рӯз баъзе нофаҳмиҳо ба миён меоянд, ки дар ҳалли он ба шумо танҳо шахсони наздикатон кумак карда метавонанд. Имрӯзро дар иҳотаи дӯстон гузаронидан хубаст, аммо аз рафтан ба дискоклубҳо худдорӣ намоед. Дилдодаатонро бо тӯҳфа ва ё суханони ширин хушҳол намоед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Бештар вақт ва ҳушу ёди хешро ба кор равона кунед. Аз оғози шиносоии нав тавасути шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ намоед, вагарна ба оқибатҳои ногувор мерасонад. Эҳтиёткор бошед, зеро эҳтимоли гум кардани ҳамёнатон вуҷуд дорад. Барои оғози парҳез фурсати мувофиқ аст.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Нафароне, ки таҳти ин бурҷ қарор доранд, ягона мақсади зиндагӣ карданро дар тоза будани атрофи хеш меҳисобанд. Бештар асабӣ шудани мизонҳо аз ҳамин сабаб аст. Нафаре, ки шуморо дӯст медорад наметавонад, ки дар дилхоҳ вақти ба шумо мусоид ба мулоқот биёяд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзатон хуш мегузарад. Эҳтимол ғайричашмдошт ба нафаре ошиқ шавед. Дастгирии ишқи ояндаатон ба шумо роҳҳои навро мекушояд. Акнун каме бештар ба худ аҳамият диҳед, ба варзиши сабук машғул шавед, ороиши мӯй ва либоспӯшиатонро дигар кунед. Ин кор боиси хуб шудани саломатӣ ва ҳолати рӯҳиатон мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Ҳамеша банди корҳоятон чӣ гуна калон шудан ва аз шумо дур шудани фарзандонро намефаҳмед. Ҳоло, ки дер нашудааст, бо онҳо меҳрубон бошед. Муҳаббати худро ба наздикон бештар намоед, то он ба шумо баргардад. Барои рафъи фишорбаландӣ бештар пиёдагардӣ кунед ва аз муноқишаҳо дур бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Кӯшиш кунед, ки корҳои муҳиматонро дар ин рӯз ба нақша нагиред. Агар таъдир кумак кунад, шояд вазифаи нав гиред. Аз оне, ки зиёд ба машрубот дода шудаед, наздикону пайвандон нигаронанд. Шоми имрӯзро дар иҳотаи аҳли оила гузаронед то хушҳол гарданд. Фаромӯш насозед, ки аз узрпурсӣ қадратон кам намешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Ҳангоми гузаштан аз роҳи мошин бояд нисбатан эҳтиёткор бошед, зеро хавфи ҷароҳат гирифтанатон мавҷуд аст. Рӯз барои сафар ва хариди калон номувофиқ аст. Ҳар хабареро, ки дар мавриди дӯстдоштаатон мешунавед, комилан таҳқиқ кунед ва танҳо пас аз тасдиқ ё рад шудани он амал кунед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Бояд барои ба пуррагӣ ба анҷом расонидани кори оғозкардаатон имрӯз то дергоҳ дар корхона бимонед. Натиҷаи меҳнататонро ба зудӣ мебинед. Ҳарчанд аз кор хаста баргардед ҳам, бояд нисбат ба наздикон дағалрафторӣ накунед. Онҳо пазмони меҳрубониҳои шумоанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД