Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2023
2137

 

Ҳамал

Дар ин рӯз кӯшиши тағйир додани чизеро накунед. Шумо заҳмати зиёд кашидаед, вақти истироҳататон фаро расидааст. Мушкилоти оилавӣ ё ташвиши рӯзгор боиси хароҷоти иловагиятон мегардад. Нафароне, ки фарзанд доранд, дар тарбияи ҷигарбандон каме ҷиддитар бояд шаванд.

 

Савр

Аз субҳи содиқ нофаҳмиву мухолифатро интизор бошед. Дар бораи наздикони худ хабарҳои ногувор шунида, дар соҳаи касбӣ нобарориҳо дида мешавад. Бо вуҷуди сар задани душвориҳо руҳафтода нагардед. Мушкилиҳои сарзада бо мурури замон рафъ мегарданд, аз нав руҳатон болида мегардад.

 

Ҷавзо

Агар ба таъхир афтидани корҳоятонро намехоста бошед, дар ин рӯз мустақилона амал кунед. Барои изҳори муҳаббат ва хостгорӣ рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ кори нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар саломатии мардҳо мушкилӣ сар мезанад.

 

Саратон

Дар ин рӯз нисбати шахси наздикатон ба дағалӣ роҳ надиҳед. Қабл аз танқид кардан ба камбудиҳои худ назар намоед. Вазъи молиявиатон қариби бегоҳ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нафароне, ки бо кори савдо машғуланд, қариби бегоҳ пешниҳоди хуби ҳамкорӣ мегиранд.

 

 

Асад

Дар ин рӯз нафаре, ки аз шумо маблағи калон қарздор буд, онро бармегардонад. Эҳтимол барои хона хариди калон мекунед. Агар имкон дошта бошед, имрӯзро дар оғӯши табиат гузаронед. Ҳама гуна коре, ки фаъолнокиро металабад, ба шумо вазнинӣ меорад. Хуб мебуд, ки саховатмандиро пеша намоед.

 

Сунбула

Дар ҳаёти шахсиятон ташвишу изтироб ба дилатон роҳ меёбад. Агар маблағи ҷамъкардаатонро сарфа накунед, дигар соҳиби пул намешавед. Мушкили фарзандон ва наздикон аз шумо диққати зиёдро металабад. Бо шиносҳои худ хушгуфтор бошед. Дар ин рӯз яке аз мушкилоти оилавии худро рафъ месозед.

 

 

Мизон

Аз сафари роҳи дур сахт хаста мегардеду натиҷаашро намебинед. Ба ишқбозиҳои бемаънӣ даст назанед, вагарна наздиконатон бохабар мегарданд. Мизонҳои оиладор бояд ақли солимро пеша намоянд. Хастагии зиёд боиси асабхаробӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ хариди калон карданро тавсия намедиҳем.

 

 

Ақраб

Дар ин рӯз барои бо дӯстон ба сафар баромадан хуб аст. Пешниҳоди ҷойи кори навро аз даст надиҳед. Барои он ки аз муноқишаҳои оилавӣ халосӣ ёбед, кунҷи танҳоиро ихтиёр карданатон беҳтар аст. Натиҷаи ҳодисаҳои чанде пеш рухдода боиси хира гаштани табъ ва нохуб гаштани вазъи саломатӣ мегардад.

 

 

Қавс

Баъзе лаҳзаҳоеро, ки ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасонанд, таҳлил карданатон лозим меояд. Сафарҳои корӣ ва вохӯриҳои банақшагирифта хуб ҷараён мегиранд. Агар шумо вақту қувваи худро дуруст тақсим карда тавонед, ягон камбудӣ сар намезанад. Дар ҳаёти шахсӣ ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша мекунед.

 

 

Ҷаддӣ

Бештар ба амри дили худ гӯш диҳед, на ба маслиҳати дӯстон. Дар байни дӯстонатон нафароне ҳастанд, ки ба шумо ҳасад мебаранд. Ҷаддиҳои муҷаррад ҷуфти худро пайдо мекунанд. Агар шумо ба муҳаббат аз нигоҳи аввал бовар надошта бошед, имрӯз ба маънии ин гуфтаҳо сарфаҳм меравед.

 

Далв

Дар ин рӯз обрӯву нуфузи худро боло бардоштан муяссаратон мегардад. Зимни суҳбатҳои дилгарм ҳатто рақибон ҷонибдори шумо мегарданд. Далви муҷаррад сахт ошиқ мешавад. Далвҳои оиладор бошанд, ошиқ ё маъшуқа пайдо мекунанд. Хариди калонро ба таъхир гузоред.  

 

Ҳут

Дар ин рӯз аз сустиродагии атрофиён истифода набаред, вагарна худатон ба дом меафтед. Рафту дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмӣ сар занад, беҳтараш ба ин бо ҳазл назар намоед. Дар замини наздиҳавлӣ меҳнат кардан ба фоидаи саломатиятон аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД