arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2021
3054

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Корҳои зиёдеро, ки аввали ҳамин моҳ ба анҷом расонида будед, натиҷаашро мебинед. Барои бештар муваффақ гаштан бояд зиёдтар меҳнат кунед. Барои дур сохтани фикрҳои мағшуш ба худ туҳфа тақдим намоед. Атрофиён нисбати ҳамалҳои меҳрубону нармгуфтор дилгарм мешаванд.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, маблағи калон сарф карданро маслиҳат намедиҳем. Вазъияти беҳтареро интизор шуда, баъд дилпурона амал намоед. Бо корҳое, ки ба саломатиатон зарар меоранд, машғул нашавед. Эҳтимоли сар задани сӯхтор ё дуздида шудани пулҳоятон вуҷуд дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Боз як рӯзи бебарорро аз сар мегузаронед. Нафаре ба шумо фишор меорад ё зери таъсири нафари бегонае мемонед. Барои аз ғалатҳо эмин мондан боэҳтиёт бошеду боақлона рафтор намоед. Аз муноқишаҳои хурд бо бонувон худдорӣ намоед. Ба сайругашти шабона баромаданро маслиҳат намедиҳем.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз нақшаҳои худро бобарор амалӣ месозед. Бо нафаре шинос мешавед, ки дар оянда сахт дӯсташ медоред. Вақти худро бо корҳои нолозим сарф накунед. Нафаре аз содагиву зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳад. Ба ғалати тақдирсозе роҳ доданатон имкон дорад, аз ин рӯ, ҳушёриро пеша намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Пешравӣ дар касбу кор аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом андоза шумо аз ӯҳдаи корҳои душвор баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз дар хонаву ҷойи коратон вазъияти душвор ба амал меояд. Ба касе гузашт накунеду хатои пештараро такрор накунед. Аз мушкилиҳои муваққатии пулӣ дилмонда нашавед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Душвориҳои пешомадаро сабурона паси сар кунеду дар вазъиятҳои душвор гузашт карданро омӯзед. Баъди нисфирӯзӣ бо корҳои ҷисмонӣ машғул шудан ба саломатиятон фоида мебахшад. Сайругашт дар ҳавои тоза хобатонро бароҳат ва асабатонро ором месозад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бо сабаби он ки атрофиён асабиву дағал мешаванд, ҳодисаҳои ногувор зиёд мешаванд. Асаби шумо низ дар ин рӯз чандон ором нест. Беҳтараш аз баҳсу мунозираҳо дурӣ ҷӯед. Боинтизом бошеду худро ба даст гиред ва аз танқид кардани наздикону атрофиён худдорӣ намоед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба ҳама кор диққати зиёду эҳтиёткорӣ зоҳир намоед. Вазъи молиявиатон чандон хуб нест. Барои ба даст овардани маблағ ба корҳои хатарнок даст назанед, беҳтараш хароҷоти худро кам кунед. Дӯстдоштаи худро бо суханони пучу бемаънӣ дилгир насозед. Саломатиятон дар ин рӯз хуб аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Сустиродагӣ боиси сар задани мушкилиҳо мегардад. Дар касбу кор пешравӣ дида намешавад, даромади пулӣ низ ба даст намеоред. Имрӯз ба касе бовар накунед, беҳтараш бо амри дил амал намоед. Муносибататон бо дӯстдоштаатон бад мегардад, барои он ки байнатон муноқиша сар назанад, босабру меҳрубон бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи бебарор аст. Тақдир ба шумо як қатор санҷишу имтиҳонҳоро пеш меорад. Эҳтимоли фиребу хӯрдану дилмондагӣ ва ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Робита бо шахсони бароятон наздик ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам мекунад. Аз бозору мағоза рафтан худдорӣ намоед, вагарна маблағи зиёд сарф мекунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи серташвиш аст. Дар ҳама кор бо хости дили худ амал намуда, ба нуқтаи назари бегонагон гӯш надиҳед, вагарна маблағи пулиро аз даст медиҳед. Аз ҳар гуна робита худдорӣ намоед, то нерӯи худро барои суҳбатҳои беҳуда сарф накунед. Эҳтимол, ба ғазаби нафаре гирифтор мешавед ё чизеро гум мекунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст, ба корҳоятон диққати ҷиддӣ диҳед. Дар ҷойи кор рух додани муноқиша бо ҳамкорон имкон дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, зеро душманатон бори дигар ба шумо зарар расонидан мехоҳад. Барои пайдо намудани манбаи нави даромад рӯзи мусоид аст. Аз хӯрокҳои зарарнок парҳез кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД