Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3543

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои истироҳати бофароғат рӯзи муосид аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, қаблан қувваи кории худро ба инобат гиред. Кӯшиш намоед, ки дар ин рӯз бемор нашавед, вагарна дар табобат душворӣ мекашед. Шахсеро, ки дӯст медоред, бо рашки беасос ва саволҳои бемаврид ҷонбезор накунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бебарор аст, нерӯи ҳаётиятон паст мегардад. Аз хариди калон ё амалиётҳои иқтисодие, ки боиси маблағгузорӣ мегарданд, худдорӣ намоед. Ситораҳо имрӯз таваккал кардану ба ҳиллаву найранг роҳ доданро маслиҳат намедиҳанд. Ба вохӯриҳои тасодуфӣ бовар накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Агар шумо ба сафар баромаданӣ бошед ё худатон мошин меронда бошед, дар роҳ боэҳтиёт бошед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштану рух додани садама вуҷуд дорад. Ситораҳо бо ишқварзӣ машғул шуданро низ дар ин рӯз маслиҳат намедиҳанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз робитаро бо шарикони нави корӣ ба роҳ монда, тамоми ҳунару маҳорати худро нишон доданатон лозим меояд. Обрӯву нуфӯзатон имрӯз хеле баланд мешавад. Маблағи пулие, ки дар даст доред, то охири моҳ бояд расонед, вагарна азоби бепулӣ мекашед. Барои ин сарфакор буданатон лозим аст.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз хотиратон парешон ва асабатон ноором мегардад. Мушкилиҳои хурди рӯзгор ва масъалаҳои молиявӣ шуморо бештар азият медиҳанд. Барои сарфаҳм рафтани вазъият душворӣ мекашед, зеро вақту нерӯятон басандагӣ намекунанд. Баъди нисфирӯзӣ ба кӯдакон диққати бештар диҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Қобилияти баланди корӣ дар рафъ намудани тамоми корҳоятон, хусусан, дар корҳое, ки диққати зиёдро талаб мекунад, мадад мерасонад. Даромади ногаҳонӣ имкон дорад. Барор дар муносибатҳои шахсӣ низ ҳамсафари шумо мегардад. Ҳунару маҳорати шуморо имрӯз қадр мекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бебарорест барои робита бо ҳамкорон, таҳсил ва оғози кори нав. Нофаҳмиву хурдагириҳои атрофиён маънои онро дорад, ки дар роҳатон монеа эҷод кардан мехоҳанд. Рӯҳафтода набошед. Эҳтимол, наздикон аз шумо кӯмак мепурсанд. Вазъи саломатиятон аз тарзи хӯрок хӯрданатон вобастагӣ дорад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз субҳи содиқ интизори нофаҳмиву муноқиша бо атрофиёнатон бошед. Кӯшиши нафареро дастгирӣ кардану хоҳиши роҳбарӣ карданатонро роҳбарият хуш қабул намекунад. Нақшаву мақсади аниқ надоштанатон боиси парешонҳолӣ ва дар рафтори худ беэътимод буданатон мегардад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Бо вуҷуди сар задани вазъияти ногаҳонӣ муносибати худро бо атрофиён хуб ба роҳ монда, вазъи молиявиатонро беҳтар созед. Муваффақияти коратон аз матонат ва дурандешии шумо вобастагӣ дорад. Нуқтаи назари шуморо танҳо нафаре, ки дӯстатон медорад, дастгирӣ мекунаду халос.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои робита бо шарикони корӣ, илмомӯзӣ ва оғози кори нав. Эҳтимол, як қисми маблағи худро аз даст медиҳед ё маблағеро, ки интизораш будед, ба даст оварда наметавонед. Эҳсосоти худро назорат намоед, вагарна дучори душвориҳо мегардед. Нисбати саломатии худу наздиконатон бодиққат бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз обрӯву нуфӯзатон дучанд мегардад. Бо мушкилии хурди оилавӣ ва рафъ намудани мушкилиҳои молиявӣ дучор мегардед. Пайдо шудани дарди сар нишонаи хастагиятон аст. Истироҳат дар ҳавои кушод ва ҳаммоми гарм ба фоидаи саломатии шумо хоҳад буд. Финҷони қаҳваро фаромӯш накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба роҳбарияти муассисасаву идораҳо муроҷиат кардану иваз кардани ҷойи корро маслиҳат намедиҳем. Аз субҳи содиқ нофаҳмиву низоъ табъатонро хира мегардонад. Ба моҷаро дода нашавед. Агар худро дар ҳама ҳолат ба даст гирифта тавонед, мушкилиҳо ба фоидаи шумо ҳал мешаванд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД