Ҳамал (21 март-20 апрел)
Тамоми орзуву умедҳоятон дар ин рӯз амалӣ шуда метавонанд. Мушкилиҳои пешинаи худро рафъ месозед, ба саволҳои муҳиматон посух меёбед. Нияту нақшаҳои худро аз атрофиён пинҳон надоред. Рӯзи хубест барои харидкунӣ. Барои оғози сохтмони хона ё тиҷорати якҷоя рӯзи бобарор аст.
Савр (21 апрел-22 май)
Агар бодиққату эҳтиёткор бошед, рӯзи бобарор мешавад. Баъзе ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, бароятон хеле ногаҳонӣ ҳастанд. Ба ҳар ғалату иштибоҳе, ки даст мезанед, ба зудӣ рафъ мегардад. Агар дар ҳисобу китоб эҳтиёткор бошед, дар ин рӯз хариди начандон калон кардан мумкин аст.
Ҷавзо (23 май- 21 июн)
Баъзе зодагони мучали ҷавзо амалу кирдорҳои худро ба ёд оварда, камбудиву ғалат меҷӯянд. Дар ин рӯз бо кор ё тиҷорат машғул нашавед, беҳтараш нағзакак истироҳат намоед. Сиру асрори худро ба касе фош насозед, умуман ҳар хабари носанҷидаро паҳн насозед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Рӯзи пур аз навгониҳо аст. Баъзеҳо хабарҳоеро мешунаванд, ки нақшаҳоятонро тағйир додан лозим меояд. Нақшаву ниятҳоятон зиёд мегардад, вале дарҳол амалӣ сохта наметавонед. Баъзе корҳову ваъдаҳои додаатонро фаромӯш месозед. Эҳтимоли гум кардани чизи қимматбаҳоятон дар назар аст.
Асад ( 23 июл- 23 август)
Рӯзи хуб аст, вале корҳоятон тавре, ки нақша кашида будед, амалӣ намешаванд. Монеаҳои сарзадаро сари вақт рафъ сохта метавонед. Дӯстони дерин маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Нафароне, ки издивоҷ намудан мехоҳанд, шитоб карданашон лозим нест. Баъди нисифрӯзӣ нисбати наздикон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Бо вуҷуди ташвишу саргардониҳо диққати худро ҷамъ намуда, корҳои нотамомро ба анҷом мерасонед. Бо ҳамфикрону ҳамақидаҳо вохӯрданатон муфид аст. Сафарҳо бобарор анҷом меёбанд. Дар ин рӯз касе шуморо ба манфиати худ истифода бурда наметавонад.
Мизон (24 сентябр- 23 октябр)
Агар боисрор бошеду ба ҳадаф наздик шудан мехоста бошед, ба комёбӣ ноил мегардед. Ботаҳамул бошеду бо касе муноқиша накунед. Ин кори душвор аст, хусусан агар нисфирӯзӣ нофаҳмиҳо зиёд шаванд, сабур бошед. Бо нафаре дил бастанатон имконпазир аст, ки ба шумо мувофиқ нест.
Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)
Шуморо рӯзи аҷиб интизор аст. Ҳодисаҳо зиёд мешаванд, зиқ намешавед. Ташаббус нишон дода, аз нақшаву ният ҳолатон ба дӯстон хабар диҳед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона. Мушкилиҳои дар ин рӯз сарзадаро дар танҳоӣ рафъ насозед. Нафароне пайдо мешаванд, ки ба шумо кӯмак мерасонанд.
Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)
Дар ин рӯз шитоб накунед. Агар бодиққат бошед, аз ҳодисаҳои ногувор амон мемонед. Оромиро риоя намоед он гоҳ ҳақ будани худро собит намуда метавонед. Рӯзи хубест барои харид кардан, молҳои босифат мехареду хароҷоти беҳуда намекунед. Бо таъмири хона машғул шуда метавонед.
Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз бо нафаре забон меёбед, ки пештар муносибатҳоятон бад буд. Нерӯи худро бо дӯстон барои кори муҳиме сарф карда метавонед. Туҳфаву армуғонҳо эҳтимол доранд. Нафаре изҳори муҳаббат мекунад. Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи бобарор аст. Барои коре, ки пештар анҷом дода будед, маблағ ба даст меоред.
Далв (21 январ- 20 феврал)
Чизе осон ба даст намеояд, вале шумо барои муваффақ гаштан аз таҳти дил заҳмат мекашед. Эҳтимол воситаи хуби пулкоркуниро пайдо месозед. Наздикон аз комёбиҳои шумо шод мегарданд. Рӯзи хубест барои қабули меҳмон.
Ҳут (21 феврал- 20-март)
Др ин рӯз бо кори душвору дилгиркунанда машғул шудан намехоҳед, балки истироҳат кардан меоҳед. Харидҳоятон бобарор мешаванд. Ҷавоҳироту ашёҳои харидаатон дергоҳ табъатонро болида месозад. Туҳфаҳои қиматбаҳо гирифтанатон имкон дорад. Ба хонаи нав кӯчидан, харидани мебел ва таъмир карданро тавсия намедиҳем.