Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз бо аввалин ишора аз пайи ҳар нафари пешомада давиданро маслиҳат намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона ба ҳар кас дил набандед. Кореро, ки боиси рехтани обрӯятон мегардад, накунед. Барои нафароне, ки ба ҷойи кори нав ё хонаи дигар кӯчидан мехоҳанд, рӯзи бобарор аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Ҳангоми сарфи пул хеле боэҳтиёт бошед, ба хариди беҳуда роҳ надиҳед. Бо сабаби норасоии пул ё рашки беасос байни зану шавҳарон муноқиша имкон дорад. Аксарият чизҳои қимматбаҳояшонро гум мекунанд, ки арзиши зиёде доранд. Барои ба даст овардани пули муфт ба бозиҳои пулакӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Нимаи аввали рӯз хабарҳои ногаҳонӣ ва ҳодисаҳои ғайриоддӣ имкон доранд. Вазъи саломатиятон нохуб гашта, ҳолати рӯҳиятон бад мегардад. Асабхаробӣ, рӯҳафтодагӣ ва ҳатто ҳасад хӯрдан боиси бемор шуданатон мегардад. Бо сабаби баланд будани масунияти бадан бемориҳои сироятӣ ба шумо таъсир намерасонанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои истироҳат, машқҳои ҷисмонӣ ё кор дар ҳавои тоза рӯзи мусоид аст. Бонувонро дар ҳаёти шахсӣ тағйиротҳо интизоранд. Мардҳо бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, интизори тағйиротҳои беҳтар шаванд. Дурӯягӣ боиси бад шудани муносибатҳо бо атрофиёнатон мегардад.
Асад (23 июл-22 август)
Тағйиротҳои муҳим ва хабарҳои ногаҳониву нохуш имкон дорад. Пешниҳоди хуби корӣ мешавад, вале ба саросемагӣ роҳ надиҳед, зеро ғалат кардану касеро ранҷониданатон эҳтимол дорад. Баъди нисфирӯзӣ саломатиятон нохуб гашта, пешомади бадро ҳис мекунед. Дар ҳаёти шахсӣ ба рашку ғурур роҳ надиҳед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи номусоид аст. Корҳои хона аз шумо кӯшиши зиёдро металабанд, аксари мушкилиҳоро дарҳол рафъ карда наметавонед. Аз ҳад зиёд фаъолшавӣ натиҷаи хуб намедиҳад ва танҳо хастагӣ меорад. Бонувон ба тағйиротҳои манфӣ гирифтор мешаванд. Мардҳо бояд нисбати дӯстдоштаашон боилтифот бошанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бобарор аст, мушкилиҳои сарзадаро ҷасурона рафъ месозед. Хариди калон ва чизҳои қимматбаҳо имкон дорад. Вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад, бемалол чизҳои даркориро дастрас намоед. Барои беҳтар гаштани муносибатҳои ошиқонаатон бояд рафтори худро тағйир диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Саховатмандии аз андоза зиёд ё баръакс зихнагии ногаҳонӣ боиси муносибати сарди атрофиёнатон мегардад. Вохӯрии ошиқона ва харид карданро мавқуф гузоред, зеро бебарор анҷом меёбанд. Ба мушкилии молиявӣ бепарвоӣ зоҳир накунед ва манбаъҳои дигари даромадро пайдо созед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аввали рӯз воқеаҳои ғайриоддӣ имкон доранд, ки на ҳамааш табъи дили шумоянд. Аз ҳад зиёд кӯшиши озод буданро накунед, вагарна дар оила муноқиша сар мезанад. Агар ба ғазаб омадани худро эҳсос кунед, барои ором шудан каме истиҳола намоед. Дар ин рӯз гузашт карданро пеша намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имкони ба даст овардани пул дар ин рӯз зиёд аст. Орзуи наҷибтаринатон ҷомаи амал мепӯшад. Аввали рӯз ҳодисаҳои ногаҳониву ногувор имкон доранд. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намоед. Бо шарикони корӣ дар масъалаҳои пулӣ нофаҳмӣ имкон дорад. Дар ҳар ҳолат худро ба даст гиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи душвор аст. Аз фиреб хӯрдану ба доми макр афтидан эҳтиёт шавед. Ба сафару саёҳат баромаданро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз шикастани оина фоли бад аст. Бо таъмир ва ободонии хона машғул нашавед. Дар хоб дидани дандони дардманд аз бемор шудан ё робита бо нафарони беинтизом дарак медиҳад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бо сабаби пеш омадани мушкилиҳои рӯзгор ва норасоии пул бо аҳли оила муноқиша имкон дорад. Нисбати дӯстдоштаатон гузашт кунеду меҳрубонӣ зоҳир намоед. Корҳои нав оғоз кардаатон бобарор мешаванд, вале беҷуръатӣ ё нафарони бегона ба рафти коратон таъсири манфӣ мерасонанд.