Formula september
Толеъномаи 2-юми апрели соли 2024
02.04.2024
ОИЛА.ТҶ
3292

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҷои коратон тағйироти назаррас имкон дорад. Нимаи дуюми рӯз даромади пулӣ ба даст меоред. Аз фишори рӯҳӣ эҳтиёт шавед, ҳолати ҷисмониатон аз ҳолати рӯҳӣ сахт вобастагӣ дорад. Барои рафъи бехобӣ оббозӣ дар ҳаммоми гарм ва нӯшидани лимучой бо асал манфиатбахш аст. Қабл аз он ки бо наздикони худ муноқиша мекунед, оқибаташро андеша намоед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз уҳдаи корҳои зиёде баромада метавонед. Рӯзи хубест барои фаъолияти тиҷоратӣ, пули хуб ба даст оварданатон имконпазир аст. Агар минбаъд низ худро ҳамин тавр эҳтиёт намоед, саломатиро мустаҳкам месозед. Шиносоие, ки ҳангоми сафар рух медиҳад, ба муносибати ошиқона мубаддал мегардад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Аз нигоҳи молиявӣ рӯзи бобарор аст, маблағи хуб ба даст оварда метавонед. Бо камоли майл ба нафароне кумак мерасонед, ки дучори мушкилиҳои ҷиддӣ гаштаанд. Чашмони худро эҳтиёт кунед. Дар утоқи нимторик мутолиа накунед ва дар як рӯз аз шаш соат бештар назди компютер нишастанро тавсия намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона сабру таҳаммул пеша намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. На ҳама кор табъи дили шумо анҷом меёбад. Ба муноқишаи дигарон кашида мешавед, вале ба мусолиҳа оварда наметавонед. Нафаре, ки ба шумо кумак расонида буд, ба саратон хӯҷаинӣ кардан мехоҳад. Дар саломатиятон ягон мушкилӣ дида намешавад, вале табъатон хира мегардад. Бо машқи бадан машғул шуда, витамин истеъмол намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Хабари дар ин рӯз шунидаатон боиси ба ташвиш омадану тағйир додани нақшаҳояшон мегардад. Барои харид кардану бартараф намудани мушкилиҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Мулоқоти ошиқона баъди нисфирӯзӣ табъатонро хира месозад. Асаби худро мустаҳкам созед, аз ҳолатҳои фишоровари рӯҳӣ ва асабхаробӣ дурӣ ҷӯед. Танҳо бо нафароне робита намоед, ки боварӣ дошта бошед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз бо бонувон муросо кардан осонтар аст. Бо сабаби истеъмоли хӯрокҳои зарарнок, аз қабили кока-кола, ҳолати меъдаи шумо табоҳ мегардад. Эҳтимол вақтҳои охир шумо аз рафтори дӯстдоштаи худ норозӣ ҳастед. Агар чунин бошад, вақте расидааст, ки ба ҷустуҷӯи бахти ҳақиқӣ бароед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона, шумо барои нотакрор сохтани он тамоми кӯшишу ғайрататонро ба кор баред. Саломатиятон хуб аст, вале агар бе истироҳат кор кунед, хастагиро эҳсос мекунед. Нафароне, ки оиладор ҳастанд, бо ҳамсафари ҳаётӣ нофаҳмӣ рух медиҳад. Табъи хушу болида ва чеҳраи кушод боиси пешравиҳоятон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ором буданатон хеле муҳим аст. Дар сурати ба эҳсосот дода шуданатон рӯз бебарор мегузарад. Якравию гарданшахиятон ба атрофиён сахт мерасад. Кӯшиши дарҳол ба мақсад расидан боиси ба рафтори беандеша даст заданатон мегардад. Дар табобати бемориҳо аз воситаву усулҳои табибони шарқ истифода баред. Нафароне, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ ҳастанд, бояд рӯҳи болида ва нияти нек дошта бошанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Муҳаббату ғамхорие, ки нисбати атрофиёни худ доред, шуморо дӯстдоштаву маҳбуб месозад. Ба шумо бо осонӣ ошиқ мешаванд, мутаассифона баъзан ошиқони шилқине низ пайдо мешаванд, ки комилан табъи дилатон нестанд. Агар саломатии хуб мехоста бошед, бояд ғами онро хӯред. Ба камбудиву ғалатҳои наздикони худ диққати зиёд надиҳед, вагарна қариби бегоҳ хафагиву норизогӣ фазои оилаатонро тира месозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вазъи саломатиятон ташвиш намедиҳад, дар сурати машқи бадан кардану ғизои дуруст худро хуб ҳис мекунед. Бемориҳои зукомро пешгирӣ намоед. Витамин ва меваи тару тоза истеъмол намоед. Айни замон ба нафаре, ки дӯсташ медоред, сахт ниёз доред. Дар ин рӯз даромади пулӣ имкон надорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҳаёти шахсии нафароне, ки ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накардаанд, тағйироти куллӣ рух медиҳад. Вохӯриҳои тақдирсозе имкон доранд, ки зиндагиятонро дигаргун месозанд. Мушкилиҳои хурди рӯзгор, нофаҳмӣ ва баҳсу мунозира бо наздикон имконпазир аст. Хушбахтона тамоми ин ҳодисаҳо табъи шуморо хира гардонида наметавонанд. Нафароне, ки хароб шудан мехоҳанд, аз хӯрокҳои ширину равғанин худдорӣ карданашон кифоя аст.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо атрофиён хеле хуб созиш намуда, мушкилиҳои зиёдеро рафъ месозед. Ба нафаре ошиқ шуда, зиндагиятон куллан тағйир меёбад. Барои изҳори муҳаббат рӯзи хуб аст. Аз истеъмоли хӯрокҳои зарарнок худдорӣ намоед. Рафту аз харобӣ азият мекашида бошед, бештар себ ва ҷигарбирён истеъмол намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД