Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз дар тамоми корҳоятон барор ҳамсафар мегардад. Ҳатто шахси дӯстдоштаатон ба тамоми талабу пешниҳодҳоятон розӣ мешавад. Дар ин рӯз туҳфа мегиреду хабарҳои хуш мешунавед. Қариби бегоҳ хастагии сахтро эҳсос мекунед. Хавотир нашавед, шумо бемор нашудаед, ин аз шодии беинтиҳо аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Тамоми рӯз асабонӣ шуда, бо сабаби як ҳодисае, ки байни шумову дӯсти наздикатон рух додааст, азоби рӯҳӣ мекашед. Агар худро гунаҳкор ҳисоб кунед, аввалин шуда барои оштӣ шудан қадам гузоред. Дар хонаатон вайрон шудани асбобҳои техникӣ ё мошин имкон дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо тамаъкориву шуҳратталабиатон атрофиёнро ба ҳайрат меоред. Барои тарҳрезӣ намудани нақшаҳоятон кунҷи танҳоӣ меҷӯед. Дар ҷойи кор бодиққату босаранҷом бошед, вагарна нафаре аз ҳамкорон аз пасатон дасисабозӣ мекунад. Дар ҳаёти шахсӣ ақли худро ба кор баред, на эҳсосотро.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо аҳли оила боэҳтирому нармгуфтор бошед. Аксари наздикон аз дағалгуфтории шумо сахт ранҷидаанд. Агар то ба имрӯз ба рухсатии меҳнатӣ нарафта бошед, ҳамин рӯз аризаатонро нависед. Дар робита бо шахсони ношинос ҳушёриро пеша намоед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз имкон доред, ки дар ҷодаи касбу кор муваффақиятро ба даст оред. Нафарони зиёде мехоҳанд бо шумо ҳамкорӣ намоянд, пешниҳодҳоро рад насозед, ба наздикӣ даромади хуб ба даст меоред. Сафар ва рухсатие, ки бо яке аз ҳамкорони ботаҷриба меравед, бобарору хотирмон сипарӣ мегардад.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз барои оилаву хона харид кардан бамаврид аст, зеро айни замон вазъи молиявиатон хуб аст. Бо нафарони бегона дар кӯча ҳамсуҳбат нашавед. Имкони рух додани ҷангу моҷаро зиёд аст, аз ин лиҳоз, одати рӯирост гап заданро партоед, вагарна бе дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқ коратон ҳал намешавад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз табъи хушатон ба атрофиён таъсир мерасонад. Дар коллектив бо нақшаву ниятҳои аҷибатон ҳамаро ба ҳайрат меоред. Роҳбарият вазифаи хубтареро пешниҳодатон мекунад. Бегоҳирӯзӣ хоҳиши дар хона истироҳат карданро мекунед. Дар муҳити осуда ташвишҳои рӯзонаро фаромӯш карданатон лозим аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз ба маъракае даъват мешавед. Ба бонувон маслиҳат дода мешавад, ки ба сару либоси худ диққати хоса диҳанд. Нафарони оиладоре, ки нияти ба шаҳри дигар кӯч бастанро доранд, бояд дуру дароз бо аҳли оилаи худ сари ин масъала маслиҳат намоянд. Дар акси ҳол нофаҳмиҳо зиёд мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Бо нафароне бештар дар робита бошед, ки на танҳо байнатон дӯстӣ, балки ҳамкории судманд бошад. Ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ боэҳтиёт бошед, хатари рух додани садамаҳои нақлиётӣ зиёд аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ҷурме дида намешавад. Бештар табъатонро болида гиреду ба худ эътимод дошта бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз бояд муносибатҳоятонро бо хешовандони наздик ба эътидол оваред. Дар оилаатон масъалаи тақсими мерос пеш меояд, бо ҳамин сабаб, баҳсу мунозираҳо зиёд мегарданд. Коратон кам аст, вале маблағи хубу ногаҳонӣ ба даст меоред. Масъалаҳои вобаста ба андоз ва амвол хуб анҷом меёбанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Агар дар ин рӯз ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпед, ҳатман муваффақ мегардед. Сафари хидматӣ ва вохӯрӣ бо нафаре, ки сидқан дӯсташ медоред, хеле хуб анҷом меёбад. Сардоратон корҳои ниҳоят муҳимро маҳз ба шумо бовар мекунад. Аз ин илтифоти сардор саратон ба осмон мерасад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Аз аввали рӯз тамоми корҳоро ба нақша гирифтанатон боиси он мегардад, ки ба ғалатҳои ҷиддӣ роҳ намедиҳед. Коратон хуб асту ҳамкорон ҳурмататонро ба ҷо меоранд. Дар ҳаёти шахсиятон баъзе нофаҳмиҳо рух медиҳанд. Муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон аз рӯйи рашк ба амал меояд. Бо касе хушгӯӣ накунед.