Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи бобарору орӣ аз муноқишаҳо аст. Оромиву нишотро ҷорӣ намуда, тамоми нофаҳмиву мушкилиҳоро рафъ кардан насибатон мегардад. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хеле хуб ва меҳру муҳаббататон дучанд мегардад. Нисбати наздикони худ бепарвоӣ накунед ва сухани дурушт нагӯед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ҷодаи касбу кор ба ягон кори ҷиддӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Аз шиносоӣ бо нафарони хатарноку фиребгар худдорӣ намоед. Дудилагиатон боиси асабӣ шуданатон мегардад. Нисбати наздикони худ дағалӣ накунед, зеро рӯзҳои наздик ба маслиҳати эшон ниёз пайдо мекунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Нақшаи корҳоятонро тартиб дода, аз рӯйи он амал намоед. Яку якбора аз пайи чанд кор шуда, ба бесарусомонӣ гирифтор мешавед. Бо сабабҳои ночиз ба асабоният роҳ надиҳед. Вақти бештари худро бо нафарони ба дилатон наздику азиз гузаронед. Бо дӯстдоштаи худ ба осонӣ забон ёфта метавонед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз иродаи мустаҳками худро нишон доданатон лозим меояд. Нисбати атрофиён муомилаи сард накунед. Аз ҳолатҳои моҷароангез дурӣ ҷӯед. Дар акси ҳол, гирифтори муноқишаҳои ҷиддие мегардед, ки роҳи халосӣ ёфтанатон душвор мегардад. Дӯстдоштаатон ба шумо ниёз дорад.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз агар бо роҳбарияти коргоҳатон забон ёфта тавонед, рӯзатон хуб сипарӣ мешавад. Нафароне, ки нияти сафарро доранд, онро ба таъхир нагузоранд. Аз шиносоиҳои тасодуфӣ эҳтиёт шавед. Қабл аз он ки нафареро ба дунёи худ ворид месозед, сараввал ӯро нағзакак омӯзед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ба мушкилиҳои шахсӣ таваҷҷуҳатон бештар мегардад. Айни замон нисбати атрофиён ботаҳаммул бошеду нуқтаи назари худро ба касе бор накунед. Ба ғурур роҳ надиҳед, он гоҳ рӯзатон хуб ҷараён мегирад. Бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад. Дар ҳар ҳолат худро ба даст гирифтанро омӯзед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз сабру таҳаммулро пеша намоед. Бо ҳамкорони худ ба муросо омада метавонед. Мизонҳои муҷаррад бахти худро пайдо месозанд. Саломатии нафароне, ки бештари рӯзро дар берун мегузаронанд, нохуб мегардад. Баъди нисфирӯзӣ маблағи хуби пулӣ ба даст меоред, ки дар сарфи он саросема нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон душвориҳо сар мезананд. Барои нафароне, ки касбу корашонро иваз мекунанд, рӯзи номусоид аст. Корҳои нотамом ба обрӯву нуфӯзатон таъсир мерасонанд. Эҳтимол, вазъи молиявиатон бад мегардад. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Баъди нисфирӯзӣ нотоб шуданатон имкон дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Беҷуръатии шумо садди роҳи пешравиҳоятон мегардад. Дар назди монеаҳо сар нафароред. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Қавсҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Саломатии худро эҳтиёт кунед, вагарна табобат тӯл мекашад. Аз нафароне, ки дар хонаашон бемор доранд, худро дур гиред.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Аз доираи нафарони бадкирдор дурӣ ҷӯста, ба пули бе дарди миён умед набандед. Ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки ба пешравиҳои шумо зарар мерасонад. Бо вуҷуди ин, худро ба даст гирифта, ба амалҳои беандеша даст назанед. Бо атрофиён муомилаи хуб кунед ва ҳавои хонаи худро тоза нигоҳ доред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Рӯзи ваъдаҳои дурӯғ ва хатари ба доми фиреб афтидан аст. Ғалатҳое, ки дар ин рӯз роҳ медиҳед, боиси муноқишаҳои ҷиддӣ ва нофаҳмиҳо мегарданд. Эҳтимоли аз даст додани пулҳоятон вуҷуд дорад. Нисбати дӯстдоштаатон худхоҳии худро нишон надиҳед. Бештар ба саломатии худ ва наздикон таваҷҷуҳ намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи душвор аст. Нимаи аввали рӯз дар касбу коратон нобарорӣ имкон дорад. Нимаи аввали рӯз бонувони муҷаррадро мулоқоти ошиқона интизор аст. Хабар ё вохӯрии ногувор боиси тағйиротҳои манфӣ дар ҳаёти шахсиятон мегардад. Аз истеъмоли нӯшокиву хӯрокҳои сард худдорӣ намоед.