arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 19-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3092

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Нагузоред, ки ҳангоми бастани шартнома ва имзои ҳуҷҷатҳои муҳим касе шуморо таҳти фишор қарор диҳад. Нақшаи корҳои худро тартиб диҳед ва аз касеву чизе наҳаросида, ба пеш ҳаракат кунед. Агар аз қафои дӯстони шумо суханҳои носазо мегӯянд, пас ба ин туҳматҳо бовар накунед ва бо фикри худ амал намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Нофаҳмиҳо миёни шумову дӯстдоштаатон то ҷангу ҷанҷол ва ҳатто то ҷудоӣ омада мерасанд. Аз наздиконатон пурсон шавед, ки онҳо ба чӣ эҳтиёҷ доранд. Шумо набояд тамоми рӯз кор кунед, барои истироҳат низ вақт ҷудо намоед. Ҳаёти худро якранг паси сар накунед, ки баъдан пушаймон хоҳед шуд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ҳалли мушкилиҳои оилавиатон фаъол бошед, зеро касе ба шумо дасти ёрӣ дароз намекунад. Бо ҳама муносибати хубро ба роҳ монед, зеро ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Саломатиатон хуб аст, аммо ин маънои онро надорад, ки тамоман бепарво бошед. Пӯшидани ниқоби тиббии муҳофизатиро аз хотир набароред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои шиносоиҳои нав, мулоқот бо дӯстони пешин ва муошират бо ҳамкасбон мусоиду мувофиқ аст. Низоъҳои зиёд сар мезананд, аммо агар шумо ба созиш омаданро ёд гиред, ҷангу ҷидолҳо ба оромӣ паси сар мешаванд. Масунияти худро бо воситаи истеъмоли витаминҳо мустаҳкам карда, ба саломатиатон диққат диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Корро аз субҳи барвақт сар карда, нимаи дувуми рӯзро барои истироҳат бубахшед. Барои истироҳат макони хуби аз шаҳр берунро интихоб кунед, беҳтар мешавад. Ба шумо вазифаи нав пешниҳод мекунанд ва фурсати он фаро расидааст, ки таҷрибаи андӯхтаатонро ҳамчун роҳбар ба кор баред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Сунбулаҳо имрӯз ба мушкилӣ дучор мешаванд. Агар хоҳед, ки тиҷорати шумо барор гираду нақшаҳоятон амалӣ шаванд, мушкилиҳоро таҳаммул кунед. Ба ваъдаҳои додаатон вафо карданро омӯзед. Дар канори наздиконатон бошед ва дар ҳама ҳолат эшонро дилбардорӣ намоед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар ҷои кор бодиққат бошед, зеро эҳтимоли хато карданатон вуҷуд дорад. Дар корҳои дигарон камбудӣ пайдо мекунед, аммо фаромӯш накунед, ки шумо низ инсони комил нестед. Почтаи электронии худро тафтиш кунед, зеро паёмаки муҳимеро фаромӯш карданатон аз эҳтимол дур нест.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз вазифаҳои касбиро зуд ҳал карда, музокиротҳои кориро самаранок анҷом диҳед. Пеш аз оғози ҳар кор хуб омодагӣ гиред, то муваффақ шавед. Барои ақрабҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Нафарони муҷаррад низ ҷуфти худро пайдо хоҳанд кард, ба шарте ки ҷиддӣ бошанду ваъдахилофӣ накунанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар то ин муддат дар ҳаёти худ чизеро тағйир додани будеду фурсат намеёфтед, дигар онро ба таъхир нагузоред ва имрӯз аз пайи ҳамин кор шавед, зеро беҳад айёми муносиб аст. Давоми рӯз ҳолатҳои ғайричашмдошт зиёд рух медиҳанд. Вақти он расидааст, ки аз шаробу сигор ба пуррагӣ даст кашед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дар ҳама ҳолат худро ба даст гиред, то муносибататон бо роҳбарият ва ҳамкорон бад нашавад. Дар низоъҳои оилавӣ таслим шуданатон беҳтар аст. Боварӣ ба худу эҳсоси худ шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Сухандониатон шуморо аз ҳар гуна ҳолати ногувор берун оварда метавонад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯз барои оғози корҳои ҷисмонӣ, гирифтани рӯза ва парҳез бобарору мусоид аст. Дидаву дониста барои худ мушкилӣ эҷод накунед. Кӯшиш намоед, ки бо дигарон созиш кунед, на ҷангу ҷанҷол. Даромади иловагӣ дар назар нест. Аз истеъмоли хӯрокҳои хамирӣ даст кашида, фикри саломатиатонро кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз дар ҳаёти шахсии шумо хурсандиҳои зиёд рух намедиҳанд, зеро дар муносибат бо хешовандон нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада метавонанд. Кӯшиш намоед, ки бештар истироҳат кунед. Бе танаффус кор карданатон боис мегардад, ки дар оянда пушаймон шавед, зеро хастагӣ ба шумо ғолиб меояд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД