Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз сабрро пеша карда, ба хатову камбудиҳои ҳамкорон чашм пӯшед. Агар ҳис мекунед, ки амалатон натиҷаи дилхоҳ надода истодааст, аз он кор даст кашед. Барои хариди сару либос ва маводҳои косметикӣ рӯзи бобарор аст. Ҳамёни худро то охирин тангааш холӣ накунед, зеро то моҳи дигар вақт зиёд аст.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бештар дар ҷойҳои серодам гашту гузор кунед, то барои фикр кардану ғӯсса хӯрдан фурсат пайдо карда натавонед. Дилтангии шумо ба амалӣ нашудани нақшаву ниятҳоятон боис шуда метавонад. Шом барои хонавода худатон хӯрок пазед. Масалан, самбӯсаи гӯштӣ ва оши паловро тавсия медиҳем.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯз барои ба имзо расонидани созишномаҳои тиҷоратӣ ва сафарҳои дуру наздик мувофиқу мусоид аст. Дӯстони беҳтарини худро ҷамъ карда, шабнишинӣ ороед. Ҷавзоҳое, ки дар роҳи ишқ шикаст хӯрдаанд, дубора бахти худро пайдо хоҳанд кард. Фикри таъмири хонаро аз саратон дур кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз на танҳо дар масъалаҳои корӣ, балки дар масъалаҳои шахсӣ низ муваффақият ҳамроҳи шумост. Аз мансабу мартабаи худ сӯистифода карданро тавсия намедиҳем. Вақте ки нафарони калонсол насиҳат мекунанд, лозим набошад ҳам, бодиққат гӯш кунед. Дар ҷойҳои серодам ҳамёни худро эҳтиёт кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз хоҳиши зиёдтар кор кардану маблағ ба даст овардан дар шумо бештар мегардад. Дӯстдоштаатонро ба тарабхона даъват намуда, суҳбати ошиқона ороед ва тақдими туҳфаро аз хотир набароред. Хабари хуш мешунавед, ки он ба хона алоқамандӣ дорад. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз саховатманд будан ба фоидаи худи шумо хоҳад буд, зеро бар ивази некиҳоятон некӣ мебинед. Агар имкони кӯмак расонидан ба касеро надоред, пас ба ӯ ваъдаи бардурӯғ надиҳед. Бемориҳои кӯҳна дубора хуруҷ карда, вазъи саломатиатон бад мешавад. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки ба хоҳишу ҳадафҳои худ воқеъбинона назар афканед. Тарсу ваҳмеро, ки ба пешрафти шумо халал мерасонад, аз худ дур созед. Барои машғул шудан ба корҳои ҷисмонӣ рӯзи хуб нест. Худро зиёд хаста накарда, зиёдтар истироҳат кунед ва нерӯи кофӣ ҷамъ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз наздиконатон барои кӯмак ба шумо муроҷиат мекунанд. Агар имкон дошта бошед, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунед. Дар муносибатҳои ошиқона ҷиддӣ буданро тавсия медиҳем. Вобаста ба вазъи боду ҳаво либос пӯшед ва худро эҳтиёт кунед. Эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз бо мақомотҳои қудратӣ тамос гирифтанро тавсия намедиҳем, зеро рӯз мусоид нест. Ваъдаи хушку холӣ доданро бас кунед, агар аз уҳдаи иҷрояш намебароед. Барои дар назди роҳбарият худро одами хуб нишон додан, якчанд муддат бояд дар ҳақиқат хубу масъулиятшинос бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки дар муносибат бо наздикон босабру оқил бошед. Аз танқиди нафарони шинохта худдорӣ намоед. Бахтатон омад мекунад ва хушхабареро, ки дербоз интизораш будед, мешунавед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз ба хотири нигоҳ доштани оромии хона бо атрофиён созиш карданро омӯзед. Дар маркази таваҷҷуҳ бошед ва аз ин фурсат истифода баред. Агар аз кори худ лаззат бурданро ёд гиред, ба муваффақиятҳои бештар ноил мегардед. Аз касе қарз гирифтану ба касе қарз доданро тавсия намедиҳем.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз вақте атрофиён бо шумо дағалӣ мекунанд, онро ба дил нагиред. Баръакс, кӯшиш кунед, ки бо ҳама муносибати хуб дошта бошеду хотири нафареро озурда насозед. Вақти он расидааст, ки ба реҷаи хӯрокхӯриатон тағйирот ворид намоед. Ғизоҳои гуногун ва аз витаминҳо бойро истеъмол кунед.