arzon november
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2900

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Дар ҷое, ки бояд нозукона рафтор намоед, сахтгирӣ накунед. Вақте расидааст, ки дар бораи касбу кори нав ва даромади иловагӣ андеша намоед. Бо шахси дӯстдоштаатон на танҳо ҷангу ҷанҷолу дилсиёҳӣ, балки ҷудошавӣ низ имкон дорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Аз нафарони асабие, ки шуморо ба кирдори ғазаболуд водор месозанд, худро дур гиред. Барои ба эътидол овардани корҳои тиҷоратӣ ба шумо донишу малака лозим аст. Умеду орзуҳоятон дар ин рӯз амалӣ намешаванд. Барои табобат кардани бемориҳои узвҳои даруна рӯзи мусоид аст.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар дӯстдошта дошта бошед, ин бегоҳ ҳамроҳ бошед. Рафту муҷаррад бошед, барои шинос шудан омодагӣ гиред. Ҳангоми ба бозору мағоза рафтан боэҳтиёт бошед, эҳтимоли фиреб хӯрдану харҷи зиёд карданатон зиёд аст. Инчунин, аз истеъмоли хӯроки гӯштдор ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи хубест барои робита бо дӯстон, қабули меҳмонон ва дилхушӣ кардан. Хароҷоти ногаҳонӣ ё гум кардани маблағ имкон дорад, аз ин лиҳоз, пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Хобҳоятон баръакс амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани ҷашну шодӣ боиси нобарорӣ ё бад гаштани вазъи саломатӣ мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳодисаҳои ин рӯз душвор мешаванд, вале тағйиротҳоеро пеш меоранд, ки шумо сахт ниёз доштед. Дар бораи дӯсти наздикатон гаперо мешунавед, ки боиси асабхаробиятон мегардад. Ҳангоми сафари роҳи дур на танҳо ҳуҷҷатҳои даркорӣ, балки ҳамсафарони хубро низ ҳамроҳ гиред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба пешвози нафароне бароед, ки ҳамроҳатон дар ҳаёт якҷоя қадам гузоштан мехоҳанд. Ҳам бо шарикони корӣ ва ҳам бо дӯстдоштаатон забон ёбед. Нисбати атрофиён аз ҳад зиёд сахтгир набошед, вагарна табъатон нохуш гашта, бемор мешавед. Дар ин рӯз бо бозиҳои пулакӣ машғул нашавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо сабаби якравӣ ва рӯирост гап заданатон дӯстони зиёдеро аз даст медиҳед. Ба ғалат роҳ надиҳед ва аз гуноҳу айби нафароне, ки дар лаҳзаҳои душвор дастгири шумо буданд, гузашт намоед. Дар ин рӯз дар муносибатҳои ошиқонаатон бурдборӣ ва барор ҳамсафаратон мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз рух додани ҳодисаву рӯйдодҳои зиёде имкон дорад: аз вохӯриву мулоқоти ошиқона, изҳори муҳаббат, шабҳои пур аз розу ниёз сар карда, то ҷангу муноқиша ва оштӣ шудани дилдолдагон. Танҳо кӯшиши бедор кардани рашки шахси дӯстдоштаи худро накунед, вагарна байнатон сардӣ меафтад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Мушкилиҳои молиявӣ имкон доранд. Нерӯи дучандатон ба атрофиён шодиву нишот мебахшад. Нимаи дуюми рӯз ба саломатии худ ва наздиконатон бодиққат бошед: хатари ҷароҳат бардоштан ва рух додани ҳодисаҳои нохуш зиёд аст. Маблағи худро барои мушкилиҳои хона сарф карданатон лозим меояд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба назди дандонпизишк ва табиби чашм рафтанро тавсия намедиҳем. Бемориҳое, ки дар ин рӯз пайдо мешаванд, табобаташон тӯл мекашанд. Хабару овозаҳои дилхарош мешунавед, вале дар сари эҳсосот ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқонаатон камбудие дида намешавад.

Далв (21 январ-18 феврал)

Бурдборӣ ҳар лаҳза метавонад аз шумо рӯй гардонад, аз ин рӯ, корҳои қаблан саркардаатонро ба анҷом расонед. Нимаи дуюми рӯз рӯҳафтодагӣ ва фишори рӯҳӣ имкон дорад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, аз рафтору гуфтори қабеҳ худдорӣ намоед. Аз нафаре кӯмакро интизор набошед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нимаи аввали рӯз барои ба анҷом расонидани корҳоятон кӯшиши зиёд ба харҷ додан лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон мушкилӣ сар мезанад. Ба манзили истиқоматии худ диққати бештар диҳед, хатари рух додани сӯхтор ё ба доми ғоратгарон афтиданатон имкон дорад.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Гумчагул 2021-02-05, 21:14
Шахраки.панч
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Гумчагул 2021-02-05, 21:14
Шахраки.панч
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
1xbet footer