Alif Intiqol
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2021
2521

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз маблағи дар даст доштаатонро сарфа кунед. Пешниҳодҳои нави корӣ зиёд мешаванд, вале ба ҳар кори ночиз розӣ нашавед. Агар ба ҳаёти шахсии дӯстонатон дахолат накунед, сифатҳои беҳтарини худро нишон медиҳед. Ба бемории дар ин рӯз пайдошуда беэътиноӣ накунед, вагарна табобат тӯл мекашад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз бо рақибону душманон муборизаро оғоз мекунед. Нисбати нафароне, ки ба шумо боварӣ доранд, меҳрубонтар бошед. Бештар дар ҳавои тоза гашта, аз рӯи реҷа хӯрок хӯред ва аз одати сигоркашӣ даст кашед. Барои он ки дӯстдоштаатон аз шумо наранҷад, аз ҳолу аҳволаш бохабар гардед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Хастагии чанд рӯзи охир ба саломатиятон беасар намемонад. Барои ба худ омадан истироҳат кунед. Дар бораи нақшаҳои худ ба касе лаб накушода, мустақилона амал намоед. Дар баъзе ҳолатҳо пинҳонӣ амал кунед, он гоҳ муваффақият ҷониби шумо мегардад. Ба хӯрокҳои истеъмолмекардаи худ диққат диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имкони хурӯҷ намудани бемориҳои сироятӣ имкон дорад. Имрӯз атрофиёнатон дар ғазаб гашта, нисбати шумо сахтгир мешаванд. Дар лаҳзаҳое, ки ба баҳсу мунозира ва нуқтаи назари худро собит кардан мехоҳед, худро ба даст гиред. Маблағи пулиеро, ки ба даст меоред, ҳамзамон, аз дастатон бо осонӣ меравад.  

Асад (23 июл-22 август)

Масунияти бадани худро мустаҳкам карда, истироҳат кунед. Қабл аз он ки бо корҳои вазнин ҷисмонӣ машғул мешавед, аз табиб зарар доштан ё надоштани онро муайян намоед. Оббозӣ ба саломатиятон таъсири мусбӣ мерасонад. Вазъи молиявиатон муътадил ва муносибатҳои ошиқонаатон мустаҳкам мегарданд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба мушкилиҳои ҷиддӣ омода бошед. Эҳтимоли вайроншавии муносибатҳои оилавӣ вуҷуд дорад. Хурӯҷ намудани беморие, ки кайҳо боз ташвишатон намедод, аз нав имкон дорад. Ба аҳли оилаи худ бодиққат бошед, барои шод сохтани наздикон ва харидани туҳфа зихнагӣ накунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муваффақият на танҳо дар касбу кор, балки дар ҷодаи ишқу муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва дигар ҷодаҳо низ ҳамсафари шумо мегардад. Муҳимаш ба дастгирии атрофиён умед набандед, балки мустақилона амал намоед. Маблағи дар ин рӯз сарфкардаатон дучанд шуда, ба шумо бармегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба назаратон чунин менамояд, ки мурғи бахтро ба даст овардаед. Дар асл бахту саодат ногаҳон аз дастатон гурехта метавонад. Коре, ки бояд маблағи хуби пулӣ орад, фоида намеорад. Дар ин рӯз пулҳоятонро эҳтиёт кунед. Бо саломатии худ машғул шавед, барои ташхис ба назди духтур равед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ҳатто дар ҳалли корҳои одитарин ба монеаҳо дучор мегардед. Ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, он гоҳ бурд мекунед. Нафароне, ки тавассути интернет пул кор мекунанд, қариби бегоҳ маблағ ба даст меоранд. Хурӯҷ намудани бемориҳои дил ва рагҳои хунгард имкон дорад. Аз тавсияи табиби касбӣ истифода баред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои расидан ба мақсад азоби зиёд мекашед. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан нағзакак андеша кунед. Дар ин рӯз ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Маблағи дар даст доштаатонро сарфакорона истифода баред, вагарна рӯзҳои наздик азоби бепулӣ мекашед. Рӯз барои ба бозору мағоза рафтан мусоид нест.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз на танҳо асаби шумо, балки аз атрофиёнатон ҳам хаста мегардад. Як оташаки хурд кофӣ аст, ки сӯхтори калон ба амал биёяд. Аз таваккал кардан худдорӣ намоед, пулҳоятонро сарфа кунед. Дар ин рӯз нафарони рӯҳан бемор худро идора карда наметавонанд, аз ин рӯ, эҳтиёт шавед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Мушкилии худро ҳатто ба дӯши дӯстони дилпуртарину бовафоятон вогузор накунед. Дар коллектив ба нуқтаи назари шахси ботаҷрибаву калонсолтар гӯш диҳед. Имкони ба даст овардани маблағе, ки чанд моҳ интизораш будед, пайдо мешавад. Агар шамол кашида бошед, зуд аз пайи табобат шавед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД