Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАРТИ СОЛИ 2024
2239

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз сири ниҳоне огаҳ мегардед, вале бояд қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред. Барои амалӣ сохтани нақшаҳо бояд ҷасуртар амал намоед. Аз хастагии зиёд аз баҳри кор баромадан мехоҳед, вале ба чунин заифӣ роҳ надиҳед. Барои кӯмак ва дастгирӣ ба шахси наздиктаринатон муроҷиат намоед. Нафарони муҷарраде, ки аввали моҳи апрел тавлид ёфтаанд, оиладор мешаванд.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба саломатӣ равона созед. Хастагии аз ҳад зиёд боиси паст шудани масунияти бадан ва бемор шуданатон мегардад. Ба ғизои худ диққат дода, либоси гарм пӯшед. Аз робита бо одамон дурӣ ҷӯед, эҳтимол нафаре шуморо сахт меранҷонад. Шомгоҳ худро бо корҳои рӯзгор аз ҳад зиёд хаста нагардонед. Нафарони муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз нафарони оиладор ҳам муноқишаву низоъро аз сар мегузаронанду ҳам шаҳди оштишавиро мечашанд. Агар миёни шумову дӯстдоштаатон вақтҳои охир дилсардӣ сар зада бошад, дар ин рӯз эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад. Аз хастагӣ, бемадорӣ ва фишори руҳӣ танҳо истироҳат ва хоби бароҳат раҳоятон мебахшад. Ба кӯмаку дастгирии наздикон ниёз пайдо мекунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Рӯз бароятон мушкил меояд. Нисбати нафаре дар дилатон шуълаи меҳру муҳаббат аланга мезанад. Рафту шумо ҳарду муҷаррад бошед, аз пайи барпо намудани оилаи худ шавед. Нафаронеро, ки эҳсоси хастагӣ ҳеҷ рафъ намесозад, аз усулҳои табобати халқӣ бояд истифода бубаранд. Интизор шуда нашинед, мушкилоти пулӣ бе дахолати шумо рафъ намегардад ва ба умеди дастгирии дигарон нашавед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи ором аст, вале дар баъзе ҳолатҳо ба эҳсосот дода мешавед. Дар лаҳзаҳои мушкил қаҳру ғазаби худро фурӯ ниҳода, аз паи амалӣ сохтани хостаҳои наздикон бошед. Мушкилоти зиёди оилавиро бо дастгириву якдилии аъзоёни оила бартараф сохта метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат шуморо муждаи хуш ва шодиву нишот интизор аст. Нафароне, ки бо табобати бемориҳои музмин машғуланд, эҳтимоли шифо ёфтанашон зиёд аст.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз яку якбора аз пайи анҷом додани ду кор нашавед, вагарна корҳоятон нотамом мемонанд. Ҳама гуна ташвишу фикрҳои мағшушро аз сар дур андозеду нағзакак истироҳат намоед. Ба муносибатҳои ошиқона рангу бӯйи тоза бахшидан хоҳед, барои дӯстдоштаи худ лаҳзаи хотирмон барпо намоед. Гурдаву миёни худро аз гармохунукшавӣ эҳтиёт кунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Аз мушкилоти ба саратон омада гурехта, кунҷи танҳоӣ ихтиёр намудан мехоҳед. Беҳтараш аз ин амал худдорӣ намоед, зеро дар ҳаёти шумо давраи комёбиҳо фаро мерасад, дастоварду муваффақиятҳоро аз даст надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйиротҳои калонро интизор бошед. Вақте расидааст, ки бо пешгирӣ намудани бемориҳои рагҳои хунгард машғул шавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз қабл аз он ки ҳарферо ба забон биёред, хуб андеша намоед. Сухани гуфтаи шуморо нодуруст қабул мекунанд ва ин ба касбу коратон бе таъсир намемонад. Шиносоии ошиқона мафтуну шайдоятон месозад. Барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ба гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо диққати хоса дода, як даври маҳси табобатӣ гиред. Бо масъалаҳои пулӣ машғул нашавед, вагарна пули калонро аз даст медиҳед. Сафарҳо бобарор мешаванд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Вақте расидааст, ки ғалату камбудиҳои дар корҳоятон роҳдодаро ислоҳ намоед. Дар муносибат бо наздикон аз гуфтану кинояву гапи нимғурма худдорӣ намоед. Муносибатҳои ошиқона мушкилиҳоро ба бар меоранд. Дар масъалаҳои пулӣ ба дастгирии дӯстон умед набандед. Ба ҳеҷ ваҷҳ пулро барои саломатии худ дареғ надоред.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Аввали рӯз каме душвор меояд, аз ин рӯ, сабр намуда, ба коре даст назанед. Эҳтимоли сафари роҳи дур дар назар аст. Сиру асрори фошгашта боиси фишори руҳӣ мегардад. Охири рӯз ҳангоми ба бозору мағоза рафтан маблағи зиёди худро барои чизҳои нодаркор сарф мекунед. Нафарони оиладор дар дил нисбати ҳамсафари ҳаётӣ шубҳаву гумони бад пайдо намуда, аз пайи тафтишоти пинҳонӣ мешаванд. Худро ба даст гиред, ба рашки зиёд роҳ надиҳед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз ҷасуриву корчаллонӣ ва ҳисси масъулиятнокиро хеле хуб нишон дода метавонед. Баъзе мушкилиҳоро бояд аз атрофиён пинҳон нигоҳ доред, он гоҳ аз танқиду монеагузориҳо эмин мемонед. Дар муносибатҳои ошиқона агар нияти оиладоршавӣ дошта бошед, ҷиддитар амал намоед. Нафароне, ки ҳамарӯза бо пойафзоли пошнабаланд мегарданд, барои беҳдошти саломатӣ баъзан пойафзоли паст пӯшиданашон лозим меояд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Одати зудранҷӣ ва нозукдилӣ дар корҳои муҳим монеа эҷод мекунанд. Баъзан ба назаратон чунин менамояд, ки ҳамкорону хешовандон ба қадри заҳмататон намерасанд ва шуморо дарк намесозанд. Шумо иштибоҳ мекунед. Шитобкорона хулосабарорӣ накунед ва дили онҳоеро, ки дӯстатон медоранд, наранҷонед. Дар ҷодаи муҳаббат камтарин нофаҳмӣ боиси муноқиша мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД