Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3984

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аз ӯҳдаи корҳои зиёде, ки ба саратон бор мешаванд, баромадан кори душвор мегардад. Вақте расидааст, ки дигаронро ба кӯмак даъват кунед. Муносибати дӯстонатон нисбати шумо якбора тағйир ёфта, байнатон нофаҳмӣ пайдо мешавад. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид нест.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар касбу кор ва ҳаёти шахсӣ ягон ногуворӣ садди роҳатон намегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат ва кор дар хона. Дар корҳои рӯзгор эҳтиёткор бошед, тамоми асбобу анҷоми нӯгтез хатарнок буда метавонанд. Бархеҳо ҷои корашонро иваз мекунанд, баъзеи дигар издивоҷ мекунанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи бебарор аст. Аксарият гумон мекунанд, ки тамоми одаму олам бар зидди онҳо бархостааст. Аз пашша фил насозед, гап сари бадгумонии шумост. Агар имкони танҳо буданро пайдо намоед, аз он ҳатман истифода баред. Ба дӯстдоштаатон дурӯғ нагӯед. Ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Мушкилӣ дар касбу кор ё дар ҳаёти шахсиятон имкон дорад. Ба ғайбату туҳмати душманон ё танқиди роҳбарият гирифтор мегардед. Сабру таҳаммулро пеша намоед, вагарна ба баҳсҳои нодаркору тӯлонӣ гирифтор мешавед. Рӯзона бештар дар ҳавои тоза ва ҷойҳои беодам сайругашт намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Нимаи аввали рӯз рӯҳафтодагиву иштибоҳ имкон дорад. Робита бо ҳамкорон ва нафарони курсинишин душвор мегардад. Ҳар як қадами худро санҷида гузоред ва ба маслиҳати некхоҳон бовар накунед. Робита бо кӯдакон табъатонро болида мегардонад. Дар ин рӯз изҳори муҳаббат карданро маслиҳат намедиҳем.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи номусоид аст. Ташвишу ӯҳдадориҳои нав пайдо мешаванд, хабару маълумотҳои дурӯғ мешунавед. Ғалату хатоҳоятон боиси аз даст додани маблағ ва сарфи пул мегарданд. Агар бо ҳар сабаби ночиз хотири шахси дӯстдоштаатонро озурда сохтан гиред, аз кори карда пушаймону маъюс мегардед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бебарор аст. Баъзе атрофиёнатон бар зидди шумо мехезанд. Танҳо дӯсти наздикатон дарди шуморо дарк карда метавонад. Аз вазъияти рухдода фоҷиа насозед, дар асл чизе боиси хавотирӣ нест. Агар имкони дар танҳоӣ буданро пайдо кунед, онро дарҳол истифода баред. Бо корҳои ҷисмонӣ машғул нашавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи номусоид аст, тамоми нақшаву ниятҳои худро нағзакак санҷида бинед. Ба шитобкорӣ роҳ надода, ташаббус нишон надиҳед, оромона бо корҳои муқаррарии худ машғул шавед ва муносибатҳоятонро бо ҳамкорон вайрон насозед. Андаке бад шудани вазъи молиявиатон имкон дорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Мушкилиҳои дар ҷойи кор рухдода боиси хира гаштани табъатон мегарданд, вале қаҳру ғазабро ба сари наздикони худ бор накунед. Ба нобарориҳое, ки дар атрофатон рух медиҳанд, диққат надиҳед. Ба муносибати дағалонаи роҳбарият омода бошед. Чизе наметавонад боиси рехтани обрӯву нуфӯзатон гардад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи аввали рӯз барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, бобарор аст. Кӯмаки нафарони воломақом ё дастгирии дӯстону наздикон имкон дорад. Бо сабаби беҷуръатӣ ба баҳсҳои бемаънӣ дода мешавед, ки боиси барбод рафтани нақшаҳоятон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқонаатон якдигарфаҳмӣ дида мешавад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи душвор аст. Доираи дӯстонатон васеъ мегардад, вале бо сабаби беҷуръатӣ ва нармӣ ба баҳсҳои беҳуда роҳ дода, дар натиҷа вақтатон беҳуда мегузарад. Эҳтимол, муносибати роҳбарият бо шумо нохуб мегардад ё бадхоҳон душманӣ мекунанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон нишонаи хастагӣ аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бебарор аст. Асабонияту дағалӣ ва худхоҳиятон боиси ранҷишу хафагии дӯстону наздикон мегардад. Дар ягон кор ба саросемагӣ роҳ надиҳед. Танҳо дӯсти наздикатон дар ҳар ҳолат шуморо мефаҳмад. Ба саломатии наздикони худ бетаваҷҷуҳ набошед, хусусан, калонсолони оиларо эҳтиёт кунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД