Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3579

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ҳодисаҳои имрӯз боиси ба сафар баромадани шумо мегарданд. Барои ба роҳ баромадан бояд нағзакак омодагӣ бинед, вагарна вазъият табъи дилатон сурат намегирад. Вазъи саломатӣ мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Фарзандони худро беназорат нагузоред ва мушкилиҳояшонро бе асабоният қабул намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Аз шахсони хирае, ки ба гурӯҳи дӯстон ё хешовандонатон ворид намегарданд, туҳфаву кӯмакро қабул накунед. Оне, ки ба шумо туҳфа медиҳад, бо ин амалаш шуморо ба худ тобеъ кардан мехоҳад. Серкорӣ боиси аз оилаву фарзандон дур гаштанатон мегардад. Саломатии худро беназорат нагузоред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзҳои наздик дӯстдоштаатон боиси сарсону саргардон шуданатон мегардад. Амалҳои беандешаи ӯро ба дил наздик қабул накунед. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки асабатонро ором созад. Аз рафтору кирдори нодуруст худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, дар муҳити орому осуда вақт гузаронед.  

 Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз хобҳои бад дида, нотоб гаштанатон имкон дорад. Бадхоҳии душманону ҳамсояҳо барои расидан ба ҳадафатон монеа эҷод мекунанд. Саратонҳои муҷаррад шахси ба дилашон наздикро пайдо мекунанд, вале ҳодисае маҷбур месозад, ки муваққатан муносибатҳояшонро ба таъхир гузоранд. 

Асад (23 июл-22 август)

Агар имрӯз коратон барор нагирад, барои ба мақсад расидан аз тамоми воситаҳо истифода бурданро маслиҳат намедиҳем. Дар гуфтор боэҳтиёт бошед, вагарна ба иззати нафси шахсе мерасед. Баъди нисфирӯзӣ дилатон худ ба худ хавотир шуда, аз пешомади баде дарак медиҳад. Кӯшиш кунед, ки ором бошед. 

 Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ягон ҳодисаи ногувор дар ин рӯз рух намедиҳад. Вале қарз гирифтану қарз додан маслиҳат дода намешавад, ҳатто маблағи хурдро низ. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо фолбиниву ҷодугарӣ машғул нашавед, вагарна қувваҳои баду хатарнокро ба худ ҷалб месозед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хубест барои машғул шудан бо хариду фурӯш. Дар ҷодаи касбӣ аз усулҳои нави корӣ истифода набаред, беҳтараш тарзи санҷидашударо ба кор баред. Серкорӣ ва фориғболии шумо нисбати наздикон боиси ранҷидани аҳли оила мегардад. Нисбати саломатии наздикони худ бодиққат бошед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, даст назанед. Эҳтимоли аз даст додани маблағ, мушкилоти рӯзгор ё муноқишаи оилавӣ дар назар аст. Фикру андешаҳои худро ҷамъ оваред, шумо бояд ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Бе тавсияи табиб ягон намуди дорувориро истеъмол накунед.  

 Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои нафароне, ки ошиқанд ва ошиқ шудан мехоҳанд. Бе дудилагӣ изҳори муҳаббат кунед, дӯстдоштаатон шуморо бо хушнудӣ қабул мекунад. Ба шахсе, ки роҳи осони пулкоркуниро ба шумо нишон додан мехоҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ бовар накунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки ба ягон кори ғалат роҳ надиҳед. Тамоми рафтору гуфтор ва ҳатто андешаҳои худро дар тарозуи ақл баркашед. Муноқиша бо яке аз наздикон табъатонро хира мегардонад. Барои он ки муноқиша калонтар нагардад, хомӯшӣ ва таҳаммулро пеша намоед. Пулҳои худро эҳтиёт кунед.  

 Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯзро бебарор шуморидан ғалат аст, вале аз шумо сарфи нерӯи зиёдро талаб мекунад. Мушкилиҳои сарзада чандон муҳим набошанд ҳам, барои рафъ намуданаш вақту қувваи зиёд сарф мекунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад. Баъди нисфирӯзӣ андаке худро нотоб ҳис мекунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аз таҷрибаву малакаи худ истифода бурда, аз таваккал кардан худдорӣ намоед. Шахсоне, ки ҳанӯз оила бунёд накардаанд, дар хона нишастанро тавсия намедиҳем, зеро имрӯз шумо бахти худро пайдо мекунед. Ҳангоми аз роҳи мошингард гузаштан ва рондани мошин боэҳтиёт бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД