arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2914

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз эҳсос мекунед, ки корҳоятон дар хонаву ҷои кор хеле зиёд шудааст. Барои аз ӯҳдаи ҳама кор баромадан, бояд реҷаи худро тағйир диҳеду андаке чаққонтар шавед. Муносибататон бо дӯстон бад мешавад, аз ин рӯ, баҳонае пеш оварда, дар маҳфили дӯстон иштирок накунед.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз саврҳои ошиқ бояд эҳсосоти худро идора карда тавонанд. Агар ба ёри худ ваъдае дода бошед, ҳатман онро иҷро кунед. Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд, рӯз барояшон бобарор меояд. Аз корҳое, ки боиси ҷароҳат бардоштану аз даст додани маблағ мегарданд, худдорӣ намоед.

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз нисбати корҳое, ки бо пул ва ҳуҷҷатҳои молиявӣ алоқамандӣ доранд, бодиққат бошеду ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Нафари наздикатон аз шумо қарз мепурсад. Нимаи дувуми рӯз ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, вагарна шахси бароятон азизро сахт меранҷонед. Ҷои коратон иваз кардан мехоҳед.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба корҳое, ки боиси хасташавии чашмҳо мегарданд, машғул нашавед. Аз мусибате, ки ба сари яке аз дӯстонатон меояд, сахт ғамгин мешавед. Нафароне, ки ба тиҷорат ва савдо машғуланд, бояд аз душманҳои пинҳонӣ эҳтиёт шаванд. Баъзе саратонҳо ба коре машғул шудану касеро дидан намехоҳанд.

 

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз касбу кор вақти зиёди шуморо фаро мегирад ва аҳли оила аз серкории шумо изҳори норозигӣ мекунанд. Бар замми ин, баъзе тағйиротҳо дар ҷои кор табъи дили шумо нестанд. Ба назаратон чунин мерасад, ки нафаре садди роҳатон шудан мехоҳаду пешпо медиҳад. Ин фикрҳои мағшушро аз сар дур намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз шиноси деринаатонро вомехӯред. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногаҳонӣ боиси сар задании муноқиша дар хона мегарданд. Занҳо хароҷоти ногаҳонӣ мекунанд. Вазъи саломатиятон чандон хуб нест ва фишори рӯҳие, ки дар давоми рӯз эҳсос мекунед, ба шумо зарар мерасонад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бо шахси дӯстдоштаатон муноқишаву нофаҳмӣ сар мезанад. Агар шумо то ин дам аз нафаре, ки чанд муддат бо ҳам муносибати ошиқона доштед, мегурехтед, пас ин нафар боз дар зиндагиятон пайдо мешавад. Аз нафароне, ки ба зиндагии шахсии шумо дахолат намудан мехоҳанд, эҳтиёт шавед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба касе маслиҳат надиҳед, вагарна мушкилии нафаре, ки шумо ба ӯ кӯмак расонидан мехостед, якбора дучанд мегардад. Барои яке аз пайвандони калонсолатон дорувории қиматбаҳо ёфтан лозим меояд. Нафароне, ки нав ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст гирифтаанд, чанд муддат пиёдагардӣ карданашон беҳтар аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз вақту қувваи зиёдатонро барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ равона сохтанатон лозим меояд. Нерӯятон зиёд мегардад, хастагиро қариб, ки эҳсос намекунед. Дар баробари ин, иштиҳоятон кушода мешавад. Агар аз вазни зиёдатӣ азият мекашед, пас дар истеъмоли хӯрок каме андозаро нигоҳ доред.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз даромади пулиятон зиёд мегардад, эҳтимол аз кори иловагӣ низ фоида ба даст оваред. Агар сарчашмаи нави даромадро пайдо кардан мехоста бошед, зудтар аз пайи ҷустуҷӯ шавед. Нафароне, ки бо кори савдо ва нақлиёт машғуланд, дучори душвориҳо мегарданд.  

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз эҳсос мекунед, ки робита бо баъзе нафарон барои шумо на танҳо бе фоида, балки зарарнок аст, зеро дар баробари вақту соати шуморо гирифтан, боиси асабхаробиятон низ мегарданд. Дар оилаатон вазъи ногуворе ҳукмфармо мегардад, шумо аз ҷониби аъзоёни оила фишорро эҳсос мекунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз худро каме нотоб ҳис мекунед. Аз нафароне, ки хуб намешиносед, ягон хел туҳфа нагиред. Аз ҷойҳои серодам ва ҳама гуна ҷашну маърака дурӣ ҷӯед. Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед ва сари вақт ба духтур муроҷиат кунед. Танҳо дар ҳамин сурат вақту маблағи худро сарфа мекунеду саломатиро аз даст намедиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД