arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАРТИ СОЛИ 2024
2182

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Давоми рӯз аз якрангии ҳаёт дилгир гашта, дилатон ҳаваси чизҳои аҷоибу ғароиб мекунад. Барои амалӣ гаштани хостаҳоятон ба сафари роҳи дур бароед. Барои бонувон фурсати беҳтарин фаро мерасад, ки бояд худро дар ин ҳангом чун хонуми боҳунару бомаҳорат ва бомасъулият нишон диҳанд. Охири рӯз эҳтимол каме нотоб мешавед. Нисбати саломатӣ бепарвоӣ зоҳир накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аввали рӯз эҳтимол бо наздикон гапатон мегурезад. Сабур бошед, танқидро қабул кунед ва ислоҳ гардед. Ба таънаву кинояи наздикон бо ғазаб ҷавоб нагардонед. Дере нагузашта, таъби хуш ва муносибати хуби шумо боиси хуб гаштани муносибатҳо мешавад. Нимаи дувуми рӯз масъулиятҳои зиёде шуморо хаста месозад. Кореро, ки аз уҳдаи иҷрои он намебароед, ба гардан нагиред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бар ивази рӯзҳои сахту мушкил рӯзҳои хубу бобарор ва пур аз шодиву нишот меоянд. Бисёре аз ҷавзоҳо бе ягон меҳнату машаққати махсус ба муваффақиятҳои назаррас ноил мешаванд. Нимаи дувуми рӯз эҳтимол дӯстони деринаро, ки хеле боз надида будед, вохӯред. Нафарони муҷаррад бояд бештар аз хона берун шаванд, то имконияти шиносоии наву аҷибро аз даст надиҳанд.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Давоми рӯз гӯё дилатон аз пешомади баде гувоҳӣ медода бошад дар ташвишу таҳлука меафтед. Гоҳе ин ҳолат шуморо бо сабаб ва гоҳе бесабаб фаро мегирад. Шумо хатари аслиро аз гумонҳои беҳуда фарқ карда наметавонед. Рӯз барои харид номувофиқ аст. Беҳтараш пулро чамъоварӣ кунед ва ҳатто барои чизҳои ба назаратон лозима ҳам сарф накунед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи пур аз рӯйдодҳои ногаҳонӣ аст. Маҷбур мешавед аз рӯйи ҳолатҳои ба миёномада ҳаракату рафторатонро иваз кунед. Ва аз уҳдаи мутобиқшавӣ ба шароити нав низ ба хубӣ мебароед. Албатта, ин каме боиси хастагиатон мегардад. Нимаи дувуми рӯз ашхосе хоҳиши дидорбинӣ ва муошират бо шуморо мекунанд, ки онҳоро тамоман дидан намехоҳед. Бонувон хастаҳолу бемадор гардида, беихтиёр дар орзуи бозувони қавии ёр меафтанд, ки тавонанд ба он такя карда, аз хастагиву танҳоӣ раҳо ёбанд.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз бобарор меояд. Кӯшиш кунед ҳама корҳои муҳимро дар ҳамин муддат ба анҷом расонед. Нимаи дувуми рӯз бошад, барои шиносоии нав ва муошират чандон мутобиқ нест. Ҳатто бо наздикону пайвандон забон ёфтанатон мушкил мешавад. Дар мавриди бегонагон бошад, ҳоҷати гап нест. Ҳатто як сухани одӣ метавонад низои калонро бархезонад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯз аз оне, ки умед доштед, бобарортар мешавад. Шумо якборагӣ чанд кори муҳимро ба анҷом мерасонед. Метавонед аз паси иҷрои кори наве шавед, муваффақ хоҳед шуд. Табъатон тамоми рӯз болида мешавад, вохӯриву муоширатҳо ба хубӣ анҷом меёбанд. Эҳтимоли ба даст омадани даромади пулӣ дар назар аст.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Имрӯз кореро, ки аз уҳдааш намебароед ва ё шояд иҷрои он ба саломатиатон зиён расониданаш мумкин, ба зимма нагиред. Мулоқотҳои корӣ бошанд, ба хубӣ анҷом меёбанд. Шумо метавонед ба боварии одамони даркорӣ сазовор гардед. Бо азизи дилатон забон ёфтан каме мушкилтар мешавад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯз аз ҳама рӯзҳои гузашта хубтар аст. Бартарии аввалаш дар он аст, ки монеаҳои сари роҳатон аллакай чандон зиёд нестанд. Дувумаш дар он аст, ки ҳама атрофиён ва ёру пайвандон аз таҳти дил ба кумакатон мешитобанд. Нимаи дувуми рӯз барои хушгузаронӣ ва ишқварзӣ басо мувофиқ аст. Аз фурсати мувофиқ ба хубӣ истифода баред, шумо инро сазоворед. 

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Давоми рӯз корҳо чандон хуб ривоҷ намеёбанд. Шумо аз нафароне дилмонда мешавед, ки ба онҳо боварии зиёд доштед. Ба мушкилоти иқтисодӣ дучор шуда, хаставу асабӣ мешавед. Бештар дар танҳоӣ бошед ва аз баҳсу мунозираҳо дур гардед. Ҳатто бо наздикон зиёд ҳарф назанед, то касеро наранҷонед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Аз бадхоҳон наҳаросед ва дилпурона ба пеш ҳаракат кунед. Онҳое, ки имрӯз ба шумо кумак мерасонанд, аз пешравии кори шумо манфиатдор ҳастанд. Бинобар ин, ҳамкорӣ бо онҳо дуҷониба судманд мешавад. Доираи муоширататон васеъ мегардад. Ҳамфикрон ва дӯстони нав пайдо мекунед. Охири рӯз вохӯрии аҷибе дар назар аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯз орому муқаррарӣ буда, метавонед онро пурра ба истироҳату фароғат бахшед. Ё аз пайи иҷрои кори нав шавед Дар ҳар ду ҳолат ҳам пушаймон нахоҳед гашт. Эҳтимол бо ҳамсаратон каме гапатон гурезад, вале хавотир нашавед, ин муноқиша дер давом намекунад. Рӯз барои машғул шудан ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё варзиши вазнин мувофиқ нест. Аммо гӯш кардани мусиқӣ ва рақсидан зери навои дилнавоз тану ҷонатонро солиму болида мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД