Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3639

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ниҳоят душвор аст. Танбаливу рӯҳафтодагиро эҳсос карда, ба ҳодисаҳои атроф бефарқ менигаред. Ин ҳолати шумо то вақте давом мекунад, ки ҳодисае таваҷҷуҳатонро бедор созад, он гоҳ хеле зиндадилу серҳаракат мешавед. Дар ҳаёти шахсӣ аз хиёнату фиреб эҳтиёт шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст, нобарориҳо аз ҳар тараф пайдо шуда, табъатонро хира месозанд. Аз нуқтаи назари дигарон вобаста буданатон эҳтимол дорад, аз ин рӯ, танҳо буданатон беҳтар аст. Аз атрофиёни худ ранҷида, дамдузд мешавед ва ҳатто нақшаи интиқом мекашед. Ҳар як қадами худро андешида гузоред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Барои ба даст овардани касбу кори деринтизор заҳмати зиёд мекашед. Аз дастгирии нафарони воломақом истифода бурда, ҳунару маҳорати худро дар амал нишон диҳед. Раҳмдилии модарзодӣ боиси рафъи муноқиша бо дӯстдоштаатон мегардад. Мардҳоро вохӯрие дар пеш аст, ки боиси пушаймонӣ мегардад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Саратонҳои муҷаррад бахти худро дар ин рӯз пайдо месозанд. Барои он ки ба бахти шумо чашми бад нарасад, бурдбориҳои худро ба ҳама нақл накунед. Нафароне, ки ба сафари хизматӣ мебароянд, ташвиши зиёд ба сарашон меояд. Қаҳру ғазаби худро ба касе нишон надиҳед, хусусан, ҳангоми робита бо нафарони ношинос.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи хубест барои маъракаву ҷашнҳо, хостгорӣ ва бастани ақди никоҳ. Нафароне, ки ба тозагӣ тиҷорати худро кушодаанд, бояд хеле фаъол бошанд. Вазъи молиявиатон мӯътадил набошад ҳам, аз бепулӣ азоб намекашед. Ҳар қадаре некандеш бошед, ҳамон андоза орзуҳоятон зудтар амалӣ мешаванд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳодисаҳои асосии рӯз бо ҷойи коратон алоқамандӣ доранд. Мушкилиҳои молиявӣ, ташвишу рӯҳафтодагӣ табъатонро хира месозанд. Аз муноқишаҳои ногаҳонӣ, ки оқибати ногувор меоранд, худдорӣ намоед. Аз ҷониби дӯстдоштаатон меҳрубонӣ эҳсос карда, худро хушбахт меҳисобед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ба бахилии пинҳонӣ ва ҳуҷуми рӯирости душманон омода бошед. Имрӯз дар хотиратон то дер нақш мебандад, аз ин рӯ, сабру таҳаммулро пеша намуда, ба воҳима наафтед. Ҳолати рӯҳиятонро танҳо мулоқоти ошиқона хуб месозад. Пеш аз истеъмоли ғизо ба сифати он диққат диҳед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз иродаи устувори худро нишон доданатон лозим меояд, то ки ба ҳуҷуми атрофиён ҷавоби арзанда дода тавонед. Пешниҳодҳои хуби кориро рад накунед. Пулҳоятонро барои ниёзи фарзандон ва доруворӣ сарф кардан лозим меояд. Вақте расидааст, ки манбаъҳои нави даромадро ҷустуҷӯ кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи санҷишу имтиҳон аст. Ба назаратон чунин менамояд, ки атрофиён ба асаби шумо расида, ғазабатонро меоранд. Андаке нофаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиси муноқишаи калон ва ҳатто сабаби ҷудо шуданатон мегардад. Ҳисобу китоби дақиқ шуморо аз мушкилиҳои ҷиддии молиявӣ эмин медорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Бо вуҷуди пуртоқативу поквиҷдониятон имрӯз бо сабаби камтаҷрибагӣ ба муваффақият ноил намегардед. Бо ҳамкорон ё наздикон нофаҳмӣ рух медиҳад. Дар ягон кор таваккал накунед, вагарна сахт пушаймон мешавед. Хусусан, дар масъалаи саломатӣ танҳо бо тавсияи табибон амал намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои молиявиатон бобарор анҷом меёбанд. Муваффақият шуморо дар корҳои тиҷоратӣ ҳамсафар мегардад. Меҳнати зиёд мекунед ва натиҷааш хотиратонро шод мегардонад. Аз ҷониби дӯстдоштаатон норизогиву танқид дида мешавад, вале ин чизҳо наметавонанд хотири шуморо озурда намоянд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳодисаҳои ногувори нимаи аввали рӯз боиси фишори рӯҳӣ ва аз даст рафтани нерӯи зиёдатон мегарданд. Ба иғвогариву беилтифотии атрофиён . Ба дағалӣ бо дуруштӣ посух нагӯед, оромона аз пайи кори худ шавед. Дар ин шабу рӯз тамоми диққати худро ба тозагии шахсӣ ва хонаву дар равона созед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД