Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
3213

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Сюрпризҳои ғайричашмдоштро интизор бошед. Барои пиёда гашту гузор кардан рӯзи хуб аст. Мушкилиҳои имрӯзаи шумо аз сифр оғоз мешаванд, аммо шумо аз об хушк баромада метавонед. Ҳамалҳои мошинсаворро лозим аст, ки дар роҳҳои дохилишаҳрӣ суръати ҳаракатро баланд накунанд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Кори имрӯзаро ба ҳеҷ ваҷҳ ба фардо нагузоред. Агар кӯшиш кунед, ба муваффақиятҳои бештар ноил гашта метавонед. Дар суҳбат бо наздикон ва шахси дӯстдоштаатон бодиққат бошед, то онҳоро дилмонда карда, баъдан аз гуфтаҳои худ пушаймон нашавед. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар бештари корҳо танҳо ба худ такя кунед. Хавотир нашавед, аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада метавонед. Хоҳишҳои худро ба таври мушаххас баён кунед, то дигарон бидонанд, ки аз онҳо чӣ мехоҳед. Дар пеш як сафари рӯҳбаландкунандае шуморо интизор аст, ки бе дудилагӣ ба он омода шавед. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз барои ба сомон расонидани корҳои иҷтимоӣ рӯзи мусоид аст, бинобар ин, худро ба корҳои шахсӣ банд накунед. Дар масъалаҳои муҳими ҳаётӣ аз кӯмаки наздикон истифода намоед. Бегоҳирӯзӣ бо аҳли оила ба ҳавои тоза баромада, дар боғҳо сайр кунед ва аз ҳавои тоза нафас кашед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ҳар кори бар дӯшатон бударо бо суръати баланд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал мекунед. Ба шантаж бовар накунед ва кӯшиш ҳам накунед, ки худро идора намоед. Масуниятатон беҳад паст аст. Бештар витамин ва хӯрокҳои серғизо истеъмол карда, дар фикри саломатиатон бошед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳодисае, ки дербоз бароятон нофаҳмо буд, имрӯз фаҳмою равшан мешавад. Барои ба даст овардани даромади иловагӣ рӯзи бобарор аст. Саҳфаҳои гузаштаро варақгардон кунед, вагарна корҳоятон пеш намераванд. Сунбулаҳои ошиқро вохӯриҳои ошиқона ва тақдирсоз интизор аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз танҳо ба корҳои шахсиатон машғул шавед ва масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намоед. Агар имрӯз ин корҳоро ҳал карда натавонед, пагоҳ боз дарди сари худатон мешаванд. Аз як вазъияти ногувор ба осонӣ раҳоӣ меёбед. Ба саломатиатон диққати бештар диҳед ва ғизоҳои солим истеъмол кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ба шумо барои хизматҳои қаблиатон мукофот медиҳанд. Дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегиред ва аз ин хурсанду болидахотир ҳам мешавед. Барои ба нақша гирифтани таътили тобистона рӯзи хуб аст. Аз имкониятҳои пешомада самаранок истифода бурданро фаромӯш накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар ҳалли баъзе аз мушкилиҳо шитоб накунед, зеро онҳо худ ба худ ҳал мешаванд. Ба суханҳое, ки дигарон аз паси шумову дӯстони шумо мегӯянд, бовар накунед. Агар ба ин овозаву ғайбатҳо шубҳа дошта бошед, бевосита худатон ҳақиқатро аз дӯстонатон пурсида, ором шавед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шуморо лозим аст, ки тамоми вақти худро ба истироҳате бахшед, ки дербоз сазовораш будед. Ба амалишавии орзуҳои худ боварӣ дошта бошед, ҳатто агар дигарон ба шумо боварӣ надошта бошанд ҳам. Хатоҳои куҳнаро такрор накунед ва ба пеш бо нигоҳи нав ҳаракат намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз наздиконатон шуморо бо сюрпризҳои ҳайратовар хурсанд мекунанд. Дар як вақт чанд корро иҷро кардан мехоҳед, аммо пеш аз ҳама боварӣ ҳосил кунед, ки ба ин қувваатон кофӣ аст ё на. Аз дӯстонатон кӯмак пурсида метавонед. Онҳо хоҳишатонро рад накарда, ба шумо ҳатман кӯмак мекунанд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз баъзе мушкилиҳое, ки тамоман интизорашон набудед, ба миён омада, нақшаҳои кориатонро тағйир медиҳанд. Корҳои муҳимро дар нимаи аввали рӯз иҷро кунед. Барои ҳутҳои ошиқ рӯзи бобарор нест. Вохӯрӣ ва дидорбиниҳои ошиқонаро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред, беҳтар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД