Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки ба саломатии худ бештар таваҷҷӯҳ кунед. Идеяҳои нави шумо мисли пештара тарафдор ва маъруфият пайдо мекунанд. Нимаи аввали рӯз вазъи молиявиатон то андозае нохуб мешавад. Хавотир нашавед, дар нимаи дувуми рӯз ҳама мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз дар кори шумо ба вуҷуд омадани тағйирот дар назар аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки дар қабул кардани қарорҳо шитоб накунед ва саросема ҳам нашавед. Вақти он расидааст, ки фикру ақидаи худро ҷамъ оваред ва андеша кунед, ки чӣ шуморо аз рушд кардан бозмедорад. Бо ҳамкоратон ишқварзӣ накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо дӯсти деринаатон вохӯрда, дар мавриди як чизе, ки аз даст додаед, суҳбат мекунед. Агар нафаре аз шумо кӯмак ё маслиҳат пурсад, ёрӣ расонед. Дар масъалаҳои мушкилтар аз нафарони калонсоли оила кӯмак пурсед. Дер накарда, сари вақи ба ҷойи кор ҳозир шавед ва масъулиятшинос бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз шуморо якчанд озмоиш интизор аст, ки бояд гузаред. Хароҷотатон аз даромадатон зиёдтар мешавад, ба ин хотир, миёнатонро мустаҳкамтар бандед. Ҳарчанд дурӯғҳояшон ба назар гуворо менамояд, аммо ба ғайбатчиҳову нафарони дурӯғгӯ бовар накунед ва аҳамият ҳам надиҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи хуб аст, ба шарте ки бо наздикон ва атрофиён муноқиша накунед. Агар ба чизе сахт шубҳа мекунед, беҳтараш ба назди равоншинос равед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки бештар дар ҳавои тоза сайр кунед. Ба варзиши сабук машғул шуда, ҳамчунин, организми худро аз витамини D бой созед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз чизеро харидорӣ мекунед, ки аслан ба он ниёз надоред. Вақти он расидааст, ки чеҳраи аслии худро ба ҳамагон нишон диҳед. Бе кӯмаки дигарон чизеро, ки ба даст оварданашро дербоз орзу мекардед, ба даст меоред ва як орзуи худро ҷомаи амал мепӯшонед. Бештар мева ва сабзавот истеъмол намоед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз агар вақти холӣ ёфтед, ҳатман истироҳат кунед ва дар вақти истироҳат кӯшиш кунед, ки аз ташвишҳо дур бошед. Давоми рӯз на дар тиҷорат, балки дар муносибатҳои ошиқона фаъол бошед. То охири моҳ ҳанӯз вақти зиёд аст, бинобар ин, дар харҷи маблағ сарфакор бошед, то бепул намонед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз шумо бояд ба ҳар сухане, ки аз даҳонатон мебарояд, аҳамият диҳед, то касеро аз худ хафаву дилмонда накунед. Дар муносибатҳои шахсӣ тахайюл (фантазия)-ро ба кор мебаред. Ин ба рушди карераи шумо таъсири мусбат мерасонад, бинобар ин, фурсатро аз даст надиҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз қисми зиёди корҳоятонро бо саросемагӣ анҷом доданатон лозим меояд. Агар аз пода пеш чанг набардореду сабр кунед, муваффақият ҳамсафари шумо хоҳад шуд. Барои рӯзи истироҳат дилатон танг мешавад. Ҳарчӣ зудтар ба тамошо рафтан мехоҳед. Ҳангоми ба сафар баромадан эҳтиёт кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз бо нафаре вомехӯред, ки дербоз ӯро мешиносед. Ғайр аз кори худ, ба кори дигар машғул нашавед, зеро барои ҳама кор вақти кофӣ надоред. Идеяҳои хубу ҷолибатон рушд меёбанд, нафарони машҳур нисбати кори шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Даромади иловагӣ дар назар нест.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз айбҷӯӣ накунед, вагарна сари худро ба бало гирифтор карда, бо дигарон муноқиша мекунед. Ҳангоми аз наздик вохӯрдан бо шиносҳои нав саросема нашавед. Кӯшиш кунед, ки қарорҳои ғаразнокро камтар қабул кунед. Ниҳоят аз вартаи танҳоӣ раҳо ёфта, ҳамсафари худро пайдо мекунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯз барои гуфтушунидҳои корӣ, вохӯриҳои ошиқона, сафарҳои дуру наздик ва сайру саёҳат хеле мусоид мебошад. Дари дили худро акнун боз намоед ва бо ҷинси муқобил ишқварзӣ кунед. Агар дӯстдошта дошта бошед, робитаи худро мустаҳкамтар намоед. Қаҳваро камтар ва обро зиёдтар нӯшед.