Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 16-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3270

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи комилан бобарор аст. Агар вохӯриятон ба таъхир афтад, рӯҳафтода нашавед, зеро аз тақдир роҳи гурез нест. Шахсоне, ки асаби ҳассос доранду ҳолати рӯҳияшон нохуб аст, бояд эҳтиёткор бошанд. Вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед ва ба сайри шомгоҳӣ бароед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бобарор аст. Ба ягон нафар ваъда надиҳед. Вазъият тавре сурат мегирад, ки бо сабабҳои бароятон номаълум ба ваъдаҳоятонро вафо карда наметавонед. Аз рафъ намудани мушкилоти пулӣ худдорӣ намоед. Дар ин рӯз қарз нагиреду ба касе қарз надиҳед. Меҳмони ногаҳонӣ ё хабари ногувор имкон дорад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз нисбати шиносҳои нави худ бодиққат бошед. Эҳтимоли рух додани муноқиша дар назар аст, ки оқибати нохуш ба бор меорад. Агар шумо ҳанӯз ҳам бахти худро пайдо накардаед, пас имрӯз имкони мувофиқ барои шиносоӣ фаро мерасад. Ба атрофиён хубтар зеҳн монда, танқидро раво набинед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст. Дар касбу кор ва муносибатҳои шахсӣ вазъият номусоид мегардад. Дар корҳои вобаста ба тиҷорат фаъолнокӣ нишон надиҳед. Бо вуҷуди имкон доштан монеаҳоро убур карда наметавонед. Табъатон якбора ва худ ба худ тағйир ёфта, аз дарди сар азият мекашеду хобҳои бад мебинед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз хеле ҳассос мегардед ва зери таъсири ҳар нафар афтиданатон имконпазир аст, аз ин лиҳоз, хеле эҳтиёткор бошед. Ташаббускори муноқишаву низоъ нагардед, вагарна ин ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонад. Табъатон худ ба худ тағйир меёбад. Ба ғизои мехӯрдаи худ диққат диҳед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барор дар касбу кор ва муносибатҳои ошиқона ҳамсафари шумо мегардад. Айни замон худро ба даст гирифта, эҳсоси манфиро ба дил роҳ надиҳед. Дар ҷои кор муноқиша имкон дорад, аз ин рӯ, пешакӣ коре кунед, ки ҷангу ҷанҷол рух надиҳад. Шахсони оиладор ва дӯстдоштаҳо ба якдигарфаҳмӣ меоянд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бе ташвиш аст. Агар хоҳиши харидорӣ кардани чизеро дошта бошед, дарҳол аз паяш шавед. Бо корҳои хатарнок машғул нашавед, аммо бо тиҷорат машғул шуданро маслиҳат медиҳем. Нисбати дӯстону шиносон бепарвоӣ зоҳир накунед. Муноқишае рух медиҳад, ки оқибати ногувор ба бор оварда метавонад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Боҷуръатӣ ва дурандешӣ ҷиҳатҳои манфии рӯзро кам мекунанд. Дар ин рӯз аз ваъда додану гуфтори беандеша ва кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим худдорӣ намоед. Харид кардану савдои хона ва мошинро тавсия намедиҳем. Санҷишҳоеро, ки имрӯз тақдир насибатон мегардонад, ҳамроҳи шахси боваринок рафъ карда метавонед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар гуфтор андозаро нигоҳ доред ва аз ҳад нагузаронед. Бештар гӯш кунеду нуқтаи назари худро камтар баён намоед. Дар касбу коратон тағйирот рух медиҳад, ки бояд омода бошед. Ҳар орзуву ҳавасе, ки нисбати дӯстдоштаатон доред, ҷомаи амал мепӯшад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳои муҳим боэҳтиёт бошед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ҳаётатон ҳодисаҳои ногаҳонӣ рух медиҳанд. Бо корҳои хатарноку санҷиданошуда машғул нашавед, вале пешниҳодҳоро барои машғул шудан бо тиҷорат ҳатман қабул кунед. Шахси дӯстдоштаатон бо меҳрубониву ғамхорӣ дар ҳама ҳолат дастгириятон мекунад ва шумо низ ҷавобан ба ӯ ғамхорӣ зоҳир намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз муносибататонро бо баъзе атрофиёни худ тағйир доданатон лозим меояд. Аз шиносоиҳои нави ошиқона дар давоми рӯз худдорӣ намоед. Бо харид ё савдо машғул шуданро муваққатан маслиҳат намедиҳем. Эҳтимол, маблағи калонро аз даст медиҳеду баъдан пушаймон мешавед, ки дигар суде надорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Аз ваъда додан, қасам хӯрдан ва суҳбатҳои нодаркор худдорӣ намоед. Ба корҳои хатарнок даст назанед ва бо хариду фурӯши хонаву мошин машғул шуданро низ тавсия намедиҳем. Нисбати дӯстони нав бодиққат бошед. Вазъияти пурмоҷарое имкон дорад, ки оқибати ногувор ба бор меорад.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД