Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2022
2580

                   Ҳамал

Дар ҳаётатон дигаргуниҳо дар назар аст, аз ин рӯ, ҳадафи асосӣ бояд ҳаёти шахсиятон бошад. Рафтор ва гуфторатонро дар коргоҳатон назорат кунед, вагарна аз ҷои гарматон мемонед. Қадаматонро дониста гузоред. Ба садои дилатон гӯш андозед. Нимаи дуюми рӯз лоиҳаҳоятонро бо дили пур ба роҳбаратон пешниҳод кунед.

Савр

Дар ин рӯз корҳои навро оғоз накунед, вагарна бо нокомӣ рӯ ба рӯ гашта, дилшикаста мешавед. Дар коргоҳатон аз одамони ғайбатчӣ худро дур бигиред, то балоеро ба саратон наоранд. Ба ҳаёти дигарон биниатонро нахалонед. Нимаи дуюми рӯз чеҳраи аслии шахси дӯстдоштаатонро мебинед. Байнатон сахт моҷаро мехезад. Кӯшед, ки ба гуноҳу хатои ёратон чашм пӯшед.

Ҷавзо

Аллакай мушкилиҳоро паси сар кардеду муаммоҳои сарбастаро ҳал намудед, акнун метавонед бо дили пур истироҳат кунеду рӯзҳои хушро интизор бошед. Нимаи дуюми рӯз омадани меҳмонҳои олиқадр дар назар аст. Дар ин рӯз шиносоии тақдирсозеро ситораҳо пешгӯӣ намудаанд, ки зиндагиатонро якбора пурра дигаргун карда метавонад.

Саратон

Ин рӯз феълу атворатонро дигар кунед, вагарна бо рафтори мағруронаю забони тезатон тамоми дӯстонатонро аз худ дур месозед. Агар ҳаракат кунед, ин рӯз даромади калонеро ба даст хоҳед овард. Маблағро барои бартараф намудани камбудиҳои рӯзгоратон сарф кунед. Нимаи дуюми рӯз хабари хуше ба гӯшатон мерасад.

Асад

Ин рӯз асадҳо бояд фақат ба қудрату тавоноии худ такя кунанд, зеро тамоми орзую нақшаҳоятон метавонанд дар охирин лаҳза самташонро иваз кунанд. Ором бошеду ақлатонро кор фармоед, риштаи тақдиратон танҳо дар дасти шумост. Аз ғайбати дигарон натарсед ва тамоми шансҳоятонро истифода баред. Ғолибонро муҳокима намекунанд.

Сумбула

Дар ин рӯз каме пуртоқат бошеду дар коргоҳатон тамоми қувваи худро ба харҷ диҳед, то нақшаҳоятонро дар амал тадбиқ намоед. Нимаи дуюми рӯз қарзҳоятонро бармегардонанд. Дар сарфи маблағ саросема нашавед, вагарна мушкилоти бепулӣ саратонро гаранг мекунад.

Мизон

Дар ҷодаи ишқ зодагони бурҷи мизонро нокомӣ интизор аст. Ба ҷанҷол бо дӯстдоштаатон омода бошед. Дилозурда нашавед, агар моҷаро бо ҷудоӣ анҷомад. Зиндагӣ пур аз муаммоҳост. Агар худро гунаҳкор ҳис кунед, зуд аз пайи ислоҳи хатоятон шаведу дили ёри ранҷидаатонро бо кадом роҳе, ки набошад, ҳатман ёбед. Бахт ёратон бод!

Ақраб

Ин рӯз дарои зодагони бурҷи ақраб бобарор ва такрорнашаванда ба ҳисоб меравад. Вохӯрии корӣ ба вохӯрии ошиқона мубаддал мегардад. Агар аз гапу гапчаҳои иғвонангезон меҳаросида бошед, кӯшед ин сирро пинҳон доред, вале риштаи ошноиро наканед. Агар бахтатон омад кунад, дар тӯйи арӯсиатон дӯсту душманонатонро даъват мекунед.

Қавс

Агар қувваи корӣ ва ё маблағ лозим бошад, аз роҳбаратон кӯмак пурсед, вагарна тамоми меҳнату кӯшишҳои чандинвақтаатон барбод хоҳад рафт. Нимаи дуюми рӯз ёри ранҷидаатон боз наздатон меояду кӯшиши бахшиш пурсиданро мекунад, зеро бе ягон сабаб худро аз шумо дур карда буду акнун ангушти пушаймонӣ мегазад.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз чунон корҳоятон бисёр мешаванд, ки намедонед аз кадомаш шурӯъ кунед. Холаи ҳамакора нашавед, ҳар корро босифат анҷом диҳед. Нимаи дуюми рӯз макру ҳилла ва дуруғгӯии ошиқатон фош гашта нағмаҳояш чунон ба дилатон мезанад, ки намедонед чӣ гуна аз ӯ худро дур созед. Худфиребӣ накунед. Беҳтараш ошкоро бигӯед, ки ҳаётатонро бо каси дигар пайвастаниед.

Давл

Нақшаҳое, ки кайҳо тарҳрезӣ карда будед, барбод мераванд. Озурда нашаведу худро азоб надиҳед. Минбаъд ҳар кореро, ки карданӣ мешавед бе маслиҳат оғоз накунед, то дучори нокомӣ нагардед. Нимаи дуюми рӯз барои вохӯриҳои корӣ хеле бобарор аст. Фурсатро аз даст надиҳед. Аммо дар имзо намудани ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор буданро ситораҳо ба зодагони бурҷи далв маслиҳат додаанд.

 

Ҳут

Мушкилии ҷиддие пеш меояд, ки сабру таҳаммулро талаб мекунад. Агар ҳис кунед, ки дилатон тобу тавони бардоштани ғамро надорад, ба дӯсти наздикатон буғи дилатонро кушоед, то ба дарде гирифтор нашавед. Нимаи дуюми рӯз шиносоии аҷибе дар назар аст, ки зиндагии ҳутҳои муҷаррадро рангинтар мекунад. Кӯшиш намоед, ки ба боварии ёри наватон дароед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД