Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз дастгирии пурқуввати ҳамкоронро эҳсос мекунед. Пешниҳодҳоятон қабул ва табъатон болида мегардад. ба наздикони худ диққати хоса зоҳир намоед. Хариди беҳуда накунед, беҳтараш дар ин рӯз ба бозору мағоза наравед. Вақти бештари худро ба саломатӣ равона созед, бо варзиши сабук машғул шавед.
Савр (21 апрел-22 май)
Имрӯз барои шумо дар ҷои аввал мушкилоти пулӣ меистад. Беҳтар аст, ки худатон роҳи ҳалли мушкилиро пайдо намоед. Агар қарз гирифтан нахоҳед, ҷои коратонро иваз кунед. Дар ин рӯз талаби зиёд кардани маошро накунед. Дӯстдоштаатон аз дағалии шумо сахт меранҷад, аз ин рӯ, қабл аз гаперо гуфтан сад бор андеша намоед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Табъи кориятон дар ин рӯз хушу болида аст. Рӯзи хубест барои рафтан ба назди машшотаву сартарош. На танҳо фикру андеша, балки сару либоси худро низ ба тартиб оварданатон лозим аст. Баъди нисфирӯзӣ маблағ ба даст оварданатон имконпазир аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Нисбати супоришу уҳдадориҳое, ки аз ҷониби роҳбарият мегиред, боэҳтиёт амал кунед. Муҳим он аст, ки корро фавран неву босифат анҷом диҳед. Дар ҳаёти оилавӣ бо сабаби норасоии маблағи пулӣ воҳимаву муноқиша имконпазир аст. Барои он ки боз дучори нофаҳмӣ нагардед, мушкилоти пешомадаро рафъ созед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи пур аз рӯйдод аст, вале тамоми фикру хаёли шумо банди ишқу муҳаббат мегардад. Кор ҳатто ба ҷое мерасад, ки супоришҳои роҳбарият ба гӯшатон намедарояд. Нисбати дӯстону рафиқони худ бодиққат бошед, эҳтимол нафаре дар ниқоби дӯст аз пайи бадии шумо аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар дарк намоед, ки нисбати дӯсти худ аз ҳад зиёд танқиду интиқодро раво дидаед, беҳтараш кунҷи танҳоӣ ихтиёр намоед. Рафтори худро таҳлил намоед, он гоҳ сари қарори дуруст омада метавонед. Рӯзи бобарорест барои ташхису табобати бемориҳое, ки чанд муддат шуморо азият медиҳанд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Зодагони мучали мизон дар ин рӯз бо коре машғул шудан нахоста, танҳо дар фикри истироҳат мешаванд. Бо вуҷуди хоҳиши истироҳат доштанатон баъди нисфирӯзӣ ташвиши рӯзгор зиёд мешавад. Ташрифи меҳмонони нохондаро интизор шавед. Ба ҳолати асбобҳои техникии хонаатон диққати хоса диҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз шуморо шиносоиҳои нав ва сафарҳои дарозмуддат интизор аст. Азбаски нерӯятон дар ин рӯз зиёд аст, ба сафар баромада, хато намекунед. Дар масъалаҳои ошиқона лавандӣ накунед. Агар ошиқи худро шод кардан мехоста бошед, армуғони ошиқонаро ба ёд биёред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз нафароне ба иззати нафсатон мерасанд, ки ба дастгирияшон умед баста будед. Худро барои коре, ки накардаед ва ҳатто дар гӯшаи хаёлатон ҳам набуд, гунаҳкор насозед. Ба мушкилоти ночиз диққат надода, танқиду эроди касеро ба эътибор нагиред. Эҳтимоли сар задани дарди сар вуҷуд дорад, дар ин ҳолат фавран ба духтур муроҷиат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз чӣ гуна гузаштани вақтро эҳсос намекунед. Эҳтимол зуд-зуд ба шаҳру ноҳия сафар карданатон лозим меояд. Агар кореро ба нақша гиред, пули зиёдро аз даст медиҳед. Рафту қарздор бошед, сари вақт қарзи худро баргардонед, ҳатто аз мушкили камтарин худро канор гиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Зодагони мучали далвро лозим аст, ки нисбати нафароне, ки боз муддати мадид бо ҳам ҳамкорӣ карданашон лозим меояд, дағалӣ накунанд. Беҳтараш касбияти худро нишон диҳед. Ба нишонаҳои аввалини бемории зуком бе таваҷҷуҳ набошед. Табобатро сари вақт оғоз намоед, вагарна беморӣ шуморо аз по меафтонад.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Агар зодагони мучали ҳут то ба имрӯз дар касбу кори худ душвориҳоро эҳсос мекарданд, имрӯз сабукӣ ҳис мекунанд. На ҳар кас дар зиндагӣ лидер шуда метавонад, аз ин лиҳоз, худро азият надиҳед. Бо шахси дӯстдоштаатон муввақатан ҷудо шуда метавонед.