arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
3781

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз дар бораи роҳбари худ аз ҳамкорон суханҳое мешунавед, ки то дер ба худ омада наметавонед. Муносибатҳои ошиқона рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Бо дӯсти деринаи худ муносибатҳоятонро барқарор мекунед. Рафъ кардани муноқишаҳои оилавӣ кори мушкил аст, вале бояд ин корро кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз дар бораи наздикони худ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, хабари хуш шунида, хушҳол мешавед. Ба кибру ғурур роҳ надода, аз хати кашидаи роҳбарият берун қадам нагузоред, он гоҳ корҳоятон рӯ ба беҳбудӣ меоранд. Баъзе саврҳо имрӯз содаву ҳассос мешаванд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҳангоми ба бозору мағоза рафтан ва харид кардан боэҳтиёт бошед. Фаромӯш насозед, ки моли арзон бе иллат намешаваду моли қиммат бе ҳиммат. Дар ҷойҳои серодам молу ашёҳои худ бе назорат нагузоред. Хабар ё пешниҳоде, ки дер ба даст меоред, табъатонро хира месозад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо баҳонае хешовандону наздиконро ба ҳам оред. Рӯз барои ба даст овардани маблағи хуб имконият фароҳам меорад. Хобҳои аҷиб мебинед. Диққати худро ба дӯстони пешина равона карда, дӯсти нав накобед. Бонувон дар фикри иваз кардани ҷиҳози хона мешаванд.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар хонадони шумо маъракаи хурсандӣ барпо мешавад. Ҳамзамон, хабари ҳомиладоршавӣ ё таваллуди фарзандро интизор бошед. Асадҳои муҷаррад бахти деринтизори худро меёбанд. Дар касбу кор монеаҳо сар мезананд, вале шумо ба осонӣ роҳи ҳаллашонро пайдо мекунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бинобар ба таъхир афтодани баъзе корҳоятон ва хароҷоти ногаҳонӣ табъатон хира мегардад. Рӯҳафтода нашуда, бо ҷидду ҷаҳд ба пеш ҳаракат кунед. Оид ба саломатӣ ба маслиҳати атрофиён гӯш андохта, зудтар аз пайи ташхису табобат шавед. Ба таъмири хона машғул шуда наметавонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки камбудиву мушкилии наздикон машғул шавед. Аз пайи табобати беморие шавед, ки чанд муддат аст шуморо азият медиҳад. Барои зудтар ва пурра шифо ёфтан парҳез ва амалиётҳои махсуси табобатро риоя кунед. Давоми рӯз чизеро фаромӯш ё гум мекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба хотири беҳтар сохтани вазъи молиявӣ бо дӯстони дерина сари як пиёла чой суҳбату маслиҳат карданатон лозим аст. Рӯзи пур аз рӯйдод аст, вале на ҳамаи онҳо мувофиқи табъи шумо ҷараён мегиранд. Душвориҳоро дида, рӯҳафтода нашавед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз маъракаи фотиҳа ё ақди никоҳро анҷом дода метавонед. Дар давоми рӯз роҳҳои бартараф кардани мушкилоти рӯзгорро меҷӯед. Хароҷотатон калон мешавад, илова бар ин, ба маблағ эҳтиёҷ пайдо мекунед. Дар муносибат бо хонаводаи худ асабӣ шуда, сабру таҳаммулро аз даст медиҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯз барои баргузор намудани тӯй ва ҷашн созгор аст. Баъзе ҷаддиҳо танҳо манфиатҳои шахсии худро фикр карда, одамгурез мешаванду кунҷи танҳоиро ихтиёр мекунанд. Хотири онҳоеро, ки шуморо дӯст медоранду дарк мекунанд, озурда насозед. Бонувон аз суҳбат бо мардҳо ҳаловат мебаранд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Далвҳо дар ин рӯз ба корҳое машғул мешаванд, ки дар оянда даромади хуб меорад. Давоми рӯз имкон пайдо мекунед, ки вазъи саломатии худро беҳтар созед. Мушкилие, ки чанд муддат шуморо азият медод, имрӯз бартараф хоҳад шуд. Аз муошират бо нафарони бегона панд мегиред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи бобарор гӯем, хато нахоҳем кард. Барои ба хонаи нав кӯчидан айёми мусоид аст. Ба саломатиатон хатари ҷиддие таҳдид намекунад. Ба ҳар ҳол, худро аз фишори рӯҳӣ эмин нигоҳ доред. Бонувонро муваффақият интизор аст. Бо наздикони худ муноқиша карданро тавсия намедиҳем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД