arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ МАРТИ СОЛИ 2024
1990

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бояд ба як қарори муайян омада, бо кӣ робита кардану аз кӣ ҷудо шудани худро муайян созед. Гап сари дӯстону шахси дӯстдошта меравад. Беҳуда мақсадҳои дастнорас насозед. Муваффақиятҳои боре ба даст овардаро дубора кӯшиши фатҳ намудан накунед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Агар дар ин рӯз бо нафаре гапатон гурезад, яке аз дӯстонатонро хоҳиш намоед, ки шуморо оштӣ диҳад. Миёнаравҳо дар ҷои кор фишори маънавӣ оварда, боиси муноқишаву нофаҳмӣ мегарданд. Хоҳиши дар ҳама кор аввал будан ба ҳаёти шахсиятон таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба маслиҳатҳои дӯстону наздикон нағзакак гӯш андозед. Хусусан дар масъалаҳои молиявӣ. Беҳуда таваккал накунед, вазъиятро ҳамин тавр қабул намоед. Дар муносибатҳои ошиқона якравӣ накунед, дар акси ҳол муҳаббати худро аз даст медиҳед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз тамоми қувваи худро барои ба даст овардани вазифаи нав сарф накунед. Агар корҳои нотамом дошта бошед, беҳтараш барои ба анҷом расониданашон кӯшиш намоед. Бо нафарони бадкирдор робита накунед, он гоҳ нафарони дилпур ба ҳаётатон ворид мегарданд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз кори зиёдро ба нақша нагиред, вагарна оқибати ногувор ба бор меорад. Дар муносибатҳоятон бо наздикон нофаҳмиву иддао зиёд мегардаду самимият дида намешавад. Аз саломатии худ бохабар бошед, зуд-зуд фишори хунатонро санҷед. Вазъи саломатиятон аз вазъи боду ҳаво вобастагӣ дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Барор ба шарте ҳамсафари шумо мегардад, ки ба тағйиротҳо омода бошед. Аз тақдир чизеро, ки бо кӯшишу таҳаммули зиёд ба даст меояд, талаб накунед. Қабл аз он ки изҳори муҳаббат мекунед, хислати ёратонро нағзакак омӯзед. Бегоҳирӯзиро барои истироҳат ва сайругашт бубахшед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар вазъиятҳое, ки дурандешона бояд амал намоед, фаъолнокӣ нишон надиҳед. Нисбати шахси дӯстдоштаатон асабонияту нофаҳмӣ зоҳир мекунед. Агар лаҳзаҳои хотирмони ошиқона муҳайё карда тавонед, ҳама чиз тағйир меёбад. Рӯзи хубест барои ороиши хона.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Агар оромона барои расидан ба мақсад кӯшиш намоед, ниятҳоятон амалӣ мешаванд. Бемулоҳизагӣ ба корҳои молиявиятон таъсири манфӣ мерасонад. Эҳтимоли аз даст додани маблағи зиёд вуҷуд дорад, аз ин лиҳоз аз хариди беҳуда худдорӣ намоед. Ба маъракаи дилхушкунандае даъватӣ мегардед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Агар ба доми ҳавасҳои худ дода нашавед, бурдборӣ насибатон мегардад. Сафару навовариҳоро ба таъхир гузоред, беҳтараш аз пайи корҳои ҷамъшуда гардед. Аз робита бо кӯдакон хушҳол мегардед. Дар ҷодаи муҳаббат давраи хушбахтӣ фаро мерасад, босабр бошед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар бо ширкатҳои муваффақ ҳамкорӣ кунед, ба зудӣ комёб мегардед. Дар танҳоӣ амал карданатон манъ аст, хусусан агар ба худ боварӣ надошта бошед. Нисбати дӯстдоштаатон сахтгир набошед, алҳол ӯ ба тағйиротҳои ногаҳонӣ омода нест.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Қобилиятҳои ақлониву ҷисмониятонро аз андоза зиёд гумон накунед, вагарна бо корҳои вазнин машғул шуда, бемор мегардед. Бо нафарони ношинос дарди дил накунед. Кушодадилиятонро ҳамчун хирагӣ қабул мекунанд. Бемориҳои дилу рагҳои хунгард имкон доранд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бо шумо забон ёфтан кори душвор аст. Агар худро ба даст гирифта тавонед, ба фоидаи худатон аст. Кӯшиши пайдо намудани камбудиву ғалатҳои шахси дӯстдоштаатонро накунед. Оқилона сарф кардани маблағ аз мушкилоти деринаи бепулӣ наҷотатон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД