Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳодисаҳои манфии рӯз ба вазъи саломатиятон бетаъсир намемонанд. Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ ба муноқиша роҳ надиҳед. Бо нафарони бароятон наздик муноқиша накунед, хусусан, агар ба хислату рафтори эшон боварӣ надошта бошед. Ҷароҳати тасодуфӣ ё беморӣ боиси амалӣ нашудани нақшаҳоятон мегардад.
Савр (21 апрел-20 май)
Рӯзи бобарор аст. Бо нафарони даркорие робита пайдо мекунед, ки мушкилиҳои пешинаатонро рафъ месозанд. Дӯстдоштаи худро бо туҳфаи хуб шод гардонида метавонед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои сахтгазноккардашудаву сард худдорӣ намоед. Дар ин шабу рӯз кӯшиш кунед, ки зуком нашавед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Рӯзи бобарор аст. Ба атрофиёни худ некӣ карда, хурсанд мешавед. Бонувон дар ин рӯз бояд аз баъзе тоифаи мардҳо эҳтиёт шаванд. Мардҳо хабаре мешунаванд, ки дар ҳаёти шахсияшон тағйиротҳои судмандро ворид месозад. Барои мустаҳкам сохтани масуният бештар меваву сабзавот истеъмол кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯзи душвор аст. Тамоми рӯз ҳушёриро пеша намоед. Бо ҳар он чӣ дар даст доред, қаноат карда, кӯшиши бештар ба даст овардани чизеро накунед, вагарна ба бало гирифтор шуданатон имкон дорад. Корҳои ҷисмонӣ ва робита бо дӯстон дар давоми рӯз табъатонро болида месозанд.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз хабарҳои ногаҳонӣ шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Танқид кардану камбудиҳои коратонро нишон додани атрофиён аз рӯйи дӯстӣ аст, аз ин рӯ, сари вақт ислоҳ шуда, сифати кори худро беҳтар кунед. Ҳодисаи тақдирсозе шуморо интизор аст. Тамоми фикру хаёли худро барои беҳ сохтани саломатӣ равона созед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Эҳтимоли ҷангу ҷанҷол бо сабаби рашк кардану худхоҳии шумо вуҷуд дорад. Ҷиҳози худро хуб нигоҳубин кунед, эҳтимоли дуздӣ ё сӯхтор вуҷуд дорад. Даромади пулӣ имкон дорад, вале на ба он миқдор, ки шумо мехостед. Каме нотоб шуданатон нишонаи шамол хӯрдан аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз вазъи молиятон рӯ ба беҳбудӣ оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Дар хона эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад. Дар баробари ин, рӯзи хастакунанда аст. Мизонҳое, ки ошиқанд, ба дили дӯстдоштаи худ роҳ пайдо мекунанд. Истироҳат барои саломатиятон муҳим аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз масъалаи муҳимеро рафъ карданатон лозим меояд, ки аз он натиҷаи кори одамони зиёде вобастагӣ дорад. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ муваққатан худдорӣ намоед, хатари лат хӯрданатон вуҷуд дорад. Ақрабҳои муҷаррад ба осонӣ ба дили нафаре, ки барояшон писанд аст, роҳ меёбанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Мушкилоти рӯзгор ва дигар камбудиҳое, ки шуморо нороҳат месозанд, бе ягон кӯшиш рафъ мегарданд. Давоми рӯз ба корчаллониву поквиҷдонии дӯстонатон шубҳа пайдо мекунед. Бодиққат бошед, зеро дил гувоҳи ҳақ аст. Аз хиёнату фиреб эҳтиёт шавед ва ба саломатиатон диққати махсус диҳед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз атрофиён шуморо ба худашон шахси наздик қабул карда, аз тамоми нобарориҳои ба сарашон омада шикваву дарди дил кардан мехоҳанд. Барои каме истроҳат кардану фаромӯш намудани ҳодисаҳои ба саратон омада ба суҳбати дӯстони ҷонӣ ниёз пайдо мекунед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Мушкилиҳоятон дар ин рӯз ба зудӣ рафъ мегарданд. Бо нафароне, ки қаҳрӣ будед, оштӣ мешавед. Дар хонаатон ҳамдигарфаҳмиву осоиштагӣ дида мешавад. Барои бастани ақди никоҳ ва мулоқоти ошиқона рӯзи хуб аст. Аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣ намуда, ба тозагии дастон диққати хоса зоҳир намоед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи бобарор аст. Бо осонӣ корҳоятон ба анҷом расида, муносибататон бо шахси дӯстдошта хубтар мегардад. Давоми рӯз хоҳиши ба муҳтоҷон кӯмак расониданро пайдо мекунед. Ба дармондагон мадад расониданатон хуб аст, вале эҳтиёткориро фаромӯш накунед. Нишонаҳои бемориро ҳатман ба эътибор гиред.