arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2503

Ҳамал

Бо нафароне, ки бо роҳи нопок маблағи пулӣ ба даст меоранд, сару кор нагиред. Баъди нисфирӯзӣ маблағи пулии худро аз даст медиҳед. Аз шиносшавӣ бо нафароне, ки дар бурҷи асад ва савр таваллуд шудаанд, худдорӣ намоед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирӯзиро дар оғӯши табиат гузаронед.

Савр

Сирри дили худро ҳатто ба наздикон фош насозед, вагарна тамоми гуфтаҳоятон бар зидди худи шумо мегардад. Инчунин, бо нафаре, ки нисбаташ дар дил меҳру муҳаббат мепарваред, ҳамкорӣ накунед, вагарна қобилияти кориро аз даст дода, муваффақ намегардед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ даъват мекунанд.

Ҷавзо

Дар ин рӯз хобҳои мағшуш азиятатон дода, нотоб гаштанатон имконпазир аст. Мушкилоти хурди оилавӣ ё масъалаҳои молиявиро рафъ карданатон лозим меояд. Аз хариди калон ё маблағгузории калонҳаҷм худдорӣ намоед. Агар шумо мошин меронда бошед, дар роҳ бодиққат бошед.

Саратон

Ягон мушкилиро ба уҳдаи худ нагиред, хусусан бо мушкили дигарон машғул нашавед. Бо мушкилиҳои хурди оилавӣ ва молиявӣ рӯ ба рӯ мегардед. Дар ин рӯз дӯстро аз душман фарқ кардан бароятон муяссар мегардад. Бештар бо кӯдакон робита намуда, на танҳо табъатон болида мегардад, балки шодиву нишот ба даст меоред.

Асад

Рӯзи бебарор аст. Мушкилиҳои ҳалношуда ё батаъхиргузошта аз нав пайдо шуда, боиси сарсониҳои зиёдатон мегарданд. Аз имтиҳони тақдир наҳаросида, ҷасурона ба пеш амал намоед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ин рӯз хатари ҷароҳат бардоштан зиёд аст, аз ин рӯ, дар ҳама кор бодиққат ва эҳтиёткор бошед.

Сунбула

Рӯзи бобарор аст. Бо осонӣ нақшаҳоятон амалӣ мегарданд. Ба кӯмаки шахси бароятон наздик умед баста метавонед. Ягона чизе, ки боиси хирагии табъатон мегардад, ин муноқиша бо яке аз наздиконатон аст. Барои он ки кор ба ҷанҷоли калон напечад, оқилу дурандеш бошед. Агар имкон дошта бошед, бегоҳирӯзӣ сайругашт намоед.

 

Мизон

Бо нафароне, ки аз шумо мақоми баландтар доранд, баҳсу мунозира накунед. Бо вуҷуди ҳақ буданатон ҳамсуҳбататон бо нуқтаи назари шумо розӣ намешавад. Хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки муносибатҳои ошиқонаро фаромӯш намоед. Бегоҳирӯзиро дар муҳити орому танҳоӣ гузаронед.

Ақраб

Дар ин рӯз нисбати атрофиён қаҳру ғазабро раво набинед. Қабл аз он ки эҳсосоти манфиро ба дил роҳ медиҳед, оқибаташро андеша намоед. Асабу қувваи худро беҳуда сафр накунед. Нерӯи худро барои ҷангу ҷанҷол сарф накунед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хуб аст, зеро нофаҳмиҳои оилавӣ гум мешаванд.

Қавс

Кӯшиш намоед, ки касеро ба мушкилоти худ ҷалб насозед. Эҳтимол нафаре ба шумо кӯмак мерасонад, вале ин хизмати хирсона мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ба шарте комёб мегардед, ки ниятҳоятон пок бошанду дар сар мақсади ғаразнок надошта бошед. Дар масъалаҳои молиявӣ бурд намекунед.

Ҷаддӣ

Рӯзи бобарор аст. Эҳтимол имрӯз барои рафъ намудани мушкилоти гуногун машғул шуданатон лозим меояд. Дар назди худ мақсадҳои калон нагузореду бо чанд кор якбора машғул нашавед. Ҳодисаи ногаҳонӣ ба ҳаёти шахсиятон бетаъсир намемонад. Серкорӣ ва бепарвоии шумо боиси хафагиву ранҷиши наздикон мегардад.

Далв

Дар ин рӯз маблағи зиёди пулиро аз даст медиҳед. Хароҷоти калоне, ки шумо мекунед, бо сабаби дӯстдори зиндагии роҳат доштани шумо ва мушкилоти фарзандонатон рух медиҳад. Боэҳтиёт бошед, тамоми корҳое, ки дар касбу кор ва ҳаёти шахсиятон рух медиҳад, назорат намоед. Ба зихнагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут

Рӯзи хубест барои харид кардан. Таъмири хона ва иваз намудани ҷойи ҷиҳози хона хуб аст. Ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, машғул нашавед, вагарна аз натиҷаи амалатон сахт руҳафтода мегардед. Кӯшиши фиреб кардани ягон нафарро накунед. Ҳам асаби худ ва ҳам аз атрофиёнро хароб насозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Тилло 2023-06-15, 03:59
Хоб дидам як ним пачка доллар додан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Тилло 2023-06-15, 03:59
Хоб дидам як ним пачка доллар додан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД