Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи орому бе тағйирот аст. Корҳои якранги ҳаррӯза аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Муҳим он аст, ки фикрҳои мағшуш табъатонро хира насозанд. Ба мушкиливу монеаҳои хурд омода бошед, онҳо зудгузаранд. Барои нафарони муҷаррад имкониятҳои нави шиносшавӣ бо ҷинси муқобил ва ошиқ шудан фароҳам меояд.
Савр (21 апрел-22 май)
Рӯзи душвор аст, мушкилиҳо яке аз паси дигар омада, боиси асабӣ шуданатон мегардад. Худро ба даст гирифта, тамоми душвориҳоро оромонаву санҷида баратарф намоед. Дар ҳама кор танҳо бо нафарони наздиктарини худ маслиҳат кунед. Бо нафарони бегона забон ёфтанатон душвор аст.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Субҳи имрӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад, вале шумо ба ҳар як кори майда чӯйда диққат дода, зиқӣ мекунед. Атрофиён дар ягон мушкилатон маслиҳати даркорӣ намедиҳанд, аз ин рӯ, ба садои қалби худ гӯш андозед. Баъди нисфирӯзӣ имкони оштӣ шудан бо нафароне пайдо мешавад, ки чанд муддат қаҳриву ногап будед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Аввали рӯз ҷавонони дар зиндагӣ бетаҷриба дар коре сахт фиреб мехӯранд. Ҳар хабару иттилое, ки дар ин рӯз мегиред, то кадом андоза ҳақиқат доштанашро санҷиданатон лозим аст. Танҳо бо ҳамин роҳ аз ғалату нофаҳмиҳо эмин мемонед. Бо нафароне забон меёбед, ки пештар шуморо чашми дидан надоштанд.
Асад (23 июл-23 август)
Аввали рӯз душвориву нофаҳмиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз нақшаву ниятҳои худ даст намекашед. Аксари зодагони мучали асад аз меҳрубониву илтифоти атрофиён баҳра мебардоранд. Эҳтимол нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ мешавад. Дар лаҳзаҳои душвори умр руҳафтода нашавед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Аз уҳдаи корҳое баромада метавонед, ки пештар бароятон хеле душвор буданд. Нафароне, ки пештар шуморо қадр намекарданд, хатои худро дарк мекунанд. Нафаре аз онҳо ба шумо пешниҳоди ҳамкорӣ мекунад, вале дарҳол розӣ нашавед. Бо ҳар нафаре, ки ба шумо писанд меояд, дарди дил накунед, аввал ӯро омӯхта, баъд дӯстӣ кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бисёр корҳоятон барор мегиранд. Ҳатто корҳои куҳнаатонро ба анҷом мерасонед. Эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ вуҷуд дорад, хусусан аз сарчашмаҳои ногаҳонӣ. Маблағи ёфтаро дарҳол сарф накунед. Нафароне, ки дар ин рӯз пулро захира мекунанд, баъдан аз кори кардаи худ хеле қаноатманд мегарданд.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи серташвиш бошад ҳам, душвор нест. Аз уҳдаи анҷом додани корҳое мебароед, ки шумову наздиконатонро ташвиш медоданд. Харидҳоятон бобарор мешаванд. Метавонед барои худ ва наздикон туҳфа гиред. Хастагии бар асари робитаву ҳодисаҳои рӯзҳои охир сарзада аз худ дарак медиҳад. Бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дағалӣ накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Ҳар касе дар ин рӯз садди роҳи шумо мегардад, сахт пушаймон мешавад. Шумо ҳатман ба мақсад мерасед ва касеву чизе наметавонад ба шумо халал расонад. Дар ин шабу рӯз бояд ба гапи наздикони худ, ки ба онҳо бовар доред, гӯш диҳед. Гаперо, ки аз дӯстдоштаи худ пинҳон мекунед, ба зудӣ фош мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз нақшаву ниятҳои атрофиёнро хеле хуб дарк намуда, ба бисёр саволҳои худ посух пайдо мекунед. Бегоҳирӯзиро бо наздикони худ гузаронед, ин ба фоидаи худатон аст, нофаҳмиву хафагиҳои зиёде рафъ мегардад. Бо дӯстдоштаатон баҳсу мунозира накунед. Ба саломатии меъдаву гурда диққати хоса зоҳир намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шумо ба осонӣ аз уҳдаи корҳое мебароед, ки атрофиён бартараф карда наметавонистанд. Нафароне, ки қаблан аз шумо худро дур мегирифтанду назари нек надоштанд, бо шумо дӯст шудан мехоҳанд. Нафарони муҷаррад бояд каме ҷасуртар амал намоянд, бахти худро аз даст надиҳед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Вазъият тавре сурат мегирад, ки шумо интизор набудед, вале аз нақшаву ниятҳои худ даст кашиданатон лозим намеояд. Шумо бояд аз хатогиву ғалатҳои дигарон барои худ ибрат гиред. Бо атрофиён забон ёфтанатон душвор мегардад, беҳтараш аз гапи сахту танқид худдорӣ намоед.