arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
3088

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имкони худро ҳамчун мутахассиси касбӣ ва шахси масъул нишон доданатон пайдо мешавад. Пешниҳодҳоеро, ки пули калонро ваъда медиҳанд, қабул накунед ва фирефтаи суханҳои дурӯғ нашавед. Нисбати ҳамкорон ва ошиқатон дағалӣ накунед, вагарна чанд рӯз аз дурии онҳо азоби рӯҳӣ мекашед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Шуморо лозим меояд, ки ба хотири оромиши қалби худ ва ба хотири нафари дигаре аз бисёр чизҳо гузашт намоед. Дар ҳама кор муваффақ мегардед, зеро зотан шахси дилёбу кордон ҳастед. Барои он ки кордатон болои равған бошад, дар масъалае гузашт кардану қарзҳоро баргардониданатон лозим меояд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар масъалаҳои корӣ эҳтиёткор бошед, вагарна ба доми фиребгарон меафтеду пули калонро аз даст медиҳед. Агар чунин нохушӣ аз саратон гузарад, фаромӯш накунед, ки “раъду барқ ба як ҷой ду бор намезанад”. Баъди нисифрӯзӣ хабаре мешунавед, ки нақшаҳоятонро тағйир дода метавонад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Фикру ақидаҳоятонро ҳамкорону роҳбарият бо хушнудӣ қабул мекунанду шумо пуштибони муътабар пайдо мекунед. Имкон надиҳед, ки шуморо аз сари кор дур кунанд. Одати ба дигарон айб мондану камбудӣ ҷустанро партоед, вагарна муносибататон бо ҳамкорону аҳли оила вайрон мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Асадҳо бояд ҳушашонро ба сар гирифта, ба ҳар нафаре, ки барояшон кони тилло ваъда мекунад, бовар накунанд. Бештар истироҳат намоед, он гоҳ нақшаҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд. Ба умеди ҳамкору шарикон шудан маънӣ надорад, беҳтараш мустақилона ва бо ақли худ амал намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Шумо бо нерӯву истеъдоди зотиятон ба тамоми мақсадҳоятон расида метавонед. Мушкили ягона дар он аст, ки сунбулаҳо аз бурдборӣ илҳом гирифта, бепарво мешаванду аз бадкирдориҳои рақибон бехабар мемонанд. Ҳасудоне пайдо мешаванд, ки нонатонро нимта кардан мехоҳанд.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муносибатҳои оилавӣ мустаҳкам мешаванд, шумо якдигарро хубтар мефаҳмидагӣ мешавед. Мизонҳои оиладор хоҳиши зиёд намудани сафи фарзандони худро мекунанд. Ба саросемакорӣ роҳ надиҳед, қабл аз кореро кардан нағзакак андеша намоед. Вазъи молиявиатон мунтазам рӯ ба беҳбудӣ меорад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Тамоми рӯз аз пайи беҳбудии хонаву манзилатон кӯшида, саломатии худро фаромӯш мекунед. Бар замми нотобӣ, эҳтимоли бо ҳамсаратон муноқиша кардан низ вуҷуд дорад, вале ин муваққатӣ аст. Кӯшиши зиёд сохтани маблағро мекунед, вале танбалӣ имкон намедиҳад, ки ба мақсад расед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар зиндагии шумо даврае фаро мерасад, ки ба рафти ҳодисаҳо таъсир расонида наметавонед. Айни замон пул кор карданатон душвор аст, вале кӯшиш кунеду ба танбалӣ роҳ надиҳед, қайбатон бе пул намемонад. Қавсҳои ошиқ имкони ба васли дӯстдоштаашон расиданро пайдо мекунанд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз дар ҳаёти баъзеҳо мушкилоти пулӣ пеш меояд, кор ба ҷангу ҷанҷол мерасад, вале хавотир нашавед, шумо бурд мекунед. Нисбати ошиқатон бепарвоӣ зоҳир накунед, вагарна дилашро ба даст оварданатон душвор мегардад. Бо атрофиён муомилаи хуб карда, чанд хабари тоза мефаҳмед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барору комёбӣ дар ин рӯз ҳамсафари шумо мегардад. Нимаи аввали рӯз кори зиёд ба саратон бор шавад ҳам, аз ӯҳдааш ба хубӣ мебароед. Шиносоӣ бо шахсони аҷиб боиси беҳтар гаштани вазъи молиявиатон мегардад. Бо суханпардозӣ ва дилрабоӣ ҳамақидаҳои худро меёбед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз душманиву бадкирдориҳои нафаре огаҳ мегардед, ки дар ҳаққаш некиҳои зиёд карда будед. Ҳамзамон, хатари ба доми ҳаннотон афтидану фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Ҳушёриро аз даст надиҳед, аз макри душманон бехабар намонед. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД