Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 14-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2021
3380

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Беҷуръатии шумо садди роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз дидани монеаҳо наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Ҳамалҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Аз бемор шудан худро эҳтиёт кунед, вагарна табобати беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, тӯл мекашад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нерӯи худро барои ба касе чизеро исбот намудан сарф накунед. Ҳақ будани худро на бо гап, балки бо амал собит созед. Аксарияти саврҳо кори зиёдеро иҷро мекунанд, ки на қаноатмандӣ меораду на шодмонӣ. Муносибати худро бо нафароне, ки кӯмакашон лозим мегардад, хубтар ба роҳ монед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар зиндагӣ такягоҳи боэътимод надоштан боиси хира гаштани табъатон мегардад. Шуғлеро пайдо намоед, ки фикрҳои мағшушро аз шумо дур бурда тавонад. Ба саломатии худ, хусусан, ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед. Дар хоб дидани алаф ва шохчаҳои печида аз пеш омадани монеаҳо дар роҳатон дарак медиҳанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз ҷашну чорабиниҳое, ки ба касбу кори шумо таъсири мусбӣ мерасонанд, қафо намонед. Рӯзи хубест барои сафару саёҳат ва бастани ақди никоҳ. Нақшаҳоятон тағйир ёфта, ниятҳои ниҳониятон амалӣ мегарданд. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна саломатиятон шаб нохуб мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Қабл аз он ки ба коре даст мезанед, ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашед. Агар дар масъалае дудила шавед, аз наздикон маслиҳат пурсед. Ба нафарони калонсол бо машқҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шуданро тавсия медиҳем. Ба асадҳо ба мулоқоти ошиқона рафтанро дар ин рӯз маслиҳат намедиҳем.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Хеле боэҳтиёт шуда, ба корҳои хатарнок ва хариду фурӯш даст назанед, вале пешниҳоди тиҷоратро рад накунед. Маблағи пулие, ки ба даст меоред, натиҷаи заҳматҳои чанд моҳи охиратон аст. Ҳаёти шахсӣ аз шумо эҳтиёткориву бодиққатиро металабад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳои ҳаётатон ба охир мерасанд. Бо ободонии хонаву дар машғул шавед. Агар ин давраи душвори умрро бе ҷангу муноқиша бо дӯстон паси сар кунеду аз дигар монеаҳо гузашта тавонед, муваффақияти комил насибатон мегардад. Мизонҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ рӯзи мусоид аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, барор ҳамсафаратон мегардад. Қувваву имконияти худро ба инобат гирифта, аз андоза зиёд кӯшиш накунед. Аз кӯмаки дӯстону наздикон рӯ нагардонед. Вохӯрии ногаҳонӣ ё хабаре вазъиятро ба куллӣ тағйир медиҳад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз аз монеаҳое, ки душманону рақибонатон дар роҳи шумо мегузоранд, сарбаландона мегузаред. Барои ин амали нохуб бо касе муносибати худро бад насозеду чизеро низ исбот накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона ва заношавҳарӣ нофаҳмиҳо имкон доранд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Мушкилиҳои ба наздикӣ пайдошуда шуморо ба ташвиш меоранд. Асабӣ нашавед, шумо ин давраи душворро паси сар намуда, монеаҳои дигарро низ убур менамоед. Барор ҳамсафаратон гашта, нақшаҳоятон тағйир меёбанд. Аз сарфи пули зиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз додан маслиҳат дода намешавад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳои оилавӣ ё муноқиша бо наздиконатон имкон дорад. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, ба вазъият мутобиқ гашта метавонед. Барои харид кардану таъмири хона рӯзи мусоид аст. Яке аз ҳамкорон шуморо чашми дидан надорад ва дар фикри зарар расонидан аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар касбу кор тағйиротҳои назаррас имкон дорад. Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, муваффақ мегардед, вале қувваву имкониятҳои худро ба инобат гирифта, баъдан амал кунед. Аз вазъи саломатии наздикони худ бохабар бошед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтанатон хуб аст, вале ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД