Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3431

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ором аст. Бо кори зиёд худро хаста накарда, қувваи худро барои корҳои минбаъда ҷамъ намоед. Муносибати худро бо одамон тағйир дода, гуноҳҳояшонро бубахшед. Хафагиву ранҷишро аз худ дур сохта, худро беҳтар ҳис мекунед. Ҳамалҳои муҷаррад бояд ба гардиши ногаҳонии қисмат омода бошанд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Нимаи аввали рӯз корҳои муҳими худро ба анҷом расонида, баъди нисфирӯзӣ нақшаҳоятонро вобаста бо вазъи молиятон тарҳрезӣ намоед. Аз суҳбати нафарони аҷиб рӯ нагардонед, имрӯз хабари муфид мешунавед. Серкории дӯстдоштаатонро нишонаи бемеҳрӣ пиндошта, аз ӯ хафа мешавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз худхоҳии худро ба наздиконатон нишон надиҳед. Фаромӯш насозед, ки на ҳама метавонанд, бо нуқтаи назари шумо ҳамфикр бошанд. Агар соҳиби фарзанд бошед, ин ҳақиқатро ба онҳо низ омӯзонед. Хабари ногаҳонӣ вазъиятатонро тағйир медиҳад. Барои корҳои вазнини ҷисмонӣ рӯзи мусоид аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барои оғози кори нав омода бошед. Имкони маҳорати хешро нишон доданатон фароҳам меояд. Кореро, ки аз ӯҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Агар дӯстдошта дошта бошед, ҳатман бо меҳрубонӣ хотирашро шод гардонед. Агар муҷаррад бошед, барои пайдо кардани бахти худ кӯшиш намоед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз фиребу найранг худдорӣ намуда, кӯшиш накунед, ки чизеро пинҳон кунед. Дар ҷодаи дӯстӣ ва муҳаббат танҳо самимият ва поквиҷдонӣ шуморо муваффақ мегардонад. Дар бораи мушкилиҳову хоҳишҳои худ ҷасурона ҳарф занед. Имкониятҳои нав пеш меоянд ва онҳоро истифода баред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз хабару ҳодисаҳое имкон доранд, ки боиси хирагии табъатон мегарданд. Бо вуҷуди монеаҳо, нуқтаи назари худро пайгирӣ карданатон лозим меояд. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯсти боэътимод ё нафари хайрхоҳе вомехӯред, ки барои аз вазъияти душвор берун шуданатон кӯмак мекунанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Аз муноқиша бо одамони ношинос худдорӣ намоед. Вазъияти душворе, ки байни шумову дӯстдоштаатон вуҷуд дошт, рафъ гашта, ҷояшро меҳру муҳаббат мегирад. Ба қаҳру ғазаб ва худхоҳӣ роҳ надиҳед ва одати аз пашша фил сохтанро партоед. Аз шамол хӯрдан эҳтиёт шавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз атрофиён аз корчаллонии шумо ба ваҷд меоянд. Нимаи аввали рӯз барои харидкунӣ мусоид аст, баъди нисфирӯзӣ бо мушкилиҳои хона машғул шуданатон лозим меояд. Ақраҳое, ки имрӯз аз дӯстдоштаи худ меранҷанд, бо осонӣ оштӣ шудаву дили ёрашонро ба даст оварда наметавонанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба нофаҳмиҳо диққат надода, худро ба даст гиред. Қасд кардагӣ барин, атрофиён бар зидди шумо амал намуда, эҳтимоли муноқиша карданатон зиёд мегардад. Сафари деринтизорро ба таъхир гузошта, ба ҷои истироҳати бофароғат, ба дӯши худ ӯҳдадориҳои иловагиро бор мекунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Дар касбу кор ва ҳаёти шахсӣ як қатор мушкилиҳо пеш меоянд. Беҳтарин коре, ки ба фоидаи худ карда метавонед, аз дағалӣ нисбати атрофиён худдорӣ кардан аст. Бадхоҳон дар ҳаққи шумо ғайбат ва туҳмат мекунанд. Саломатиятон аз тағйирёбии обу ҳаво вобастагӣ дорад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Рӯзи серташвиш аст. Тақдир бароятон нобарориҳои навбатиро омода кардааст. Дар ҷодаи касбу кор ё ҳаёти шахсӣ мушкиливу душвориҳо сар мезананд. Эҳтимол, нақшаҳоятон тағйир ёфта, ба ҷои истироҳат кори иловагӣ ба душатон бор мегардад. Хабари бемории яке аз дӯстон табъатонро хира месозад.  

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз аз ӯҳдаи корҳои душвор баромадан муяссаратон мегардад. Аз дӯстону атрофиёни худ эҳтиёт шавед, нафаре, ки ба боварии шумо даромадааст, дар фикри душманӣ кардан аст. Агар пули дар даст доштаро босуръат сарф кардан гиред, то охири моҳ азоби бепулӣ мекашед. Истироҳат карданро фаромӯш насозед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД