Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 13-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
2923

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз зодагони зери ин бурҷ хушбахтиро ба маънои томаш дарк мекунанд. Дар дили шумо нисбат ба касе ҳисси нотакрор пайдо мешавад, ки бароятон бори аввал аст. Саросема нашавед, шояд эҳсосатон шуморо фиреб кунад. Барои лоғар шудан аз ҳар гуна доруҳо истифода набаред, балки ба варзиш машғул шавед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Субҳона накардани шумо дар саҳаргоҳон ба бемории узвҳои дохила оварда мерасонад. Кӯшиш кунед, ки ҳадди ақал як пиёла чойи ширин бинӯшед, то меъдаатон азиятатон надиҳад. Барои тиҷорати хурд рӯзи бобарор аст, аммо ба корҳои калонҳаҷм даст назанед. Мошинро боэҳтиёт ва бодиққат биронед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар хоҳед, ки бо ҳамсаратон муноқиша накунед, ба ӯ низ аҳамият диҳед ва аз хостаҳои дилаш бохабар шуда истед. Бепарвогии шумо сабаб мешавад, ки муноқишаҳои оилавӣ зуд-зуд сар зананд. Ҷавзоҳое, ки аз бахти аввал хушбахт нашудаанд, бахти дувуми худро пайдо хоҳанд кард. 

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои саратонҳо рӯз аз ҳама ҷиҳат бобарору нек аст. Даромади иловагӣ шуморо дучанд хурсанд мекунад. Зиёд қаҳва нанӯшед, зеро ба гуфтаи олимон, қаҳва инсонро бармаҳал кал мекунад. Саратонҳое, ки бемории қанду дил ва фишорбаландӣ доранд, дар ин гармои тобистон бояд худро бештар эҳтиёт кунанд.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар муносибат бо роҳбарият ширинзабону хушгуфтор бошед, зеро бештари роҳбарон аз ин хушашон меояд. Аммо фаромӯш насозед, ки бо хушгуфторӣ кор ҳал намешавад. Дар иҷрои корҳои бар дӯшатонбуда низ масъулият ҳис кунед. Ба дидорбинии нафаре меравед, ки чанд муддат надида будед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар ҷои кор муноқиша сар мезанад, вале ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, худро ба он ҳамроҳ накунед. Гӯиё чизеро надидаед ва аз паси коратон шавед, бароятон ин беҳтар аст. Бештари вақтатонро бо истироҳат гузаронед ва асабҳоятонро ором карда, барои рӯзи дигар нерӯи кофӣ ҷамъ кунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Кӯшиш накунед, ки худро дар назди дигарон таърифу тавсиф кунед, зеро ҳамагон кӣ будани шуморо медонанд ва ҳоҷат ба муаррифӣ нест. Кӣ буданатонро дар амал нишон диҳед, на дар сухан. Аз дӯстӣ бо нафарони ношинос эҳтиёт кунед. Сирру асроратонро ба ҳама нагӯед, вагарна пушаймон мешавед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ақрабҳои кордону ҷасур рӯзро бидуни мушкилии ҷиддӣ паси сар хоҳанд кард, зеро онҳо ба ақлу заковати худ боварӣ доранд. Барои бастани шартномаҳои корӣ бо ширкатҳои хориҷӣ рӯзи бобарор аст. Дизайни дохили хонаатонро тағйир диҳед ва аз зардевории рангаш кабуди рӯшан истифода баред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз барои қисме аз қавсҳо рӯзи бобарор нест, хусусан, барои онҳое, ки бо маблағҳои калон сару кор доранд. Ҳамёни худро эҳтиёт кунед, эҳтимол, маблағи калонро аз даст медиҳед. Аниқтараш, онро медузданд. Нафареро мебинед, ки чанд муддат надида будед ва ин дидорбинӣ шуморо хурсанд мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Талош накунед, ки хуб будани худро ба дигарон исбот кунед, вақт худаш ҳамаи инро исбот хоҳад кард. Аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук ва сахтгазноккардашуда парҳез кунед. Агар ранги забонатон тағйир ёфта бошад, ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, зеро ин нишонаи бемории узвҳои ҳозима мебошад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар иҳотаи наздикон будан ба шумо имкон медиҳад, ки аз ӯҳдаи ҳар кор ба осонӣ бароед. Ба тамошои маконе меравед, ки дербоз орзуяшро мекардед. Дар муносибат бо нафарони аз худатон калон эҳтирому самимиятро фаромӯш накунед. Рӯз барои далвҳои муҷарраду танҳо бобарор аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Субҳ баробари аз хоб хестан, ба оина назар намоед. Кӯшиш накунед, ки дар чеҳраи худ нафари ноӯҳдабароро ҷустуҷӯ кунед. Шумо инсони қавӣ ҳастед, ба шарте ки ба қувваи худ боварӣ дошта бошед. Сари як пиёла чой бо дӯстони наздик суҳбат ороед. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмони нохонда меояд.  

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД