Ҳамал (21 март-20 апрел)
Нофаҳмӣ бо ҳамкорон шуморо маҷбур месозад, ки нақшаҳоятонро тағйир диҳед. Дӯстони дерин маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Дар ин рӯз беҳуда ҳақ будани худро ба касе исбот накунед. Баъди нисфирӯзӣ ҳама корҳоятонро партофта, ҳатман истироҳат кунед, вагарна хастагӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад.
Савр (21 апрел-22 май)
Ҳолати руҳиятон дар ин рӯз аз вазъи саломатӣ вобастагӣ дорад, бемориҳои музмин аз худ дарак медиҳанд. Нафароне, ки аз бемориҳои дил ва рагҳои хунгард азият мекашанд, бояд эҳтиёт шаванд. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур кунеду нисбати дӯстдоштаатон меҳрубонтар шавед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Дар ин рӯз аз фаъолнокии ҷисмонӣ худдорӣ карданатон лозим аст. Беҳтараш тамоми рӯз хобу истироҳат кунед. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст. Ба маърака ё ҷашни хурсандии хешу ақрабо даъватӣ мешавед. Аз истеъмоли нӯшокиҳои сарду газнок худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Барои маърака оростану дилхушӣ кардан рӯзи мусоид аст. Суҳбат бо дӯстону наздикон табъатонро болида месозад. Дар атрофи шумо нафароне ҳастанд, ки бо маслиҳату тавсияҳои судмандашон метавонанд шуморо болидаруҳ гардонанд. Ба аёдати беморону нафарони калонсол рафтанро фаромӯш накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Субҳи имрӯз бо табъи гирифта аз хоб бедор мешавед, вале рӯзатон бобарор анҷом меёбад. Бештар дар робита шуда, бо хариди аҷиб худро шод месозед. Рӯзи серташвиш бошад ҳам, табъи дили шумо мегардад. Бо сабаби дамдузд буданатон на ҳама бо шумо забон ёфта метавонанд. Барои бо шумо муросо кардан куӯшиш зиёд кардан лозим аст.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Тамоми рӯз табъатон гирифтаву дастатон ба ягон кор пеш намеравад. Таъсири шумо ба наздикону аҳли оила низ мерасад, аз ин рӯ, аксари нақшаҳоятон амалӣ нашуда мемонанд. Ба дӯстдоштаи худ бовар карданро омӯзед. Дар утоқҳои кондитсионердор хоб рафтанро тавсия намедиҳем.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бештар ғами саломатӣ ва ҳолати руҳии худро хӯрданатон лозим аст. Барои хушҳол сохтани худ ҳатман фароғату дилхушӣ кунед. Ҳафтаи сипаришуда аз шумо қувваву нерӯи зиёдро гирифт, барои ба худ омадан бояд дар ин рӯз табъи дил истироҳат кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо аз ҳад зиёд серташвиш ҳастед, аз ин рӯ, пурра истироҳат карда наметавонед. Бояд бо мушкилиҳое машғул шавед, ки шуморо ором намегузоранд. Бо нафаре суҳбати ошкоро карданатон лозим аст, вале шумо аз он роҳи гурез меҷӯед. Фаромӯш насозед, вазъият худ ба худ ҳал намешавад, айни ҳол нақши шумо дар ҳама кор хеле муҳим аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои анҷом додани мушкилоти сарзадаи рӯзгор ва ободониву хонаву дар рӯзи бобарор аст. Баъзеҳо таъмири хонаро сар мекунанд. Бояд гуфт, ки бо вуҷуди бо корҳои хона машғул шудан истироҳат ҳам карда метавонед. Наздикон барои тамоми заҳматҳоятон аз шумо миннатдор мешаванд.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Барои шумо рӯзи хеле бобарору пур аз нишот аст. Бо нерӯи зиёд ва табъи болида аҳли оиларо ба ваҷд меоред. Дар ин рӯз аз уҳдаи корҳое мебароед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯстону наздикон дилхушӣ мекунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ҳодисаву рӯйдодҳо чунон зиёд мешаванд, ки шумо онро дербоз ба хотир меоред. Баъзеҳо бо нафаре вомехӯранд, ки дар гузашта дар зиндагияшон нақши бузург дошт. Ягон ҳодисаи манфӣ рух намедиҳад, вале ёди рӯзҳои аз сар гузаронида дергоҳ шуморо ором намегузорад. Хубтар аст, ки кинаро аз дил берун кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз дар баробари лаҳзаҳои хушу гуворо боз нофаҳмиҳо бо наздикон сар мезанад. Ягон ҳодисаи тақдирсозро интизор набошед, рӯзи муқарарӣ аст. Бо нафароне робита мекунед, ки аз диданашон табъатон хира мегардад. Руҳафтода нашавед, вазъият ба зудӣ рӯ ба беҳбудӣ меорад.