Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3473

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҳалли масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт бошед. Имрӯз бо пули бегонагон сару кор нагиред. Корҳои муҳимро ба анҷом расонида, ба баҳс бо наздиконатон нуқта гузоред. Баъзе ҳамалҳо изҳори муҳаббат мешунаванд, қисми дигар азоби ҳиҷрон мекашанд. Гурусна гаштан ба саломатиятон таъсири ҷиддӣ мерасонад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста накунед. Нақшаҳои ҷиддӣ низ накашед, зеро қуввататон намерасад ва саломатиятон низ имкон намедиҳад, ки бо корҳои заҳматталаб машғул шавед. Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзӣ вазъи молиявиатон беҳтар мегардад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо якравӣ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Танҳо бо дилёбӣ ва хушгуфторӣ ҳалли мушкилиҳо имкон дорад. Тамоман қаҳру ғазаби худро нишон надиҳед. Сарчашмаҳои нави даромадро пайдо мекунед. Баъди нисфирӯзӣ бо дӯстони дерин вомехӯред. Ҷавзоҳои муҷаррад бахти худро меёбанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз на танҳо асабҳои шумо, балки аз атрофиёнатон низ хароб мегардад. Аз вазъиятҳои хатарнок ва таваккал кардан худдорӣ намуда, пулҳои худро сарф накунед. Аз нафарони рӯҳан бемор эҳтиёт шуданатон лозим аст. Асабоният ё ғазаби худро идора карда натавонистан боиси бад гаштани вазъи саломатиятон мегардад.  

Асад (23 июл-22 август)

Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда ва сарфи пул боиси он мегардад, ки сафари деринтизорро ба таъхир гузоред. Меҳру муҳаббататон нисбати шахси дӯстдошта зиёд мешавад, зеро ӯ дар ҳама кор ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Барои харидани либоси нав ва ҷавоҳирот рӯзи мусоид аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз шумо дурандешӣ ва рафтори оқилона талаб карда мешавад. Ҳангоми суҳбат бо атрофиён ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, табобаташ дурудароз мешавад. Барои шод кардани хотири дӯстдоштаатон меҳрубонӣ карданатон хуб аст, вале аз ҳад нагузаронед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз имкони нишон додани ҳунару истеъдоди худро пайдо мекунед. Ҳангоми сари қароре омадан хеле боэҳтиёт бошед. Барои ба анҷом расонидани коре, ки нав оғоз кардаед, тавоноии худро ба эътибор гиред. Баъди нисфирӯзӣ эҳтимоли каме нотоб шуданатон вуҷуд дорад. Фишори хунатонро зери назорат гиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба назаратон чунин менамояд, ки мурғи бахтро ба даст овардаед. Дар асл бурдборӣ ҳар лаҳза шуморо тарк карда метавонад. Имрӯз аз сарф кардани пул худдорӣ намоед. Он маблағе, ки ба даст меоред, барои шахси бароятон наздик сарф мекунед. Ғурур ва танбалӣ имкон намедиҳанд, ки ҳунару маҳорати худро нишон диҳед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз чанде аз корҳоятон ба анҷом мерасанд. Заҳматписандии шуморо қадр мекунанд, вале аз бурдбориҳои худ лоф назанед, вагарна чашми бад расида, дучори монеаҳо мегардед. Имрӯз аз гуфтори беҳуда низ худдорӣ намоед, зеро гапи гуфтаатон бар зарари худатон буда метавонад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи хубест барои оштӣ шудану аз нав барқарор сохтани риштаи дӯстӣ. Дар ҳама кор боҷуръат бошед. Имкони нишон додани кордониятон пеш меояд. Аз баҳсҳои нодаркору бемаънӣ худдорӣ намоед. Пули хуб ба даст намеоред, вале чанд роҳи даромадро пайдо мекунед. Ба саломатӣ диққати хоса зоҳир намоед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз тамоми имкониятҳои беҳтар сохтани вазъи саломатиро истифода баред. Аз пешниҳоди хуби корӣ рӯ нагардонед ва фикр накарда, розӣ шавед. Яку якбора ба даст овардани маблағи калонро умедвор нашавед. Эҳтимол, коратон тӯл мекашад, вале аз маблағи бадастоварда қаноатманд мегардед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Мушкилиҳое, ки қаблан ба анҷом нарасонида будед, имрӯз аз худ дарак медиҳанд. Бар замми ин, чанд мушкилии дигар пайдо мешавад. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед, касе шуморо дастгирӣ намекунад. Ба таври ногаҳонӣ тамоми пулатонро сарф мекунед. Дар ҷойҳои серодам аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт шавед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД