Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 12-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2024
2058

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои шумо рӯзи бобарор аст. Тамоми рӯз худро бардаму неруманд ҳис карда, бо камоли майл аз пайи корҳоятон мешавед. Баъзеҳо барои беҳтар сохтани вазъи корӣ ташаббусҳои созанда нишон медиҳанд. Дар ҳаёти шахсӣ ягон тағйирот нест, ба қадри ин осудагӣ расиданатон лозим аст. Тамоми хафагиву норозигиеро, ки миёни шумову дӯстдоштаатон буд, фаромӯш кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Шумо барои беҳтар гузаштани имрӯз нақшаҳои зиёд кашида будед, вале ҳодисаҳои рӯз тавре сурат мегиранд, ки тамоман интизор набудед. Аз он ки коре табъи дили шумо нашуда бошад, руҳафтода нагардед, ҳоло тақдир хубтар медонад, ки ба шумо чӣ лозим аст. Охири рӯз хабаре мешунавед, ки рӯзҳои истироҳат шуморо ором намегузорад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз бояд дарк намоед, ки барои ҳар як кори майда чӯйдаву ночиз ғам хӯрданатон беҳуда аст. Бо нафарони гоногун вохӯрда, бисёр чизҳоро меомӯзед. Бояд пешакӣ нақшаи чӣ гуна сипарӣ намудани рӯзҳои истироҳатро тартиб диҳед. Кӯшиш намоед, ки рӯзҳои даргузари тобистонро ба фоидаи худ истифода баред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Шуморо рӯзи душвору серташвиш интизор аст. Хеле серкор мешавед, бисер корҳо аз шумо сабру таҳаммулро талаб мекунанд. Агар шумо коргари давлатӣ бошед, аз роҳбарият талабот нисбати коратон зиёд мегардад, эҳтимол баъди анҷоми рӯзи корӣ низ кор карданатон лозим меояд. Муҳимаш баъди рӯзи пурраи корӣ нағзакак истироҳат кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Бояд ба тағйиротҳо дар зиндагии оилавиятон омода бошед. Агар кор ба ҷое расида бошад, ки дигар сабру тоқат надошта бошед, бояд сари қарори аниқ омада, ба зиндагии бемаънӣ нуқта гузоред. Касе ба ҷои шумо коре намекунад, аз ин рӯ, фикри зиндагиатонро худатон кунед. Нафароне, ки дар зиндагияшон ҳамдигарфаҳмӣ аст, аз чизе ташвиш шуданашон лозим нест, шуморо саодати зиндагӣ насиб мегардад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо тамоми роҳу восита хастагии сарзадаро аз худ дур созед. Даромади пулӣ имконпазир аст, вазъи иқтисодиатон беҳтар мегардад. нимаи дуюми ҳафта асабӣ мешавед, аз ҳама кори атрофиён меранҷед. Эҳтимоли муноқиша карданатон бо яке аз шиносҳои деринатон вуҷуд дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бояд коре кунед, ки дар оилаатон ҷангу ҷанҷол сар назанад. Агар нафаре аз наздиконатон бо ҳам ногап бошанд, онҳоро оштӣ доронед. Аксари хешовандон нисбати шумо ҳурмату эҳтироми дучанд зоҳир мекунанд. Дар айни гармии ҳаво ба кӯча баромаданро тавсия намедиҳем, вагарна бемор шуданатон эҳтимол дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Барои шумо рӯзи бад нест, вале хунукназарӣ ва бепарвоӣ аз ҷониби шумо метавонад оқибати ногувор ба бор орад. Ҳоло вақте нест, ки нисбати касбу кор бепарвоӣ зоҳир кунед. Бояд ташаббускор бошеду фаъолнокӣ нишон диҳед, дар акси ҳол аз ҷониби роҳбарият танбеҳ мешунавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қобилияти кориятон бениҳоят паст шудааст ва бо ин ҳолат бояд коре кунед. Аввалан аз истеъмоли қаҳва худдорӣ намоед, ин нӯшокӣ шуморо ҳушёр не, балки гаранг мекунад. Баъдан, ҳар субҳ ҳатман субҳона истеъмол кунед. Агар рӯзи дароз гурусна гашта, бегоҳирӯзӣ хӯрок мехӯрда бошед, хастагӣ шуморо ҳеҷ гоҳ тарк намесозад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Наздиконатон аз бечоранолии шумо хаста шудаанд. Албатта дар зиндагиятон мушкилиҳо ҳастанд, вале аз шикояту нолиданҳои шумо суде нест. Бегоҳи имрӯз кӯшиш кунед, ки бо табъи гирифта наздиконро ғамгин насозед. Бемориҳои сарзадаро сари вақт табобат кунед, дар акси ҳол табобат тӯлонӣ мешаваду маблағи зиёдро талаб мекунад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Бояд ба нафароне, ки шуморо иҳота кардаанд, хубтар диққат диҳед. Нафаре шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳад. Ба вазъи молиявӣ диққати хоса диҳед, аз фиребгарону қаллобон эҳтиёт шавед. Бо вуҷуди он ки шуморо фиреб кардан кори душвор бошад ҳам, қаллобон хеле макору ҳиллагар мешаванд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз нерӯятон зиёду фаъолнокиятон дучанд мегардад. Эҳтимол дилатон аз нафаре, ки ба бовариятон даромада буд, сахт мемонад. Аз чунин ранг гирифтани вазъият сахт руҳафтода мешавед, вале беҳтараш ба тақдир тан диҳеду бо фикрҳои ҳархела худро бемор накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД