Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 11-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
2923

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз ҷангу ҷанҷол ба куллӣ дурӣ ҷӯед, зеро ин кирдорҳои бад ба шумо ҳеҷ гоҳ хушбахтӣ намеоранд. Баъди нисфирӯзӣ дар ҷойи кор асабӣ ва хаста мешавед, аммо ин муваққатӣ ва гузаранда аст. Шуморо лозим аст, ки нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар оила бо сабр ва пурбардошт бошед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Барои бастани ақди никоҳ ва созишномаҳои шарикӣ рӯзи мувофиқ нест. Бинобар ин, ошиқон ва онҳое, ки нияти оиладоршавӣ доранд, бояд ин корро ба таъхир гузоранд. Агар хатоҳои пешинаатонро ислоҳ кардан хоҳед, бе маслиҳати дигарон кор кунед. Ҳалли масъалаҳои хурд шуморо аз мушкилиҳои бузург наҷот медиҳанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Қисми зиёди вохӯриҳое, ки имрӯз шумо интизор ҳастед, ба шумо вобастагӣ надоранд. Маслиҳату машварати онҳоеро, ки ба шумо хубӣ мехоҳанд, нодида нагиред, зеро онҳо дили поку рост доранд. Ба одамон бовар кунед, аммо ҳамеша сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонистанатон лозим аст.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз рух додани ҳодисаи хуш хурсанд мешавед. Ҳамин, ки имконият даст дод, зуд истифода баред, зеро Худо медонад, ки дигарбора чунин имкониятҳо кай ба даст меоянд. Корҳои калонро ба нақша нагиред, чун агар аз ӯҳдаашон набароед, рӯҳафтода мешавед. Аз истеъмоли хӯрокҳои тез худдорӣ кунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба ҳиссиёти худ аз ҳад зиёд бовар накунед, зеро фиреб хӯрда метавонед. Кӯшиш кунед, ки бо нафарони дорои хислату рафтори хубу намунавӣ муносибат дошта бошед. Як гурӯҳ дӯстонатон рӯҳияи шуморо болида мегардонанд ва шумо бо хоҳиши дучанд ба иҷрои корҳои худ камар мебандед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз қисми зиёди мушкилиҳои шумо худ ба худ ҳал мешаванд, ба ҳамин хотир, кӯшиши беҳуда накунед. Қоидаҳои бехатариро дар ҷои кор риоя кунед, вагарна фалокатеро ба вуҷуд меоред. Бештар истироҳат намоед. Кӯшиш кунед, ки зиёдтар хоб кунед ва аз баъзе ниқобҳо барои рӯй истифода баред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои ҳал кардани масъалаҳои оилавӣ ва тағйир додани ороиши дохили хона рӯзи мусоид аст. Баъзе корҳое, ки ба нақша гирифта будед, иҷро намешаванд, аммо рӯҳафтода нашавед. Мунтазир набошед, ки кай ба шумо баҳои баланд медиҳанд. Ба худ боварӣ карда, ба пеш ҳаракат кардан гиред. 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз вақти бештари худро ба коре сарф кунед, ки дӯсташ медоред. Охири ҳафта бояд ба истироҳат равед ва нақшаи онро худи имрӯз тарҳрезӣ карда монед, то баъдан овора нашавед. Ҳамсаратон шуморо дӯст медораду эҳтиром мекунад. Шумо низ бо ӯ мисли худаш меҳрубону боэҳтиром бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Фикру андешаҳои шахсии худро ба дигарон, ҳатто ба наздиконатон нагӯед. Ҳамаи инро бар зидди худатон истифода бурда метавонанд. Аз оне ки кори иловагиро ба дӯш мегиред, дар ҳарос набошед. Агар мушкилӣ пеш ояд, бо мутахассисон машварат кунед. Барои аҳли оила ва саломатиатон низ вақт ҷудо кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҷаддиҳои танҳо имрӯз бахти худро пайдо мекунанд ё дар дилашон эҳсоси аҷибе нисбати ягон нафар пайдо мешавад. Танбал ва бепарво мешавед, аммо дониста монед, ки ҳеҷ каси дигар кори шуморо иҷро намекунад. Ба ҳамин хотир, серҳаракат бошеду аз пайи кор шавед. Имрӯз ҳатто ба кӯчактарин ҳарфи дурӯғ бовар накунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Барои далвҳо имрӯз рӯзи бобарор аст, то аз паси амалӣ кардани орзуҳои худ бишаванд. Корҳои муҳим ва вазифаҳои худро саривақт иҷро намоед. Зиёдтар об нӯшед, ин ба организми шумо фоида дорад. Ба сафар баромаданатон эҳтимол дорад, дар роҳ ҳангоми робита бо нафарони ношинос эҳтиёткор бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз нафароне пайдо мешаванд, ки шуморо таҳқир карда, ба торҳои асабатон нохун мезананд. Масъаларо ба таври умумӣ баҳогузорӣ накунед, зеро оқибати хуб надорад ва ба муноқиша оварда расониданаш мумкин аст. Дар муносибатҳои оилавӣ миёни шумову ҳамсаратон нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД