Sebiston new 2024 october
Толеъномаи 11 декабри 2019, чоршанбе
2563

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи хубест барои хариди калон ва ҷашну маъракаҳо. Агар каме шамол кашида бошед, дарҳол ба дорухарӣ нашитобед. Сараввал аз воситаҳои безарари табобат истифода баред. Гиёҳоб ё маҳси махсус ба меъдаатон зарар нарасонида, ҷигари шуморо бемор намесозад. Агар шумо ба кӯмаки молиявӣ ва маънавӣ ниёз дошта бошед, ба наздикони худ муроҷиат намоед. Дӯстдоштаатон аз беилтифотии шумо ранҷида аст.

Савр (21 апрел-22 май)

Нимаи аввали рӯз нофаҳмие, ки байни шумову наздиконатон рух медиҳад, ба муноқиша намерасад. Рӯзи хубест барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои модарзодӣ, музмин ва куҳна. Муносибати худро бо калонсолони оилаатон мустаҳкам намоед. Беҷуръатӣ боиси сар задани мушкилиҳо дар касбу коратон мегардад. Бо муваффақият умед баста амал намоед, вале ба шитобкорӣ роҳ надиҳед.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Корҳои саркардаро босуботона ба охир расонед. Бо аввалин имконият истироҳат кунед. Хароҷоти худро ба нақша гиред. Дар давоми рӯз маблағи иловагӣ ба даст меоред. Кори вазнини ҷисмонӣ аз шумо бодиққат буданро талаб мекунад. Эҳтимоли нотоб шуданатон зиёд аст. Дарди сар ва дандонҳои ҷоғи поён ташвиш медиҳад. Дар муносибатҳои ошиқона каме нофаҳмӣ сар мезанад, ки сабабгораш шумо мешавед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Заҳмати зиёд мекашед, вале натиҷаи меҳнати худро пурра мебинед. Маблағи ба даст омада табъатонро болида ва эътимодатонро мустаҳкам месозад. Дар ҷодаи муҳаббат нисбати дӯстдоштаи худ сахтгир набошед. Дар сари эҳсосот сиру асрори нафареро фош месозед ё хатову камбудии ҳамсуҳбати худро ба рӯяш гуфта, ӯро дар ҳоли ногувор мегузоред.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Дар ин рӯз қабл аз гаперо гуфтан, сад бор андеша намоед. Дар муносибатҳои ошиқона бошад, ҳар қадаре мехоҳед, дарди дил кунед. Хатари дучори ҳаннотону дуздон гаштанатон хеле зиёд аст. Аз шитобкориву саросемагӣ худдорӣ намоед. Хариди калонро маслиҳат намедиҳем, чизҳои қимматбаҳо харидорӣ накунед. Маблағеро, ки захира кардаед, қарз надиҳед. Ба корҳои бегонаҳо бинӣ нахалонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Айни замон шумо дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ дастболо мегардед. Ҳама коратон барор мегирад. Дар муносибатҳои ошиқона ягон нофаҳмӣ дида намешавад, тақдир бароятон хушиҳои зиёд меорад. Дар ин рӯз пул сарф накунед. Саховатмандиву дасткушодӣ имрӯз бар зарари худатон мегардад. Хусусан нисбати нафароне, ки дӯст медоред, маблағро дареғ намедоред.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Айни замон аз пайи ба даст овардани фоида аз касбу кор нашавед, вагарна ду баробар зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед пулро беҳуда сарф накунед. Аз танқиду хурдагирӣ нисбати нафароне, ки дӯсташон медоред, худдорӣ намоед. Сабукфикрӣ ва беандешагӣ муносибатҳои ошиқонаатонро барбод медиҳад. Ҳангоми аз кӯча гузаштан боэҳтиёт бошед, бардоштани ҷароҳат имкон дорад. Нохун гирифтану қайчӣ задани мӯйро маслиҳат намедиҳем.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ҳама кор муваффақ мегардед. Бо истифода аз шиносҳои дерин дар касбу коратон фоида мерасад. Барои шиносоиҳои нав ва муносибатҳои ошиқона давраи муносиб аст. Дар ин рӯз ба баҳсу мунозираи бемаънӣ роҳ надиҳед. Барои ба хонаи нав кӯчидану хостгорӣ рӯзи мусоид аст. Ба ҳолати меъда ва рӯдаҳоятон диққати хоса дода, аз хӯрдани хӯрокҳои равғанину сахт худдорӣ намоед.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Айни замон шуморо лозим аст, ки афзалиятҳои дигаронро аз худ боло гузоред. Рӯзҳои наздик вазъият тағйир меёбад. Дар ҷодаи муносибатҳои ошиқона меҳрубониву ғамхории бештаре зоҳир карданатон лозим меояд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, имрӯз ба даст намеоред. Барои он ки саломатӣ ташвиш надиҳад, аз доираи нафароне, ки гирифтори бемории зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз корҳоеро ба нақша гиред, ки то ба имрӯз ба таъхир мегузоштед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна нафарони наздиктарини худро меранҷонед. Ба қадри муҳаббати нафаре, ки дӯстатон медорад, расиданатон лозим аст. Ба баҳсу мунозираи бемаънӣ роҳ надиҳед. Мисли девори намкаш зудранҷ нашавед, вагарна нафарони зиёдеро меранҷонед. Ба беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, диққати хоса диҳед.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Диққати худро ба мушкилиҳое равона созед, ки аз уҳдааш баромада тавонед. Аз доираи нафароне, ки табъи шуморо хира месозанд, дурӣ ҷӯед. Айни замон нафарони дилу нияти нопокдошта ба шумо таваҷҷуҳ пайдо мекунанд. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷустанро тавсия медиҳем. Нафаре ба иззати нафсатон расида, табъи шуморо хира месозад. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки ба дӯстияш бовар кардан душвор аст.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Собиқ дӯстдоштаатон ба зиндагии шумо баргашта, мехоҳад муносибатҳои ошиқонаатонро аз нав барқарор намояд. Шумо бояд аз ду якеро интихоб намоед, зиндагии осуда ё ишқбозии пур аз шурӯ шарро. Барои вохӯриҳои ошиқона рӯзи мусоид нест. Ба саломатии наздикони худ ва хусусан шахси дӯстдоштаатон бе таваҷҷуҳ нашавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД