Formula novemver 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2757

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо вуҷуди серкор буданатон, дар вақташ хӯрок хӯреду истироҳат кунед. Баъзе ҳутҳо бо кӯмаки дӯстонашон худро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун мекунанд. Сар задани баҳсу нофаҳмӣ бо дӯстдоштаатон имкон дорад. Нафаре аз аъзои оилаатон бемор шуда, ташвишатон дучанд зиёд мешавад.               

Савр (21 апрел-20 май)

Барои рафъ сохтани мушкилиҳои ҳуқуқӣ рӯзи хуб аст. Аз нафарони фиребгару найрангчӣ худро эҳтиёт кунед. Хатари ба доми ҳаннотон афтидан ва гум кардани як миқдор маблағ вуҷуд дорад. Саломатӣ ташвишатон намедиҳад. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳру муҳаббати бештарро мехоҳад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз диққати худро ба коре ҷамъ карда, маблағи хуб ба даст оварда наметавонед. Ба муноқишае, ки дар оилаатон рух медиҳад, дахолат карданатон лозим меояд. Мушкилиҳо таъсири худро ба саломатиатон низ мерасонанд. Худро аз бемориҳои сироятӣ ва шамолкашӣ эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо вуҷуди кордониву чаққониатон, имрӯз муваффақиятро ба даст оварда наметавонед. Дар масъалаҳои пулӣ ба ҳар майда-чуйда диққат диҳед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд, вале имрӯз бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Мушкилиҳои мавҷуда дар муносибатҳои ошиқона ҳалли худро меёбанд.

Асад (23 июл-22 август)

Дар умум рӯзи бобарор аст. Имрӯз дар баъзе лаҳзаҳои мушкил ба хости дили худ амал карда, аз макру ҳиллаи душманон эмин мемонед. Ба корҳое, ки маблағи хуб ваъда медиҳанд, ҷасурона машғул шавед. Пиёдагардӣ дар ҳавои тоза ва ҳаммоми гарм ба саломатиатон фоида мерасонад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ бо ҳамкорон ва аз даст додани маблағе, ки интизораш будед, вуҷуд дорад. Агар хоҳед, ки дар ҳолати хашму асабоният муносибататон бо дӯстон ва шахси дӯстдоштаатон вайрон нашавад, худро ба даст бигиред. Нӯшидани қаҳва ва чойи талхро тавсия намедиҳем.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз агар маблағи калонро аз даст додан нахоҳед, пас эҳтиёткор бошед. Нисбати наздикон ва дӯстдоштаатон пуртоқат бошед, зеро ҳар як сухани шумо боиси ранҷиши онҳо шуда метавонад. Аз ҷойҳои серодам ва аз онҳое, ки боиси асабхаробиатон мегарданд, дур бошед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба пул сахт эҳтиёҷ пайдо мекунед, бинобар ин, имрӯз диққати худро пурра ба масъалаҳои молиявӣ равона созед. Ақрабҳои муҷаррад пас аз нисфирӯзӣ бахти худро пайдо карда метавонанд. Нафарони оиладор аз рашк азоб мекашанд. Танқидро ба дил наздик қабул накунед. Эҳтимол ҷароҳат мебардоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз яку якбора ба саратон ҳодисаҳои ногувор меоянд. Душманонатон дубора дар ҳаққи шумо тӯҳмату ғайбат паҳн мекунанд. Давоми рӯз бо нафарони рӯҳан носолим рӯ ба рӯ хоҳед шуд. Кӯшиш кунед, ки аз нигоҳи аввал дарҳол ошиқ нашавед ва нафари ба дилатон наздикро нағзакак омӯзед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон амалӣ намешаванд. Хусусан, дар масъалаҳои молиявӣ маблағи дилхоҳро ба даст оварда наметавонед. Аз дарди рӯдаву меъда азият мекашед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона шумо бояд ҳамоне бошед, ки дар аввал будед. Ба асабоният роҳ надиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ҳушу хаёлатон ба шахси дӯстдоштаатон банд мешавад. Барои ба сартарошхона рафтану сару либоси нав харидан рӯзи хуб аст. Мушкилиҳои молиявӣ, корӣ ва оилавӣ ҳалли худро меёбанд, ба шарте ки рӯҳафтода нашавед. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна саломатиатон бад мешавад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба коре, ки баъдан пушаймон мешавед, даст назанед. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, беҳтараш ба сафари роҳи дур набароед. Дар муносибатҳои ошиқона нақшаҳоятон барор мегиранд, вале аз ҳад зиёд зудбовар нашавед. Нафарони бемор ҳангоми хӯрдани доруҳояшон боэҳтиёт бошанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД