Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2990

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳила ба кор намераванд. Яке аз пайвандонатон бемор мешавад. Мушкилӣ ва ташвишатон хеле меафзояд. Дар хона меҳмонро интизор шавед. Барои баргузор намудани маъракаи ақди никоҳ ё тӯй рӯзи хуб аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Баъзе ӯҳдадориву вазифаҳои муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз ӯҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз баъзе нақшаҳо даст кашидан лозим ояд, рӯҳафтодаву ғамгин нашавед. Рӯз дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон ато менамояд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Дар давоми рӯз ҳуҷҷати муҳими молиявӣ ё шартномаро ба имзо мерасонед. Аксарият даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯистифода қарор гирифтан шуморо асабӣ мегардонад. Занги телефониеро интизор мешавед ва аз хабаре, ки дербоз интизораш будед, қаноатманд мегардед. Бонувони мучали саратон бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд.  

Асад (23 июл-22 август)

Аз шунидани хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон рух медиҳад, ғамгин мегардед. Агар садди роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Ҳодисаҳои чанд сол пеш аз сар гузаронидаатон бори дигар сабаби ғамгинӣ ва ашк рехтани шумо мегардад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин гуна ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафареро, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро тартиб диҳед. Бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро пайдо намоед. Муносибатҳои оилавии шумо мӯътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз ҳузури нафарони хушчақчақ нерӯ мегиред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти насия гирифтанро дошта бошед, рӯзи мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ӯҳдадориву вазифаҳои муҳимро пурра ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз ӯҳдааш баромада метавонеду барояш вақту имконият доред. Мардони мучали ҷаддӣ вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳо дилгиру рӯҳафтода мешаванд. Аз робита бо нафароне, ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ӯҳдадориҳои корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегарданд. Хабари тавлидёбии тифлро мешунавед. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, нағзакак санҷидаву оқибаташро андеша намоед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои он ки ба гирдоби ғаму ғусса ғӯтавар нагардед, дар ин рӯз аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Мардони дар мучали ҳут тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД