sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3536

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Аввали рӯз хабарҳои зиёд шунида, дар кори муҳиме муваффақ мегардед. Бо вуҷуди барор нагирифтани коратон, рӯҳафтода нашавед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад. Масъалаҳои муҳимро ба таъхир гузоред. 

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Баъзе саврҳо коре мекунанд, ки баъдан пушаймон мешаванд. Хатоҳои пешинаи худро такрор накунед. Нисбати наздикон ботаҳаммул бошед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар нақшаҳои бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанаш омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ сохта наметавонед. Нимаи дуюми рӯз суҳбатҳои бемаънӣ ва баҳсу мунозира имкон дорад. Баъзе ҷавзоҳо сирру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки барояшон дӯст нест.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк мекунед. Ҳатто нафарони танбал дар ин рӯз хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва изҳори муҳаббат имконпазир аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксаран дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед. Бо дастгирии худ шуморо хурсанд кардан мехоҳанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад гузаронида, имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Баъзе сунбулаҳо имрӯз беҷуръат мешаванд ва бархеи дигар амал кардан намехоҳанд. Таҷрибаи пештар андӯхтаатон фоидабахш мегардад. Ҳодисаҳоеро, ки чанде қабл аз сар гузаронида будед, бори дигар андешаронӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳои сарзадаро бо табъи болида рафъ месозед. Ҳар душворие, ки пеш меояд, бобарор бартараф сохта метавонед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ ва саросемагӣ роҳ надиҳед, хусусан, агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Кунҷкобиатон имкон медиҳад, ки маълумоти даркориро ба даст биёред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз нобарории корҳо рӯҳафтода нашуда, ба пеш ҳаракат кунед. Устуворӣ нишон дода, ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Нимаи дуюми рӯз барои корҳои муҳим созгор аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои наву аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, бо дағалӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегарданд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳал кунед. Ҳар нофаҳмие, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дошта бошед, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагиву ранҷиш зиёд мешавад. Наздикон ба меҳрубониятон ниёз доранд, вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ намоед. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Аввали рӯз серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонагон равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Даромади пулӣ дар назар нест, сарфакор бошед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз субҳ худро ба даст гиред ва ба эҳсосот дода нашавед, он гоҳ рӯзи бобарор мешавад. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз ӯҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Нимаи дуюми рӯз хабарҳои хуш мешунавед. Ҳурмату эҳтироматонро атрофиён қадр мекунанд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД