formula
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2023
2445

Ҳамал

Дар касбу кор тағйиротҳои назаррас имкон дорад. Ба ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, муваффақ мегардед, вале қувваву имкониятҳои худро ба инобат гирифта амал кунед. Аз вазъи саломатии наздикони худ бохабар бошед. Бегоҳирӯзӣ ба меҳмонӣ рафтанатон хуб аст, вале ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Савр

Мушкилиҳои оилавӣ ё муноқиша бо наздиконатон имкон дорад. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро нишон дода, ба вазъият мутобиқ гашта метавонед. Барои харид кардану таъмири хона рӯзи мусоид аст. Яке аз ҳамкорон шуморо чашми дидан надорад ва дар фикри зарар расонидан аст. Ҳушёрӣ пеша намуда, аз қасди бад халосӣ меёбед.

Ҷавзо

Мушкилоти ба наздикӣ пайдошуда шуморо ба ташвиш меорад. Асабӣ нашавед, шумо ин давраи душворро паси сар намуда, аз муноқиша бо дӯстон гурехта, монеаҳои дигарро низ убур менамоед. Барор ҳамсафаратон гашта, нақшаҳоятон тағйир меёбад. Аз сарфи пули зиёд худдорӣ намоед. Қарз гирифтану қарз додан маслиҳат дода намешавад.

Саратон

Дар ин рӯз аз монеаҳое, ки душманону рақибонатон дар роҳи шумо мегузоранд, сарбаландона мегузаред. Барои ин амали нохуб бо касе муносибати худро бад накунеду чизеро исбот низ накунед. Баъди нисфирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона ва заношавҳарӣ нофаҳмиҳо имкон доранд.

Асад

Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ рӯзи мусоид аст. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, барор ҳамсафаратон мегардад. Қувваву имконияти худро ба инобат гирифта, аз андоза зиёд кӯшиш накунед. Аз кӯмаки дӯстону наздикон рӯ нагардонед, аксари мушкилатон ҳал мегардад. Вохӯрии ногаҳонӣ ё хабаре вазъиятро ба куллӣ тағйир медиҳад.

Сунбула

Мушкилиҳои ҳаётатон ба охир мерасанд. Бо ободонии хонаву дар машғул шавед. Агар ин давраи душвори умрро бе ҷангу муноқиша бо дӯстон паси сар кунеду аз дигар монеаҳо гузашта тавонед, муваффақият насибатон мегардад. Сунбулаҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд.

Мизон

Ба гардишҳои ногаҳонии қисмат омода бошед. Хеле боэҳтиёт шуда, ба корҳои хатарнок, хариду фурӯш даст назанед, вале пешниҳоди тиҷоратро рад накунед. Маблағи пулие, ки ба даст меоред, натиҷаи заҳматҳои чанд моҳи ахиратон аст. Ҳаёти шахсӣ аз шумо эҳтиёткориву бодиққатиро металабад.

 

Ақраб

Қабл аз он ки ба коре даст мезанед, ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашед. Агар дар масъалае дудила шавед, аз наздикон маслиҳат пурсед. Ба нафарони калонсол бо машқҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шуданро тавсия медиҳем. Ба мулоқоти ошиқона рафтанро дар ин рӯз маслиҳат намедиҳем.

Қавс

Аз ҷашну чорабиниҳое, ки ба касбу кори шумо таъсири мусбӣ мерасонанд, қафо намонед. Рӯзи хубест барои сафару саёҳат ва бастани ақди никоҳ . Нақшаҳоятон тағйир ёфта, ниятҳои ниҳониятон амалӣ мегарданд. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад.

Ҷаддӣ

Дар зиндагӣ такягоҳи боэътимод надоштан боиси хира гаштани табъатон мегардад. Шуғлеро пайдо намоед, ки фикрҳои мағшушро аз шумо дур бурда тавонад. Ба саломатии худ, хусусан ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед. Дар хоб дидани алаф, шохчаҳои печида ва калобаи ришта аз пеш омадани душворӣ ва монеаҳо дар роҳатон дарак медиҳад.

Далв

Дар ин рӯз нерӯи худро барои ба касе чизеро исбот намудан сарф накунед. Ҳақ будани худро на бо гап, балки бо амал собит созед. Аксарияти далвҳо кори зиёдеро иҷро мекунанд, ки на қаноатмандӣ меорад, на шодмонӣ. Муносибати худро бо нафароне, ки кӯмакашон лозим мегардад, хубтар ба роҳ монед.

Ҳут

Беҷуръатии шумо садди роҳи баромадан аз вазъияти рухдода мегардад. Аз дидани монеаҳо наҳаросед. Барои муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Ҳутҳои муҷаррад бахти худро пайдо мекунанд. Аз бемор шудан худро эҳтиёт кунед, вагарна табобати беморие, ки дар ин рӯз сар мезанад, тӯл мекашад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД