Sebiston new 2024 october
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2861

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз барои ба даст овардани маблағи хуб кӯшиши зиёд карданатон лозим меояд. Барои рафъи монеаҳо бояд бодиққат бояд бошед. Айни замон саломатиятон нохуб мегардад. Аз рӯи фармудаҳои табибон амал кунеду аз одатҳои бад даст кашед. Дӯстдоштаатон сирреро аз шумо пинҳон кардан мехоҳад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Агар аз ӯҳдаи коре баромада натавонед, бори дигар аз паяш шавед. Имкони хуби дар чанд ҷода муваффақ шудану маблағи хуб ба даст оварданатон вуҷуд дорад. Таърифу тавсифи наздикон ва ҳамкорон шуморо пару бол мебахшад. Барои рафъ намудани асабоният ба корҳои ҷисмонӣ машғул шавед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Муносибататон бо атрофиён дар ин рӯз хуб ҷараён мегирад. Дар масъалаҳои молиявӣ нафаре дастгирӣ мекунад, ки ҳеҷ интизор набудед. Ҷисману рӯҳан худро хуб эҳсос мекунед. Ба нафаре дасти кӯмак дароз карда, болидарӯҳ мегардед. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Корҳои ҷиддиву маъракаҳоро ба нақша гирифта метавонед, дар ин рӯз аз ӯҳдаи ин корҳо ба хубӣ мебароед. Агар вазъи молиявиатон хуб бошад, ба мулоқоти ошиқона рафта, дилхушиву истироҳат кунед. Бо шарофати табъи хуш ва болидарӯҳӣ саломатиятон низ рӯ ба беҳбудӣ меорад.  

Асад (23 июл-22 август)

Ҳар кореро, ки дар ин рӯз оғоз мекунед, бобарор анҷом ёфта, ба пешравиҳоятон мусоидат мекунад. Бо нафарони воломақом баҳс карданро тавсия намедиҳем. Ба маслиҳати дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед, дӯстро аз душман фарқ кунед. Асабро эҳтиёт кунед, вагарна нотоб шуданатон мумкин аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ягон тағйироти ҷиддиву манфӣ дида намешавад. Бо корҳои нав машғул шуда, қарзҳои куҳнаро бармегардонед. Рӯзи хубест барои шиносоиҳои нав ва мулоқоти ошиқона. Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед. Дар ин рӯз бо мошин ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Айни замон муноқиша карданро маслиҳат намедиҳем, хусусан, бо нафаре, ки дӯсташ медоред, дилранҷонӣ накунед. Дар ин рӯз қаҳру ғазабатон чунон зиёд мегардад, ки ба ҳарфи касе гӯш додан намехоҳед. Дар дигар ҷодаҳои зиндагӣ шуморо комёбӣ интизор аст, зеро кисаҳоятон пури пул аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бо баҳсу мунозира, рафъ намудани мушкилиҳои баҳсталаб ва оштишавӣ машғул нашавед. Агар бо шахсе шинос шавед, ки бо як дидан дилатонро ба ларза оварад, ӯ дар зиндагиятон нақши муҳимро мебозад. Аз мушкилиҳои молиявии ба саратон омада ноумед нашавед, гузаштаро фаромӯш кунед.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ҳангоми робита бо шиносҳои нав хеле эҳтиёткор бошед. Таваҷҷуҳи нафарони бадкирдорро ба худ кашиданатон имконпазир аст. Қабл аз он ки дар назди бегонагон дарди дил мекунед, нағзакак андеша намоед. Бо шахси дӯстдошта баҳсу мунозира накунед. Яке аз наздикон аз шумо кӯмак мепурсад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳар сухане, ки ба забон меоред, сад бор андеша карда, баъдан гӯед. Нохушиҳои зиёде, ки бо шумо рух медиҳанд, маҳз бо сабаби гуфтори беандешаатон ба амал меоянд. Ба ҳар кори майда-чӯйда диққат дода, асаби худро вайрон накунед. Нафароне, ки аллакай кисаҳояшон холӣ шудаанд, каме пул ба даст оварда метавонанд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ҳодисаи ногувор рух намедиҳад. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем. Барои васеъ сохтани сатҳи ҷаҳонбиниятон рӯзи мусоид аст, хусусан, агар шумо ҳамроҳи шахси дӯстдоштаатон бошед. Хабари дар ин рӯз шунидаатонро овоза накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои молиявӣ аз ҳад зиёд фаъолнокӣ нишон надиҳед. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, нағзакак фикр карда, шитоб накунед. Рафту муҷаррад бошед, аз маъракаҳои дилхушкунанда дурӣ наҷӯед. Имрӯз шуморо вохӯриҳои тақдирсоз интизоранд. Рӯзи хубест барои ташхис ва табобати бемориҳо.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД