Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи хатарнок аст. Эҳтимоли сар задани душвориҳо бо қонун, шунидани хабари нохуш, мушкилот дар оила ва ҳодисаҳои ногувор дар назар аст. Ба ҳавову ҳавас дода нашавед, дар роҳҳои сермошин боэҳтиёт бошед. Дар масъалаҳои тиҷоратӣ ба рақибони худ имкони пешсаф шуданро надиҳед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ҳангоми расидан ба мақсад бо рақобати шадид дучор мегардед. Ба дӯстони худ муроҷиат намуда, вазъиятро рафъ карда метавонед. Кӯшиш намоед, ки гапҳоятон аз амалатон фарқ накунанд, вагарна душманон низ айнан чунин рафтор мекунанд. Дар ҷодаи муҳаббат изҳори муҳаббат имкон дорад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Нерӯятон мунтазам паст шуда, эҳтимол, тамоми амалҳоятон бар зидди худатон мепечад. Тамоми меҳру муҳаббати худро ба нафаре, ки дӯсташ медоред, иброз намоед, вагарна худдориятонро нишонаи дилсардӣ мешуморад. Агар ҷудо шудан нахоҳед, ба ягон қарори ҷиддӣ омаданро низ маслиҳат намедиҳем.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз робитаро бо дӯстони наздик беҳтар намуда, ба нафароне, ки аз шумо мегурезанд, таваҷҷуҳ накунед. Агар шумо муҷаррад бошед, имкони пайдо намудани бахти худро доред. Рӯзи хубест барои шинохтани дӯсту душман. Бо вуҷуди хуб будани саломатӣ, дар ҳавои офтобӣ гаштанро тавсия намедиҳем.
Асад (23 июл-22 август)
Рӯзи ором аст. Ягон мушкилоти ҷиддӣ дида намешавад. Дар ҳама кор бояд боандеша бошед. Хусусан, дар муносибатҳои оилавӣ ба рафтору кирдори беақлона даст назанед. Тағйиротҳои дар касбу коратон рухдодаро бояд таҳти назорат гиред. Дар сурати аз мадди назар дур сохтани камбудиҳо аз ғалатҳои калон халосӣ намеёбед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар касбу коратон пешравиҳо дида мешавад. Пешравии шумо ҳатто роҳбариятро ба ҳайрат меорад. Барои истироҳат рӯзи хуб аст, аз ин рӯ, фурсатро аз даст надиҳед. Дар ҳаёти оилавӣ нофаҳмӣ дида намешавад, лаҳзаҳои хушу хотирмон табъатонро болида мегардонанд. Ба маслиҳати дӯстон гӯш дода, бурд мекунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз бо осонӣ он чизеро ба даст меоред, ки қаблан бароятон дастнорас буд. Эҳтимол, кӯмаки начандон зиёди молиявиро аз волидони худ мегиред. Аз нафари хайрхоҳе низ туҳфаи қимматбаҳо мегиред. Нисбати камбудиҳое, ки дар ҳаёти шахсиатон пайдо мешаванд, бепарво набошед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба саломатии худ диққат диҳед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ роҳ надиҳед, зеро нерӯятон кофӣ нест. Дар муносибат бо аҳли оила меҳрубону ғамхор бошед. Ба хешовандони пиронсоли худ гузашт кунед, хусусан, дар масъалаҳои мерос ва таъмири хона бо эшон баҳс накунед. Ақрабҳои муҷаррад ошиқ мешаванд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз агар дар касбу коратон мушкилӣ сар занад, ба дастгирии дӯстон умед баста метавонед. Дар ҷойи кор баҳс накунед, вагарна аз роҳбарият гап мешунавед. Рӯзи хубест барои сайру саёҳати кайҳо банақшагирифта. Баъди нисфирӯзӣ табъи болида боиси беҳтар гаштани вазъи саломатиатон мегардад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Даромади пулиро аз ҷое, ки имкони ба даст оварданаш вуҷуд надорад, ёфта наметавонед. Бештар ба худ ва қувваи худ умед бандед, вагарна вазъият душвортар мегардад. Дар ҳаёти оилавӣ ҷаддиҳо мушкилоти рӯзгорашонро бояд бо ҳамсафари ҳаётӣ рафъ намоянд. Баъди нисфирӯзӣ хабари аҷиб мешунавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Шумо бояд ҷонибдорони худро дошта бошед, то дар ҳалли корҳоятон кӯмак кунанд. Сафари хотирмон ё шиносоии ногаҳонӣ дергоҳ дар хотиратон нақш баста, табъатонро болида мегардонад. Дар ҳама ҳолат барои истироҳату фароғат вақт пайдо кунед. Хароҷоти худро дар ин рӯз таҳти назорат бигиред.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи хубест барои корҳои сарҷамъона ва истироҳат дар ҳавои тоза. Хабари ногаҳонӣ кулли нақшаҳоятонро тағйир медиҳад. Сабру таҳаммулро пеша намуда, яке аз мушкилиҳои оилавии худро рафъ месозед. Ба саломатии худ диққат диҳед. Ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ё хатарнок машғул нашавед.