Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз барои фикрҳои ноҷо вақт пайдо намекунед. Ба гузашта салавот гӯед ва ба пеш ҳаракат кунед, он гоҳ корҳоятон барор мегиранд. Мушкилии асосии имрӯзаи шумо бӯҳрони молиявӣ аст. Аксари ҳамалҳо қарзи худро баргардонида, боз қарз мегиранд. Аз хариди зиёд худдорӣ намоед.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз ба таваккал роҳ надиҳед. Ба атрофи худ бодиққат назар кунед ва нафаронеро аз сафи дӯстонатон берун кунед, ки аз онҳо хубиро интизор шудан мумкин нест. Хабари ногувор шуморо ғамгин карда метавонад. Камбудиҳои худро ба эътибор гирифтанро омӯзед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз бо нафаре, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед. Бо вуҷуди он ки атрофиён бо шумо муносибати хуб доранд, аз ҳад зиёд сода нашавед. Имрӯз ба нафаре аз нигоҳи аввал ошиқ мешавед ва ин муҳаббати асил аст. Агар хоҳед, ки муносибататон бо ҳамкорон вайрон нашавад, ботаҳаммул бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз қабл аз он ки ба мағоза ё бозор равед, чизҳои заруриро рӯйхат карда, бо аҳли оила маслиҳат намоед. Пули зиёд сарф накарда, беҳтараш муносибататонро бо атрофиён хуб ба роҳ монед. Нафаре кӯшиш мекунад, ки миёни шумову дӯстдоштаатон моҷаро барангезад. Ба садои дили худ гӯш диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз зудбовар набошед ва одамгурезӣ ҳам накунед, вагарна дучори мушкилиҳо дар ҷои кор ва муҳити оила мегардед. Баъди нисфирӯзӣ асабӣ мешавед ва таъбатон хира мегардад. Коре карда, ин ҳисси манфиро аз худ дур кунед, вагарна нафареро дар сари қаҳру ғазаб хафа мекунед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Дар ин рӯз ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Имкониятҳои нави пулкоркуниро ҷустуҷӯ кунед. Бо нафароне, ки бароятон азизанд, муноқиша накунед. Ба дарду ғами атрофиён шарик буданатон хислати хуб аст. Нофаҳмиҳое, ки миёни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудаанд, муваққатианд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои мизонҳо рӯзи серташвиш аст. Агар дар касбу коратон тағйирот ворид карданӣ бошед, ба таъхир нагузоред. Вохӯрӣ бо дӯстон асабҳои шуморо ором ва таъбатонро болида мегардонад. Агар хоҳед, ки вазъи саломатиатон бад нашавад, аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз бонувонро вохӯриҳои аҷибу хотирмон дар назар аст. Ба нафаре дил баста, бо он нафар ҳамкорӣ мекунед. Мардҳо бояд аз пайи рафъи мушкилиҳои оилавӣ ва шахсӣ бишаванд. То даме, ки барои ҳамсари худ тамоми шароитро муҳайё карда наметавонед, аз ӯ талаби бисёр накунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Барои баҳсу мунозира ва ҷангу ҷанҷол рӯзи мусоид нест. Аз бало ҳазар гуфта, худро канор гиред. Бо кӯмаки ҳамкорон вазъи молиявиатон имрӯз хуб мешавад. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, бодиққат бошед. Агар мехоҳед, ки комёб бошед, пас оромӣ ва сабру таҳаммулро пеша намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ҳаётатон имрӯз ягон тағйироти ҷиддӣ рух намедиҳад. Аз ӯҳдаи корҳои нав баромада, қарҳзои кӯҳнаатонро бармегардонед. Дар ҳолатҳои даркорӣ ба маслиҳати дӯстон гӯш диҳед. Агар хоҳед, ки ба доми фиреби ҳаннотон наафтед, тариқи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо касе шинос нашавед.
Далв (21 январ-18 феврал)
Аз ҳама ҷиҳат рӯзи бобарор аст. Ҳамагуна нақшаву ниятҳоятон давомнок гашта, барои пешравӣ дар касбу кор таҳдевори хуб мегарданд. Барои харид кардан саросема нашавед, зеро чизҳои нолозим мехареду пулҳоятон ба боди фано мераванд. Хобҳои дидаатон амалӣ шуда, шуморо хурсанд мекунанд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз бо шумо баҳс кардан фоида надорад, зеро якравӣ карда, ҳатто дар масъалае, ки дар борааш чизе намедонед, андешаи худро гузаронидан мехоҳед. Бо ин сабаб муноқиша рух доданаш мумкин аст. Тамоми рӯз асабӣ бошед ҳам, ба ҷангу ҷанҷол роҳ надиҳед. Барои ошиқон рӯзи хуб аст.