arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 1-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
2977

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ рӯзи созгор нест, вале сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад. Одати ба маслиҳатҳои судманд гӯш надоданатон дар ин рӯз ба худатон зарар меорад. Хароҷоти худро кам карда, аз пайи ҷамъ кардани пул шавед. Шомро дар иҳотаи хонавода ва наздикон гузаронед.

Савр (21 апрел-20 май)

Агар одати қиморбозиву таваккал карданро дошта бошед, дар ин рӯз тарки одат намоед, вагарна вазъи молиявиатон хароб мегардад. Беҳтараш вақти худро бо дӯстдоштаатон гузаронеду нағзакак истироҳат намоед. Бонувон бояд ба нишонаҳои бемориҳои сарзада беэътиноӣ накунанд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Ботаҳаммул бошеду ба васваса дода нашавед. Кор қуввати зиёдатонро мегирад. Қабл аз хоб оббозӣ кардан ба саломатиатон фоида дорад. Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмиву дилсардӣ зиёд бошад, беҳтараш аз баҳри чунин ишқу муҳаббат гузаред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст, даъвою танқид ва ҳатто дағалӣ мебинед. Дар ҳама ҳолат худро ба даст гиреду ботаҳаммул бошед. Қарибии бегоҳ ба корти бонкиатон пул мегузарад. Бонувон бояд аз шиносоии нав худдорӣ намоянд. Хафагиву ранҷиш табъатонро хира месозад. Кӯшиш намоед, ки худро ба даст гирифта тавонед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз муваффақияти шумо аз дастгирии ҳамкоронатон вобастагӣ дорад. Баъди нисфирӯзӣ муҳаббату шодмонӣ меҳмони кошонаи шумо мегардаду табъи нохуш таркатон месозад. Рашки беҳуда накунед, вагарна бо ошиқатон моҷаро мекунед. Ба ҷои рашк дӯстдорӣ кунед, ба фоидаи шумост.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Давраи санҷиш ҳанӯз ба охир нарасидааст. Баъзе ғалату камбудиҳо боиси он мегарданд, ки нисбат ба кору наздиконатон бодиққат бошед. Рӯзи хубест барои ишқварзӣ. Дар баробари кори зиёд истироҳат карданро фаромӯш накунед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои нохуш, садама ва бемориҳо имкон доранд. Агар мошин дошта бошед, дар роҳ эҳтиёт шавед. Бо хешовандон мушкилӣ имкон дорад. Танҳо аз шумо вобастагӣ дорад, ки минбаъд ҳамроҳи дӯстдоштаатон мемонед ё ҷудо мешавед. Бо ишқварзӣ машғул нашаведу арақ нанӯшед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ба саломатиатон хатар таҳдид мекунад. Андак фориғболӣ ё кори вазнин сабаби асабхаробӣ ё бемории дигар гашта метавонад. Дар ин рӯз қарзҳои аз дӯстонатон гирифтаро баргардонед. Ҳар қадаре нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошед, ҳамон андоза муҳаббат мебинед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Подоши кӯшишу ғайрататонро ҳатман мебинед. Ғалатҳоятон оқибати нохуш ба бор меоранд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад ва ин хуб ҳам ҳаст, зеро ҳушатонро ба корҳои ҷиддӣ равона месозед. Дар оянда ҳаёти шахсии худро пинҳон доред. Дар ин рӯз қарз гирифтан хуб нест.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз кинаву адоватро аз дил дур намуда, аз гуноҳҳои кардаи худ тавба кунед. Агар имкон дошта бошед, каме маблағи худро хайр намоед. Аз ҷиҳати психологӣ рӯзи душвор аст, дар ин рӯз аз асабонияту дағалӣ ва дилранҷонӣ худдорӣ намоед. Хусусан, дӯстдоштаи худро хафа накунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар давоми рӯз вазъи саломатиатон нохуб шуда метавонад. Хастагӣ, дарди сар, камқувватиро ҳис мекунед. Аз кори вазнин худдорӣ намоед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ диққат диҳед. Ишқварзию нӯшидани машрубот ба саломатиятон зарар мерасонад. Маблағи худро бояд сарфа намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои саломатӣ рӯзи хатарнок аст. Аз дарди сару беқувватӣ азият мекашед. Бар замми ин, маблағи калонро аз даст дода метавонед. Дар бораи ошиқатон хабаре мешунавед, ки яку якбора дилмонда мегардед. Ба маслиҳати ягон кас дар ин рӯз гӯш надиҳед. Сафари роҳи дурро ба таъхир гузоред.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД