Ҳамал (21 март-20 апрел)
Агар дар ин рӯз сафари роҳи дурро ба нақша гирифта бошед, он бароятон тақдирсоз мегардад. Нафаре, ки шуморо дӯст медорад, аз ғаму ташвишҳо раҳоятон мебахшад. Ба маслиҳатҳои ӯ гӯш андохта, дар ниҳояти кор бурд мекунед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед, ки рӯҳатонро болида месозад.
Савр (21 апрел-20 май)
Дар ин рӯз бо касе шинос нашавед. Баъзе шиносҳои наватон тамоми умр ба шумо дарди сару бори зиёдатӣ мешаванд. Рӯзи хубест барои сафари дарозмуддат ва ба хонаи нав кӯчидану таъмир кардан. Эҳтимол, ба дағаливу нофаҳмӣ дучор мегардед. Ҷанҷоли хурд ба муноқишаи калон мепечад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Дар ин рӯз ба ҳар як кори майда-чӯйда диққат доданатон лозим меояд. Айни замон ҳамёнатон холӣ гаштааст, зудтар аз пайи пайдо намудани даромади иловагии пулӣ шавед. Эҳтимоли фиреб хӯрдану ба туҳмат печиданатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд, омода бошед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти шахсиятон давраи душвор фаро мерасад. Муносибати дӯстдоштаатон сарду бепарвоӣ зоҳир намуда, ба шумо, ки зотан шахси зиндадил ҳастед, сахт алам мекунад. Барои беҳбудии саломатӣ витамин истеъмол карда, аз рӯи реҷа хӯрок хӯред. Дар масъалаҳои молиявӣ бо зеҳни тезатон бурд мекунед.
Асад (23 июл-22 август)
Бо хешовандон каме низоъ мекунед. Шумо ҷангу ҷанҷолро дӯст намедоред, аз ин рӯ, ҳама чизро мустақилона рафъ намоед. Дар ин рӯз қарз гирифтану қарз додан хуб нест. Муносибати ошиқонае, ки дар ин рӯз пайдо мешавад, бароятон дилхунукӣ меорад. Аз гум кардани чизи қиматбаҳоятон эҳтиёт шавед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Яку якбора шахсеро, ки дӯст медоштед, аз қалби худ берун месозед. Ба саросемагӣ роҳ надиҳед, ҳама чизро нағзакак андеша намоед. Нафаре, ки дар зиндагии шумо пайдо шудааст, бароятон хеле муҳим аст. Дар ин рӯз мушкилиҳоеро рафъ месозед, ки қаблан ба назар ҳалнашавандаву душвор менамуданд.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ҷое, ки фаъол будану ташаббус нишон доданатон лозим нест, хомӯшона амал намоед. Бештар ба амри дил гӯш андозед, хусусан, ҳангоми шиносоии ошиқона. Мизонҳои оиладор ҳам қаҳрӣ мешаванду ҳам оштӣ. Беҳуда нагуфтаанд, ки ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар хандидааст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Рӯзи вазнин аст. Эҳтимоли бемор шуданатон вуҷуд дорад. Аз сафарҳои корӣ худдорӣ намоед, хатари рух додани садама ё аз даст додани маблағи калон вуҷуд дорад. Мушкилиро дар ҷое, ки вуҷуд надорад, ҷӯё нашавед. Ақрабҳои муҷарраде, ки дар ҷустуҷӯи бахти худ қарор доранд, бояд хеле бодиққат бошанд.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Меҳнати тӯлонӣ барор оварда, маблағи хуб ба даст меоред. Пешниҳодҳои хуби кориро аз даст надиҳед. Бо сабаби сар задани мушкилиҳои хурди муваққатӣ ҷойи коратонро иваз накунед. Рӯзҳои наздик ҳамааш хуб мешавад. Некандешӣ ва истодагарии шумо ҳатто душманонро дар ҳайрат мегузорад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи номусоид аст, ба тӯҳмат гирифтор шуданатон имкон дорад. Бо сабаби сабукандешӣ пули зиёдро аз даст медиҳед ё дар касбу коратон нобарорӣ дида мешавад. Душманон дар роҳатон монеаҳо мегузоранд. Ҷаддиҳои муҷарраде, ки имрӯз пешниҳоди издивоҷ мекунанд, дигар аз фикрашон гашта наметавонанд.
Далв (21 январ-18 феврал)
Дар ин рӯз эҳтимоли аз даст додани маблағ ва дар касбу коратон нобарорӣ имкон дорад. Заҳмати зиёду давомнок ва эҳтиёткорӣ дар гуфтор шуморо аз нохушиҳо эмин медоранд. Баъди нисфирӯзӣ ба фиребу иғво дода нашавед. Инчунин, аз обҳои лойолуд ва утоқҳои торик дурӣ ҷӯед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Рӯзи номусоид аст. Нохуб шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Мардҳо аз дарди сар ва зонувон азият кашида, бемориҳои куҳна хурӯҷ мекунанд. Ҳангоми харид бодиққат бошед, маблағи калон сарф карданатон имкон дорад. Муносибатро бо наздикон ба низом дароред, хусусан, агар вақтҳои охир муноқиша мекарда бошед.