arzon replenishment
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». FORMULA55 ду варзишгари маъруфи кишварро дастгирӣ кард
09.04.2024
Оила.ТҶ
593

 

FORMULA55 дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» футзалбози маъруф - қаҳрамони бисёркаратаи ҷумҳурӣ ва барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон Дилшод Саломов ва барандаи медали биринҷии 19-умин Бозиҳои осиёӣ - Ханчжоу оид ба кураш Хайрандеши Муродзодаро дастгирӣ намуд.

Дар Қасри теннис ва варзиши обии @sportcomplex_dushanbe нишасти матбуотӣ бо иштироки роҳбарияти Нахустин Ширкати миллии букмекерӣ FORMULA55, варзишгарон Дилшод Саломов, Хайрандеш Муродзода ва намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Дилшод Саломов ва Хайрандеши Муродзода аз омодагӣ ба мусобиқоти дарпешистода сухан ронда, доир ба нақшаҳои минбаъда андешаҳои худро баён доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати FORMULA55 дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон, ба пеш!» ҳар моҳ варзишгаронро ҳавасманд гардонида, онҳоро барои пирӯзӣ ва расидан ба ҳадафҳояшон рӯҳбаланд ва ҳавасманд мегардонад.

Ширкати FORMULA55 дар тамоми фаъолияти худ мунтазам чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, инчунин варзишгаронро дар саросари кишвар фаъолона дастгирӣ мекунад ва дар оянда ният дорад, ки ин ташаббусро идома диҳад.

FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД