Анастасия Рашидова, модели 24-солаи рус эълон карда, ки аз ҳамсараш Тимур Юнусов, рэпсарои 37-солаи рус, ки бо тахаллуси саҳнавии Тиматӣ машҳур аст, ҷудо шудааст.
Дар ин бора Рашидова дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст. “Дар зиндагии мо бисёр чизҳо дар паси парда буданд, вале мо интизор набудем, ки рӯзе онҳоро нишон медиҳем. Ба ҳамин хотир, аз шумо хоҳиш мекунам, ки маро бо гузаштаам ба ҳоли худ гузоред”,-навиштааст ӯ. Гуфта мешавад, ки Рашидова ва Тиматӣ баъди ҷудо шудан ҳам, фарзанди худро якҷоя тарбия мекунанд.
Анастасия мегӯяд, ҳеҷ фикр намекард, ки рӯзе аз падари фарзандаш ҷудо мешавад. “Шояд шумо фикр кунед, ки баъди таваллуд шудани фарзанд ҷудо шудани волидон хеле худхоҳона аст. Ҷудошавии падару модари ман ҳам хеле тӯл кашида буд. Ҳама чиз дар пеши чашмони ман рӯй дода, ба ҳолати рӯҳии кӯдаконаам таъсир гузошта буд”.
Ҷуфти ҳунарманд аз соли 2015 инҷониб зиндагии муштарак доштанд ва 11-уми сентябри имсол аз ҷудоии худ хабар доданд. Сабаби асосии ҷудоии онҳо номаълум боқӣ мондааст. Ёдовар мешавем, ки Рашидова ва Тиматӣ бо исми Ратмир писаре доранд, ки соли гузашта ба дунё омада буд.