Gazprom july 2025
Телефонбемор. Аз хирашавии чашм то синдроми BlackBerry
23.08.2025
Oila.tj
63

Ҳаёти муосирро бидуни телефони мобилӣ тасаввур карда намешавад. Албатта, ин дастоварди техника ҳаёти моро ба маротиб осон гардонда, имрӯзҳо дилхоҳ маълумотро дар байни чанд сония аз интернет пайдо карда метавонем, тариқи телефон аз ҳолу аҳволи аҳли оила ва дӯстони наздиконамон бохабар шуда меистем, вале дар баробари ҷиҳатҳои хуб, телефони мобилӣ тарафҳои манфӣ низ дорад.

Олимон исбот намудаанд, ки як қатор бемориҳо маҳз бо сабаби истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ ва гадҷетҳо сар мезананд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 7 беморие маълумот медиҳем, ки аз телефони мобилӣ сарчашма мегиранд.

Хирашавии чашмон

Истифодаи зиёди телефони мобилӣ пеш аз ҳама ба узви босираи инсон – биноӣ зиён дорад. Гап дар сари он аст, ки экрани телефони мобилӣ - дисплей ба торҳои асаб, ки барои биноӣ ҷавобгар мебошанд, фишор меорад. Аз ҳамин сабаб шахсоне, ки бидуни телефони мобилӣ ҳаёташонро тасаввур карда наметавонанд ва соатҳои дароз чашм ба экрани телефон медӯзанд, дар муддати кӯтоҳ чашмашон хира гашта, биноии худро аз даст медиҳанд. Табибон мегӯянд, махсусан дар дохили нақлиёт муддати тӯлонӣ китобҳои электронӣ ё хабарҳоро мутолиа намудан зараровар аст, зеро дар натиҷаи ҳаракати мошин экран тез-тез ларзида, тасвир гоҳ хираю гоҳ равшан шудан мегирад. Агар шумо чунин одат дошта бошед, хабарҳоро бо ҳуруфи калонтар хонед, то ки таъсири манфиаш камтар гардад.

Паст шудани шунавоӣ

Узви дигаре, ки аз телефони мобилӣ бештар осеб мебинад, шунавоӣ мебошад. Олимон мегӯянд, зиёд мусиқӣ гӯш кардан тариқи телефони мобилӣ қобилияти шунавоии инсонро паст намуда, метавонад гӯши касро кар созад. Гӯшмонак (наушник) низ монеъи таъсири манфии телефони мобилӣ ба узви шунавоӣ гашта наметавонад, баръакс тавре табибон мегӯянд, истифодаи наушникҳои вакуми дар муддати кӯтоҳ шунавоии гӯшро паст намуда, то ба каршавӣ бурда мерасонад.

Дарди сар

Аксари дӯстдорони телефони мобилӣ тез- тез аз дарди сар шикоят мекунанд. Олимон исбот кардаанд, ки дарди сар бар асари шуъои электромагнитӣ, ки аз экрани телефон паҳн мешавад, ба вуҷуд меояд. Табибон таъкид мекунанд, ки ҳаргиз телефони мобилиро дар рафаки назди кати хоб ё зери болишт монда хоб наравед, зеро нурҳои электромагнитии телефон боиси субҳ бо дарди сар аз хоб бедор шудан мегарданд.

Бехобӣ

Бемории дигаре, ки бештар дӯстдорони телефони мобилӣ ба он мубтало мегарданд, бехобӣ мебошад. Як сабаби ба бехобӣ гирифтор гаштани ин тоифа, агар то як поси шаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дӯстонашон чақ-чақ карда нишастан бошад, сабаби дигараш таъсири ногувори нӯрҳои электромагнитӣ ба системаи асаб мебошад. Махсусан телефонро дар зери болишт монда хобидан зарарнок буда, натанҳо ба системаи асаб, балки ба системаи репродуктивии инсон низ таъсири манфӣ мерасонад ва метавонад боиси бенаслӣ гардад.

«Ангушти смартфонӣ” ё синдроми BlackBerry

«Ангушти смартфони” ё синдроми BlackBerry-табибони англис ба дарди ангуштони калон бар асари таъсири телефони мобилӣ чунин ном гузоштаанд. Олимони Британияи Кабир тадқиқот гузаронида, исбот намуданд, ки муддати тӯлонӣ дар телефони мобилӣ матн чидан боиси пайдоиши дард, дилзанӣ, сихзанӣ ва ларзиши ангуштони калони даст мегардад. Шумораи гирифторони синдроми BlackBerry дар Аврупо ва Амрико хеле зиёд аст.

“Кибербеморӣ”

Нишонаҳои аввалини ин бемориро шахсоне, ки барномаи нави iOS-ро истифода мебурданд, эҳсос намудаанд. Қисми зиёди онҳо аз дарди сар, дилбеҳузурӣ ва чарх задани сарашон ҳангоми назорат намудани иконкаҳои босуръат ҳаракаткунанда дар экран ва эффектҳои нави зум шикоят менамуданд. Кибербемориро “бемории баҳрии асри ХХ” низ меноманд, ҳарчанд нишонаҳои аввалини онро ҳанӯз солҳои 90-и асри гузашта пайдо карда буданд. Маҳз ҳамон давра дастгоҳҳои аввалини 3D пайдо шуданд, ки майнаи инсонро водор менамуд фикр кунад, ки ба ҷаҳони виртуалӣ ворид мешавад. Азбаски майна вориди ҷаҳони пурталотуми вертуалӣ мегардад, вале ҷисми инсон беҳаракат аст, дил беҳузур шуда, сар ба чархзанӣ медарояд. Иддае аз одамон ҳангоми бо бозиҳои компютерӣ машғул шудан бо истифодаи 3D-экранҳо (аз ҷумла 3DS аз Nintendo) ба чунин ҳол афтода, аз дарди сар, чархзании сар ва дилбеҳузурӣ шикоят мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД